Нафарест, ки ба зиндагӣ миёни нохубиҳо хубӣ меӌӯяд, дунёро ба чашми дигар менигарад ва ӌӯёи рангҳои зебои зиндагист. Назокату нафосати ҳаётро ошкор сохта, бо панӌаҳои ҳунаррезаш рӯи матоъ хат медавонад. Дунёи ӯ рангин, пур аз шодиву нишот ва хушиву шодмониҳост.
Макнунаи чирадаст тавонист, ки дар муддати кӯтоҳ бо ҳунараш дар қалби мардум маъво ёбад. Ин бонуи олуфтаву отифа, ки ба тарроҳӣ шуғл меварзад, дар баробари офаридани нақшу нигори зебо дар матоъ, қалби саршори муҳаббат дорад ва ҳамеша зебобину зебоофар, зеборафтору зебогуфтор аст.
Ӯ духтари панӌуми хонавода буду умедвориҳои модарро ба хотири тавлиди писар бар бод дод. Баъдан ҳафт хоҳаракон бузург шуданду талош варзиданд, то волидон эҳсоси беписарӣ накунанд. Миёни онҳо Макнуна худро чун писари хонадон масъул медонисту ҳамеша канори падар буд.
Падар 5 духтари бузургашро соҳибкасб намуду кунун навбати Макнуна даррасид. Маҳкам Ниёзов, омӯзгори Донишгоҳи технологии Тоӌикистон, орзу дошт, ки духтараш ба факултаи дизайнерии донишгоҳи мазкур дохил шавад.
Остини чапа
Модараш ҳунарманд буду ба ҳайси попурзан дар фабрикаҳои дӯзандагии «Гулдаста» ва «Суман» фаъолият мебурд. Макнуна аз хурдӣ бо ҳунари модар ошно буду ба қавле дар хунаш ин ҳунар нуҳуфта. Аз овони хурдсолӣ аз чӯб лӯхтак месохту аз матоъҳои ранга ба ӯ куртачаҳо медӯхт, агарчи ҳеӌ гоҳ орзуи дӯзанда шуданро надошт.
Замоне, ки дар синфи 10 – ум мехонд, ҳамсояи нави онҳо бонуи чирадасте буд. Макнуна, ки кӯдаконро бағоят дӯст медошт, соатҳо бо тифли ӯ бозӣ меорост. Аҳёнан ба дарзҳои соҳибхона зеҳн мемонд. Бонуи хушпай майлу рағбати духтаракро ба ҳунар пай бурд ва ӯро ба шогирдӣ ҳидоят намуд.
Аввалин куртаро Макнуна дар 16 - солагӣ дӯхт. Агарчи шинаму зебо буд, вале як остини онро чапа часпонд. Тадриӌан аз нозукиҳои ҳунар баҳравар гардид. Падар низ аз шуғли ӌигарбанди хеш қаноатманд буд. Соли 2005 Макнуна донишӌӯи факултаи технология ва дизайни Донишгоҳи технологии Тоӌикистон гардид.
Рӯзҳое ториктар аз шаб
Падар, ки ягона ноновари хонадон буд, ба бемории қанд печид ва аз як пой маҳрум шуду нури чашмонаш хира гашт. Вале ҳамоно мехост ба донишӌӯён дарс гӯяд. Ҳар субҳ Макнуна падарро то донишгоҳ ҳамроҳӣ мекард. Дар як дасти падар чигас буду дасти дигараш бар китфи духтар бо ранӌ то синфхона мерасид. Духтар зуд – зуд аз ҳоли падар хабар гирифта, барояш чойи гарм меовард. Муддате чанд қиблагоҳ аз пой афтиду бистарӣ гардид.
Бори вазнини зиндагӣ бар дӯши Макнуна афтод, зеро модар дигар парастори падар шуд. Тасмим гирифт, то тарки донишгоҳ намояд ва худ нигоҳубини падарро ба уҳда гирад. Аммо падар қотеона ба азми духтар зид баромад. Ноиби ректори вақти донишгоҳ Нуралӣ Шоев, ки дӯсти наздики падар ва ҳамсояашон буд, рӯзгори вазнини онҳоро дида, Макнунаро дар донишгоҳ ба кор гирифт. Пас аз се моҳи фаъолияташ қиблагоҳ тарки дунё кард. Макнуна миёнро маҳкам барбасту масъулияти падариро ба дӯш гирифт.
Идрорпулӣ ва маошаш барои рӯзгор намерасид. Зиёд меандешид, ки чи гуна бори зиндагӣ бикашад ва ниҳоят ба хулосае омад, ки бо мактабу боғча ва мағозаҳо ҳамкориро ба роҳ монад. Ӯ ҳунари рассомиашро муаррифӣ намуда, дар шишаҳо то поси шаб дар сардиҳо расмҳои ӌашнӣ тасвир мекард ва маблағи ночизе ба даст меовард. Гоҳо заҳмати ӯро намеписандиданд ва аз пардохти маблағ сар мепечиданд.
«Ситораҳои Кремл»
Дар соли сеюми таҳсил ба номи ректори донишгоҳ баҳри иштирок дар озмуни донишгоҳии «Ситораҳои Кремл» (Кремлёвские звёзды) - и Донишгоҳи давлатии технология ва дизайни Федератсияи Россия, ки баъдан сатҳи байналмилалиро касб кард, мактуб ирсол шуд. Дар ин озмун мебоист донишӌӯёне ширкат варзанд, ки аллакай соҳиби коллексияи либосҳои хеш буданд. Макнуна, ки ба шартҳои озмун мувофиқ буд, барои иштирок дар озмун пешбарӣ гардид.
Ба ӌуз аз озмунҳои тарроҳии сатҳи донишгоҳӣ ӯ дар ягон озмуни дигар ширкат накарда буд ва бо ҳаяӌон озими шаҳри Москва шуд. Коллексияи либосҳояш «Гурдофарид» ном дошту ҳамагӣ аз 5 либос иборат. Либосҳо бо хусусияти таърихӣ ва қаҳрамонони замони ӌанг буд. Мутаассифона, аз ширкат ба даври финалӣ маҳрум шуд, вале ҳамоно ноумед нагардид.
Давоми ду сол Макнуна бо устодонаш Зуҳур Ҳабибуллоев, Ӌамшед Ғанизода ва шодравон Рауф Муродов омодагии ӌиддӣ дид. Дар соли охири донишӌӯӣ дубора иштирокчии озмуни мазкур гардид. Ин навбат коллексияи либосҳояшро бо номи «Тумор» пешниҳод намуд. Он беш аз 10 либосро дар бар гирифта, аз дастанӌом то пойафзол бо нақшу нигори миллӣ оро дода шуда, бо попур гулкорӣ гардида буд.
Ӯ ниҳоят ғолиб омада, гувоҳномаи ширкат дар «Ҳафтаи муд» - и шаҳри Лас Вегаси Амрико, дипломи озмун ва 2 ҳазор доллари амрикоӣ ба даст овард. Вале роҳбарияти вақти донишгоҳ иӌозаи рафтан ба Лас Вегасро надоданд. Мукофоти пулиро ба қарзи бонкие, ки соли аввали иштирок дар озмун барои хароӌот гирифта буд, пардохт. Ҳамакнун роҳи ӯ ба дигар озмунҳо кушода шуду иштирокчии чандин озмунҳои бонуфузи тарроҳӣ дар хориӌи мамлакат гардид.
Пешаи омӯзгорӣ
Пас аз хатми донишгоҳ Макнуна фаъолияташро дар Донишгоҳи технологии Тоӌикистон ба сифати омӯзгор идома дод. Ҳамчун ассистент аз фанҳои ранг дар сарулибос ва тарҳрезии бадеии либос дарс мегуфт. Баъди се сол муаллими калони кафедра гардид ва, ҳамчунин, ба ҳайси ёрдамчӣ, коргузор ва ҳуӌӌатнигор фаъолияташро пеш мебурд.
Макнуна акнун дар тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ ва ӌашну маросимҳо барои иштирокчиён либос омода менамуд. Соли 2016 ӯро ба Донишгоҳи давлатии Данғара даъват намуданд. Маркази дӯзандагии «Чаманоро» -ро дар назди донишгоҳ ифтитоҳ намуд ва занону духтарони ноҳияро ба кор ӌалб кард. Онҳо дар зарфи як моҳ 500 адад либос омода намуданд.
Замони ифтитоҳи ин махзани илм Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бонуи ҳунарвар Макнуна Ниёзова хостанд, то фаъолияташро дар донишгоҳи мазкур идома бахшида, ҳунари худро ба бонувони ноҳия омӯзонад. Имрӯзҳо ӯ дар кафедраи дизайн, индустрияи муд ва зебосозии шаҳр аз нозукиҳои тарроҳӣ ба толибилмон дарс мегӯяд. Муаллима то кунун дар маркази дӯзандагии «Чаманоро» зиёда аз 1000 нафар шогирд омода намудааст, ки 12 нафари онҳо аллакай ҳамчун устодони касб дар маркази мазкур ба шогирдон таълим медиҳад.
Макнуна Ниёзова шурӯъ аз соли 2017 ҳамчун мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи иӌтимоии аҳолии мақомоти иӌроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ифои вазифа менамояд. Алҳол дар курси роҳбарикунандаи Академияи хизмати давлатии назди Президенти Ӌумҳурии Тоӌикистон таҳсил намуда, соли ӌорӣ онро хатм хоҳад кард. Дар ин росто, ҳамкории худро бо Донишгоҳи давлатии Данғара низ нагусастааст…
Бунафша РАҲМОНОВА