Душанбе - дурдонае, ки онро таваҷҷуҳи
Пешвои миллат муҷалло кард
Ба ҳайси сокини пойтахти мамлакат аз он хушнудам, ки бо Қарори Ҳукумати Ӌумҳурии Тоӌикистон аз 28 апрели соли 2017 Нақшаи нави генералии шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, нақшаи дурнамои аз байн бурдани биноҳои фарсуда, дар навбати аввал, биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордошта тартиб дода шуда, сохтмони инфрасохтори шаҳр, маӌмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳои варзишӣ босуръат идома дорад.
Барои ҳама хушоянд аст, ки айни замон дар ҳудуди шаҳр 16 боғи фарҳангию фароғатӣ, боғи ҳайвонот ва маркази хизматрасонии «Обшорон» барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, маданӣ – маърифатӣ ва истироҳати меҳмонону сокинони пойтахт хизмат расонда, соли гузашта дар 48 мавзеи алоҳидаи шаҳр боғу гулгаштҳо бунёду навсозӣ гардиданд, ки онҳо ба макони писандида табдил ёфтаанд.
Бо ибтикори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ навсозии истгоҳҳои нақлиёти мусофирбари мавӌуда бо ороиши замонавӣ дар пойтахт идомаи мантиқии бунёдкориҳо маҳсуб шуда, моҳи августи соли 2017 бо иштироки раиси шаҳр нахустин истгоҳи намунавӣ барои нақлиёти ӌамъиятии шаҳрӣ рўнамоӣ гардид.
Амиршо МИРАЛИЕВ,
Корманди шоистаи Тоӌикистон