Аз моҳи феврали соли 2020 ба вазифаи мудири шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Фархор таъйин шуд.
Нилуфар аз кӯдакӣ орзуи корманди ҳифзи ҳуқуқ, махсусан додситон шуданро дошт. Бо сабаби ризоият надодани волидон самти интихоб ва зиндагиаш тағйир ёфт.
Нилуфар Мирзозода: «Низомӣ, ки нашудам, бояд дар ҷое фаъолият кунам, ки ҳамеша бо мардум ва дар хизмати халқ бошам, мақсад гузоштам пеши худ. Замони кор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳаам ба кори Раёсати Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ марбут буд, мушоҳида кардам, ки кормандони ниҳод бо мардум дар иртиботи қавӣ ҳастанд. Вақте аз ҷониби вазири адлия муҳтарам Ашӯриён Музаффар пешниҳод шуд, ки ба ҳайси мудири САҲШ-и ноҳияи Фархор фаъолиятро идома диҳам, бе дудилагӣ розӣ шудам. Таъкиди вазир ҳам ин буд: «Духтарам, хидматгори халқ бошеду дуои халқро гиред!».
«Ту дар Фархор кор карда наметавонӣ», - мегуфтанд баъзеҳо. Вале духтари мағруру пеши азм устувор, бе ҳеҷ калавиш пойтахтро ба ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистон тарҷеҳ доду рӯзи аввали кор бо табассум дасти ҳар кормандашро дӯстона фишурд.
Пас аз шиносоӣ бо санаду ҳуҷҷатҳо ва рафти ҷараёни кори шуъба роҳбари ҷавон назди худ вазифа гузошт, ки корро аввал аз ободонӣ шурӯъ намуда, бинои фарсудаву валангори коргоҳро аз таъмир барорад. Дид, ки дар танҳоӣ ин амал ғайриимкон аст, шахсони саховатмандро ба ҳамкорӣ даъват намуд. Фархориён диданд, ки азмаш ҷиддист, дастгириаш карданд.
Дар муддати кӯтоҳ биное, ки САҲШ-и ноҳия иҷоранишин аст, бо дастгирии яке аз фарзандони ин диёр аз таъмир баромад. Кормандон бо шароити хуби корӣ ва ҳуҷраҳои ҷавобгӯ ба меъёр таъмин гардиданд. Роҳбари ҷавон барои толори умумӣ курсиҳои нишаст овард, то муроҷиаткунандагон ҷойи муносибе барои интизорӣ дошта бошанд. Гирду атрофи биноро мунаққашу гулкорӣ кард. Аз ҳисоби ороишоту гулдӯзиҳои аз ҳар гӯшаву канори кишвар ҷамъовардааш, дар ҳуҷраи корӣ гӯшаи ҳунарҳои мардумиро таъсис дод.
Андешаи дигаре, ки Нилуфарро ором намегузошт, ҷамъугири ҳуҷҷатҳои парешони шуъба буд. Санаду ҳуҷҷатҳои дорои аҳамияти муҳим дар фаршҳо мехобиданд. Ҳамаро дар шакли лозима самт ба самт, соҳа ба соҳа ҷудо карду дар ҷевонҳои барқади ҳуҷраи махсус ҷо намуд ва паси дараш навиштанд: «Бойгонӣ». Дар фикри таъсиси толори ақди никоҳи тантанавӣ афтод. Он ҳам ба истифода дода шуд. Маҷлисгоҳе барои гузаронидани ҷаласаву ҷамъомадҳои корӣ бо ғунҷоиши 30 нафар созмон дода шуд.
Нилуфар Мирзозода: «Ҳамин тавр кор бароям саҳлу сода оғоз нашуд. Ба даст овардани эътимоди мардум, кори осон нест. Эҳсос мекардам, ки беэътиноӣ мекунанд. Эҳсоси нобоварӣ доштанд, ки аз дасти ин духтари ҷавон чӣ кор меояд?
Чун қадам ниҳодӣ, бояд ба пеш ҳаракат кунӣ. Ман ҳам илоҷи дигаре надоштам. Дар такя ба қонуну дастурамал, корро оғоз карда, муносибати хубро бо мардум ба роҳ мондам. Тамоми таҷрибаву малака ва омӯхтаҳоямро аз солҳои фаъолият дар Вазорати адлияву Раёсати САҲШ дар амал тадбиқ кардам. Ҳоло ки мегӯянд: «кори ҷавонон дигар будааст, воқеан обод кардед, офарин», илҳоми тоза мегираму худро ҷиддитар ба кор мебахшам».
Мушкили соҳа дар ноҳияи Фархор бе ҳуҷҷат, яъне шаҳодатномаи таваллуд мондани шумораи муайяни кӯдакон буд. Бо супориши роҳбари ҷавон кормандони шуъбаи САҲШ дар ҳудуди 9 ҷамоат ва маркази ноҳия усули хона ба хонаро амалӣ намуда, рӯйхати кӯдакони аз бақайдгирӣ дурмондаро тартиб доданд. Кор, ки ҳанӯз натиҷа мехост, усули мактаб ба мактаб низ роҳандозӣ шуд. Дар қадами аввал, бо дастгирии ташкилоти «Чашма» ба 100 кӯдак шаҳодатномаи таваллудро ройгон тақдим намуданд. Бо дастгирии ҷавонмарди саховатманди фархорӣ Шуҳрат Ҳакимов ин иқдом густурдатар гашту дар маҷмӯъ 600 кӯдак дар 9 моҳ соҳиби шаҳодатномаи таваллуд гашт.
Иқдоми дигаре, ки шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Фархор дар робита бо ниҳодҳои дахлдор амалӣ менамояд, ин аст, ки кӯдакони дар таваллудхона ба дунё омадаро ҳатман бо шаҳодатномаи таваллуд ба хона мегуселонанд.
Нилуфар Мирзозода: «Ягон кӯдак бояд бе ҳуҷҷат намонад, мақсади мо ва ҳадафи муҳими Вазорати адлия ҳам ин аст. Дирӯз дар макотиби таҳсилоти умумии №22, № 23-и Ҷамоати деҳоти Зафар ба кӯдакон аз оилаҳои маъюбу камбизоат зиёда аз 30 шаҳодатнома супурдем.
Бахшида ба Рӯзи кормандони адлия мо дар мактабҳо вохӯрӣ анҷом дода, ба 40 кӯдак шаҳодатнома тақдим намудем. Ҳамчунин, дар ин рӯз бо дастгирии ду соҳибкор барои атфоли хонаи кӯдакони ноҳия ёрии моливу моддӣ расонидем. Кӯдакон аз мо хоҳиш карданд, ки барояшон китобҳои дарсӣ орем. Бо дастгирии як фарзанди барӯманди ноҳия, китобҳои заруриро аз синфи 1 то 11 харида, дастраси онҳо намудем».
Дар амалӣ намудани иқдоми шаҳодатномадиҳӣ ба кӯдакон, чандин оилаҳо, ки бо сабабҳои гуногун сабти никоҳи расмӣ надоштанд, соҳиби шаҳодатномаи ақди никоҳ ҳам шуданд.
Дар 9 моҳи соли равон дар ноҳия 86 талоқ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамсуҳбати ман дар бештар маврид сабаби ҷудошавии оилаҳоро аз бефарзандӣ ё таҳаммулпазир набудани ҷавонон арзёбӣ мекунад. Дар баҳсҳои оилавӣ ҳамаро аз дафтари корӣ бароварда, бо ҷавонон суҳбат мекунад ва мефаҳмонад, ки дахолати дигарон ба ҳаёти шахсӣ манъ аст ва тасмими охирро бояд танҳо худи зану мард бигиранд. Ҳодисаҳое ҳам зиёданд, ки баъди радду бадали тӯлонӣ ҳамсарон аз фикри оилавайронӣ баргашта, барои роҳнамоиву маслиҳат ба Нилуфар изҳори сипос менамоянд.
Яке аз бартарияти усули кориаш ин аст, ки намехоҳад ягон нафар норизо аз ҳуҷраи кориаш бурун оянд. Аз тобеонаш талаб мекунад, ки мушкилоти корафтодагонро бе таъхир ҳал кунанд.
Нилуфар Мирзозода: «Фархор як махсусият доштааст (механдад). Аввалҳо тобеон дар иҷрои ҳар супорише ваъда медоданд, ки «муаллима, пагоҳ мешавад». Чӣ тавр корафтода роҳи дарозро тай, шояд охирин тангаашро харҷ карда омадаасту шумо корро барои пагоҳ мегузоред?, суол мекардам ман. Зуд ҳуҷҷатҳоро омода карда, ба дасташ супоред, супориш медиҳам дар чунин ҳолат. Зиёд шудааст, ки ҳуҷҷатҳои нафарони маъюб, бемор ва камбизоатро аз ҳисоби маоши худ омода ва то хонаашон расонидаем. Ҳоло ки имкон ҳаст, бояд ба мардум хидмат кард!».
Нилуфар ба ғайр аз корҳои вазифавӣ дар уҳдадориҳои ҷамъиятии ноҳия ҳам фаъол аст. Мекӯшад бо ҳайати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, корхонаву ниҳодҳои дигар ҳамкориҳои хубро ба роҳ монад. Дар мавсими ҷамъоварии пахта ҳамроҳи кормандон борҳо ба мадади марди деҳқон рафтанд. Дар мавсими даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ бо мардум суҳбату вохӯриҳо доир намуда, дар хусуси сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат мегуфтанд. Яке аз аввалинҳо шуда, дар иҷрои дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи захираи маводи хӯрока баҳри оилаҳои кормандон афтод. Ба хотири бекор намондани як ваҷаб замин дар назди бинои корӣ, сабзавоту донагиҳо киштанд. Аз ҳосили худӣ, дар зарфҳои шишагӣ шарбату консерв омода карданд. Картошка парвариш карда, ҳосили хубе ба даст оварданд. Бо назардошти он ки бештари кормандон бо харҷи роҳкиро аз деҳаҳо меоянд, мехоҳад аз ҳисоби захираҳо дар коргоҳ барояшон хӯроки ройгон муҳайё намояд.
Нилуфар Мирзозода китобхониро дӯст медорад. Барои тақвият додани донишу малакааш ҳамеша пайи омӯзиш аст. Худро аз шогирдони мактаби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳисобад. Бонувони сиёсатмадор Озода Раҳмон, Хайринисо Юсуфӣ, Саодат Сироҷзода, Саодат Амиршоева барояш дар фаъолият идеаланд.
Ба ҳамсолон маслиҳат медиҳад, ки бо тамоми ҳастӣ худро баҳри хидмат ба халқу Ватан бахшанд. Ба қадри сулҳу суботи комил бирасанд. Мехоҳад дар ҷои худ кадрҳоеро аз ҳисоби духтаракони маҳаллӣ омода созад, то оянда онҳо барои пешрафти ҳамин диёр хизмат кунанд.
Гулноза БОБОМУРОДОВА,
Душанбе-Фархор