Моҳияти озодӣ ва соҳибихтиёриро бо гузашти солҳо дарк намудам: ҳине, ки Парчами давлатии Тоҷикистонро дар Созмони Милали Муттаҳид ва афроштанашро аз пирӯзии фарзандони сарзамин дар сабқатҳои илмӣ ва варзишӣ мушоҳида кардам. Дидам, ки ҷавонони навхат ашки шодӣ мерезанд, баробарашон ашк рехтам. Баробари дигарон дар ҳавои Суруди миллӣ аз ҷо бармехезам. Эҳтиромро ба рамзҳои давлатии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳсос мекардаму меболидам. Ва дарёфтам, ки истиқлол ифтихор ва масъулият аст.
Бо гузашти солҳо ҳине, ки мардуми бо номусу нанг бо роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақбҳои «Истиқлол» ва «Озодӣ», неругоҳҳои бузурги барқи обиро бунёд менамуданд ва муттаҳид гашта даст ба бунёди иншооти аср – «Роғун» дасту доман барзаданд ва намояндагони 120 шабакаи телевизионӣ ва радиоии ҷаҳон мужда аз ин корнома гузориш пахш мекарданд, аз тоҷик буданам ифтихор доштам.
Замоне, ки мардум ба ягонагӣ расиданд ва дасти ҳамдигар гирифтанд, ҳалли душвориҳо бароямон саҳл шуд. Ва ба ободии кишвари азиз пардохтем, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфтем, ба истиқлоли энергетикӣ расидем, ҳамчун модари тоҷик аз фарзандони баномус сар бар арш медоштам.
Фарҳангиёни олам бо шинохти 5500 соли Саразм ба тамаддуни сарзамини бостонӣ ошно гардиданд. Акнун бо ифтихор куртаи чакан ба бар мекунам, ки дар олами мутамаддин дастранҷи ниёгонам ҳамчун осори шигарфи фарҳангӣ пазируфта шуд… Ва шояд аксарият авзо ва аҳволи маро доранд.
Вале дар ибтидо, ҳангоме «Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр шуд, донишҷӯ будам. Мисли ман кам набуданд ҳамсолонам - нопухтагони олами сиёсат ва аз умр баҳра набурда. Ба ранги дигарон шод шудем, вале муқовимат ва садои тири туфанг баробари вожаи истиқлолият густариш ёфт ва мардумро нозеҳу ноумед гардонд. Навҳаи модарону ятимон ва ҳамсарони фарзанду саробон гум карда, ҳамнавои садои сиёҳи ҷанг шуд. Ҳис кардам, ки мисли ривоятҳои куҳани таърихӣ «тавлиди инчунин тифл – Тоҷикистон ба нафъи доираҳои муқарраре нест. Ва дар гахвора қасд ба ҷонаш карданд.»
Ин ҳукми доираи ғаразҷӯ ва аҳриманфитрат боиси фоҷиаи миллати тоҷик гардид. Раҳми ҷони ҷавонмаргонро накарданд ва кишвар оғуштаи хун шуд.
Мо - навхатони он айём, шоҳиди ҷанозаҳои ҳамсолони худ, азияти тифлону солхӯрдагон аз гуруснагӣ ва беморӣ ва фирору дарбадарии ҳамватанон низ будем. Дар амалҳои пасти разилона дасти худиҳо бештар эҳсос мегардид, ки ба бори чандум бегонаҳоро бар фарзандони падар бартарӣ медоданд.
Он овон дилам аз гирудорҳо сиёҳ шуда буд. Насли мо умри хешро барбодрафта мепиндоштем. Пеши чашмамон роғе барои рӯшноӣ наменамуд.
Бо баргузории Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қавли мардум, дар рӯямон сурхӣ дамид. Ва таърих ба саҳна сиёсатмадореро хонд, ки оромиву осудагии мардумашро ба қимати ҷони ҷавонаш ба дӯш гирифт. Ӯ Эмомалӣ Раҳмон буд, балки ҳамоне, ки чор даҳсола қабл ҳамчун наҷотдиҳандаи миллати тоҷик ба дунё омада буд. Эмомалӣ Раҳмон мамлакатро аз вартаи нобудӣ берун овард, сохтори давлатиро бунёд намуд ва ба ягонагии миллӣ роҳи паҳновар кушод. Ва Иҷлосияи 16 Шурои Олиро дар дилам мавлуди дигар ва ибтидои бунёди давлати навини Тоҷикистон тараннум кардам.
Дар зарфи 30 сол ба комёбиҳои рӯзафзун ноил шудем, ки мислашро дар садаи ХХ надида будем. Ҷомеаи амну озоду осуда дорем. Ҳарчанд рақибон аз ин ҳама қоил нестанд. Муҳимаш, ки мо – бонувон, дар идороти мамлакат саҳм мегирем ва кадбонуҳои хони худем. Аз ҳаёт ва рӯзгори фарзандонамон хавф надорем ва аз неъмати истиқлол баҳра мебардорем.
Воқеоти рӯзҳои ахири Афғонистон бароямон сабақи таърихист. Бозиҳои кишварҳои абарқудрат ва неруҳои манфиатҷӯй ҷилваҳои тоза намоён мекунанд. Дар ин раванд, дар баробари нигаҳдории арзишҳои миллӣ, ҳифз ва посдори анъана, вазифаи асосӣ ҳифзи миллат мебошад. Дар ҳамин зоҳир мешавад рисолати ҳар фарди ватандор дар замони носозгор.
Мо – модарон, хуб эҳсос мекунем раванди ҷомеаи бошитоби имрӯзаро ва аз фарзандони донову оқили худ мефахрем. Онҳо рисолати ватанпарастии хешро адо мекунанд. Кишваре дар олам набуда, ки фарзандони сарзамини ҳамешабаҳор донишу забон наомӯзанд. Яқин шуда, ки онҳо бо таҷрибаи ғанӣ бозмегарданду дар рушди кишвар нақши босазо мегиранд ва бо зеҳни тавонои худ миллатро дар ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Вале, дар баробари онҳо, ҷавонҳое низ дорем, ки ба дому найранги доираҳои ифротӣ медароянд ва шарафу шаъни миллатро хоки раҳ мекунанд. Як навъ зуҳуротест, ки таҳти равои арзишҳои динӣ ба гузаштаи пурғановат дастдарозӣ карда, донишҳои пешин ва дастовардҳои беамсоли замони истиқлолро зери соя мегиранд. Ба забон, таърих, одату анъана ва комёбиҳои маънавӣ хавф эҷод месозанд. Ва дар роҳи расидан ба ҳадафи худ аз ҳич разолат рӯй намепечанд.
Дар ин раванд нуктаи заъф бетарафӣ ва бетафовутӣ мебошад, ки доирае ба моҳияти озодию истиқлол аз пушти панҷа менигаранд. Ҳамагонро зарур аст, ки дар баробари хидмати софдилона дар тарғиби ғояҳои озодӣ ва шинохти неъматҳои истиқлол саҳми муносиб гиранд.
Мо - бонувони кишвар, бештар аз ҳама ба қадр ва моҳияти озодӣ, истиқлол мерасем ва ба посдории ғояҳои он устуворем. Ва гумонам дар тамоми ҷаҳон модарон як мавқеъ доранд. Дар таърих ҳич давру замон иттиҳоди хоссаи занон ба қайд гирифта нашудааст, ки бар зидди халқи худ муборизаи ошкоро ангехта бошад. Ва дар қатори хоинони миллат ва ватанфурӯшон аз ҷумлаи модаронро касе ёд надорад. Мо ба Ватани худ содиқем ва аз фарзандони худ чунин муносибатро тақозо менамоем. Нашнохтани озодӣ ва дастовардҳои истиқлолият, хиёнат ба Ватан ба Модар аст.
Шоҳона СУЛАЙМОН