Санаи 7 декабр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳоро ифтитоҳ намуданд, ки он ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии «Қуллаҳои Тоҷик» таъсис дода шудааст.
Дар маҳалле, ки мамнӯъгоҳ бунёд гардидааст, садҳо гектар замин бекор хобидаву аз ҳосил монда буд. Ҷангалзор нобуд ва ҳайвоноти нодиру парандаҳо вуҷуд надоштанд. Акнун дар майдони зиёда аз 4000 гектар замин, ки қисми зиёди онро кӯҳсор ва заминҳои талу теппа ташкил медиҳад, ин мамнӯъгоҳ ташкил гардид ва 150 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Дар ҳудуди мамнӯъгоҳ, ки ҳадаф аз таъсиси он беҳтар намудани муҳити зист ва афзун гардонидани гуногунии биологӣ мебошад, дар нишебиҳои кӯҳ, ҷариҳо, талу теппаҳо ва қитъаҳои замини барои кишти зироатҳои кишоварзӣ мушкил ниҳолу буттаҳои гуногуни хушсифати маҳаллӣ ва хориҷии мевадиҳанда, ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шудааст. Инчунин, тухмии аълосифати ба иқлими минтақа мувофиқ, гиёҳҳои гуногуни шифобахш ва дигар растаниҳои ғизоӣ кишт гардидааст. Дар нишебиҳои кӯҳ ва минтақаҳои душворгузар, зиёда аз 400 000 бех ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда, сояафкан, ороишӣ ва гулҳо шинонида шудаанд.
Ҳамзамон бо ин, дар ин минтақа зиёда аз 1 миллион бех ниҳоли пистаи маҳаллӣ шинонида шудааст, ки ин тадбир дар таърихи кишвар бесобиқа мебошад.
Дар ҳудуди мамнӯъгоҳ, инчунин, дар майдони 13 гектар парваришгоҳи ниҳол бунёд гардидааст, ки ҳоло дар он мутахассисони маҳаллӣ фаъолият доранд.
Ниҳолҳои дар ин ҷо омодашуда ба ташкили ҷангал дар парваришгоҳ ва бунёди боғҳо дар саросари кишвар нигаронида шудаанд.
Ҷиҳати амалӣ кардани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти зиёд намудани саршумори чорвои нодир, инчунин, тоза кардани насли ҳайвоноти ба иқлиму табиати Тоҷикистон мутобиқ дар ҳудуди мамнӯъгоҳ парвариши оҳуи бухороӣ ва холдор васеъ ба роҳ монда шудааст.
Инчунин, аз хориҷи кишвар аввалин бор ба Тоҷикистон оҳуҳои намуди «морал», «сурх», «наҷиб», «лан» ва бузҳои навъи «алпӣ» ва «муфлон» ворид карда шудаанд.
Дар айни замон бо сохтору ниҳодҳои хориҷи кишвар барои ворид намудани ҳайвоноти навъи «бизони амрикоӣ» гуфтушунидҳо идома доранд.
Дар мамнӯъгоҳи мазкур қариб 22 000 сар ҳайвоноту парандаҳои гуногун мавҷуданд, ки қисме аз онҳо маҳаллӣ ва қисми дигарашон аз давлатҳои Русия, Полша, Фаронса, Беларус ва дигар кишварҳои Аврупо ворид карда шудаанд.
Аз ҷумла бедонаи маҳаллӣ ва хориҷӣ, кабки фаронсавӣ, намудҳои гуногуни харгӯш, тазарви фаронсавӣ, шутурмурғ, мурғи марҷони маҳаллӣ, русиву фаронсавӣ, оҳу ва ғайраҳо.
Дар ин мамнӯъгоҳ намудҳои гуногуни мурғи тазарв, ки аз ҷумлаи парандаҳои нодири табиати Тоҷикистон ба шумор меравад, парвариш меёбад.
Бо мақсади мунтазам зиёд намудани саршумори парандаҳо бинои инкубатсионӣ, ки бо тамоми шароиту таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад, сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҳамчунин, дар ин мавзеъ 4 ҳавзи моҳипарварӣ сохта ва ба истифода дода шуда, дар онҳо зиёда аз 43 000 сар моҳии истеъмолии навъҳои гуногун парвариш меёбад.
Бо мақсади аз боронҳои шадид, барф ва дигар ҳодисаҳои табиӣ эмин нигоҳ доштани ҳайвоноту парандаҳо дар ҳудуди минтақа 13 бинои махсус, аз ҷумла қафасҳо (волйер) бо иншооти иҳотагардида бунёд шудааст.
Айни ҳол дар қафасҳои мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳои Ҷамъияти саҳомии «Қуллаҳои Тоҷик» кабкҳо, намудҳои мухталифи харгӯш, тазарв, шутурмурғ, мурғҳои марҷон ва оҳуҳои гуногун дар карантин нигоҳ дошта шуда, баъди муҳлати муайян онҳо ба хотири афзоиши саршумор дар ҳудуди заминҳои парваришгоҳ, ки ҳазорон гектарро ташкил медиҳад, сар дода мешаванд.
Ин таҷриба, яъне парвариши ҳайвонот дар қафасҳо дар мамнӯъгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ васеъ ба роҳ монда шудааст.
Барои дар мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳои Ҷамъияти саҳомии «Қуллаҳои Тоҷик» ҷорӣ кардани ин усул коршиносон аз хориҷи мамлакат ҷалб гардидаанд.
Бояд гуфт, ки заҳмату талоши мутахассисону коргарони Ҷамъияти саҳомии «Қуллаҳои Тоҷик» дар шаҳри Ҳисор ба татбиқи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар бахши беҳдошти ҳифзи муҳити зист, зиёд намудани насли ҳайвоноти нодир, ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин, ба татбиқи нақшаву барномаҳои давлатӣ дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ба ин восита эҳё намудани сайёҳии экологӣ равона гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватанӣ ва мутахассисону коргарони мамнӯъгоҳро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонда, ба онҳо барои истифодаи бештари имкониятҳо дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Бунёди мамнӯъгоҳ барои иқтисоди кишвар аз бисёр ҷиҳат муфиду самарабахш аст.
Бо таъсиси мамнӯъгоҳ барои фаъолияти олимони соҳа ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ, мусоидат ба мутобиқсозии ҳайвоноту наботот ба иқлими Тоҷикистон, афзоиши ҳайвоноту парандаҳои нодир, истифодаи талу теппаҳо барои растанипарварӣ ва ҷангалпарварӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Атрофи парваришгоҳ ободу зебо гардида, 20 километр роҳҳои маҳаллӣ асфалтпӯш карда шудаанд.
Инчунин, ҷиҳати бо оби босифати нӯшокӣ таъмин намудани сокинони маҳаллаҳои наздики парваришгоҳ 3 стансияи обтаъминкунӣ бунёд гардидааст.
Маврид ба ёдоварист, ки Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи зиёд намудани саршумори оҳуи холдор, бухороӣ ва мурғи тазарв» қарори махсус қабул намуда буд ва ҳоло бо мақсади татбиқи ин қарор то имрӯз дар саросари кишвар барои рушди соҳа, парвариши бештари ҳайвонот ва парандаҳои нодир, ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид карда шудаанд, тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд.
Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон