Зиндагии беғашу хуррамонаи Мавлуда дар овони 15-солагиаш ранги дигар гирифт. Марги нобаҳангоми падар нахустфарзанди хонаводаро рӯ ба як имтиҳони ҷиддӣ гузошт, ки боист дар баробари тадрис дастёру такягоҳи модари таҳсилнодидааш бошад, ки бо панҷ тифли маъсум дар нимароҳи ҳаёт бесаробон монда буд. Модар ба тақдир тан дода бошад ҳам, «лек бояд зист…»- гӯён духтари калонии оиларо дар рӯҳияи хушбинӣ ба ояндаи нек ва шавқу рағбат ба илму ҳунаромӯзӣ талқину таҳрик медод.
-Аз ҳоли модари хонашинам ибрат омӯхта, ҳадафи хатми таҳсилоти олиро дар мадди аввал гузоштам. Агарчи худ ҷавону ба насиҳату роҳнамоӣ ниёз доштам, таълиму тарбияи хоҳару бародарони хурдсоламро низ ба уҳда доштам, то дар оянда бесаводу бе касбу кор намонанд, - бо андуҳ қисса оғоз кард Мавлуда ва баъди фурсате фикрашро идома дод.
– Бароям фоҷиаи бузург менамуд, ки мактабро бо баҳои аъло хатм кардааму вале шароити оилавӣ имкон намедод, то ба факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳ ҳуҷҷат супорам.
Ниҳоят ба хулосае омад, ки ба хотири таъмини рӯзгори хонавода орзуву ҳадафҳои худро мавқуф гузорад ва ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорад. Ихтисоси агроном - олимро ба он хотир интихоб кард, ки солҳои кор дар хоҷагии пахтакории зодгоҳи хеш аз норасоии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ огаҳӣ дошт. Васияти мӯйсафедони обмон ҳамеша дар ҳушу гӯшаш садо медод, ки ҳузури ихтисосманди зироаткор орзуи пиру барнои деҳкада аст, ки заминро манбаи асосии зиндагӣ мешуморанд.
Модари таҳсилнодидааш, ки дар мавриди интихоби касбу ҳадафҳои пешгузоштаи духтар тасаввуроте надошт, ба ҷуз дуои нек дигар ҳарфе нагуфт. Зеро, ба хубӣ пайхас мекард, ки духтари ғаюраш кайҳо боз панди модарро шиори худ дар зиндагӣ медонад, ки: «Инсонро на мақому мансаб, балки бо хулқи накуву самараи заҳмати софдилонааш саодати зиндагӣ насиб мегардад». Ҳамин тавр, ӯ то хатми донишгоҳи мазкур фаъолияти меҳнатиашро дар хоҷагии пахтакории зодгоҳаш идома дода, ҳам дар маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ - сиёсии ноҳия аз фаъолон буд.
-Дар ҷодаи хизмати давлатӣ бону Хосият Неъматоваро устоду раҳнамои худ мешуморам, ки дар қалби мо, ҷавонон, шавқу рағбат ба фаъолияти ҷамъиятиро барангехта буд,- аз хотираҳои айёми шубоб ёдовар мешавад Мавлуда. – Мавсуф дар ташаккули афкору донишҳои сиёсии ҷавонони пешоҳанг нақшу саҳми ниҳоят муҳим дошт. Маҳз бо дастгирию роҳнамоии чунин бонувони пешоҳанг дар солҳои норасоии кадрҳои маҳаллӣ банда дар синни 18 раисии яке аз қитъаҳои интихоботии ноҳияро бар дӯш гирифтам. Баъдан дар замони нооромиҳои сиёсӣ, ки одамон аз тарс сӯи идораҳои давлатӣ намеомаданд, маҳз мо, дастпарварони дастаҳои ташаббускор, ба ҳокимияти ноҳия омада, онро намояндагӣ мекардем,- мегӯяд Мавлуда Раҷабзода.
Ӯ фаъолияти роҳбариро аз муассисаи таҳсилоти томактабӣ оғоз карда, баъдан ба кумитаи комсомолии ноҳия ба кор гузашт. Муҳити эҷодию созандаи созмони мазкур шавқу рағбаташро ба фаъолияти сиёсӣ аз нав бедор кард. Ба пиндори вай сатҳи волои таълиму тарбия, маърифати баланди ҳуқуқии шаҳрвандон, таваҷҷуҳи ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ ва дигар омилҳои он давра буд, ки ниҳоди кор бо ҷавонон зинаи омодагии тарбияи кадрҳои ҷавон барои фаъолияти минбаъдаи соҳаи хизмати давлатӣ ба ҳисоб мерафт.
-Мавлуда бо қобилияти беҳамтои ташкилотчигӣ, фарҳанги баланди муошират, ҷаззобияти суханварию дигар зарфияти беназираш аз ҳаммаслакони худ бартарӣ дошт, - нақл мекунад Хосият Неъматова, муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. – Ҳисси баланди ватандӯстию рӯҳияи хастагинопазир ва афкору ғояҳои зеҳнҳоро таконбахшандааш буд, ки ӯро ҷавҳари дастаи ихтиёриёни ҷавонон меномиданд.
Ба гуфтаи Х. Неъматова новобаста ба ҷавонияш Мавлуда замони дар вазифаҳои гуногуни шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия фаъолият доштанаш аз беҳтарину муваффақтарин кадрҳои маҳаллӣ эътироф шуда буд.
-Соли 1994 муовини раиси ноҳия оид ба саноату сохтмон ва нақлиёт таъйин шудам, ки он вақт ҳамагӣ 26 сол дошта, ҷавонтарин бонуи роҳбар дар вазифаҳои роҳбарӣ ба ҳисоб мерафтам,- ба хотир меорад Мавлуда. - Дар он солу замонҳо, ки соҳаи саноат фалаҷ буду аз норасоии маблағ корҳои сохтмонӣ ба таъхир меуфтод, масъалаи рушду эҳёи бахшҳои гуногуни бахши ҳамлу нақлиёт аз самтҳои асосии кори мо ба ҳисоб мерафт.
Зимнан ӯ тӯли фаъолият дар ҳама вазифаҳои давлатӣ таҷрибаи ибратбахшу афкору андешаи созанда, кори неку номи нек боқӣ гузошт.
Ба инояти рӯзгор баъзан ба подоши заҳмату накукориҳояш мушарраф мегашту гаҳе муяссар ба орзуву ормонҳои дар қалб нуҳуфтааш. Ба гоҳе ки масъулияти роҳбарии бахши САҲШ – и ноҳияро бовараш карданд, таҷрибаи ба ҳайси сарварии соҳаи сохтмони ноҳия андӯхтааш ба кор омад. Дар ин давра бо иқдоми Мавлуда Раҷабзода ва дастгирии муштараки Вазорати адлия бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бахши САҲШ соҳиби бинои замонавӣ гардид, ки он нахустин иншооти маъмурии дар замони соҳибистиқлолӣ бунёдёфта дар ноҳия мебошад.
Ба иқрори ӯ, мудирияти соҳае, ки муҳимтарин рӯйдодҳои ҳаётӣ, аз ҷумла таваллуд, никоҳ, ному насабгузорӣ ва дигар ҳолати шаҳрвандонро ба қайд мегирад, ҳаққи иштибоҳ надорад. Бо тақозои вақту масъулияти касбӣ мебоист кӯшиши ба дарёфти таҳсилоти олӣ дар риштаи ҳуқуқшиносӣ бипардозад ва ҳамин тавр ҳам кард. Инак, дар пешорӯи мо мутахассиси варзидае бо кӯлбори пур аз донишу таҷрибаи рӯзгор қарор дорад. Симои асилу мулоҳизарониҳои пурзаковаташ бозгӯи дар пайроҳаи рӯзгор обутоб ёфтану баркамолрасиданаш аст.
- Устувории оилаҳои ҷавон, таҳкими фарҳанги хонаводагӣ ва ҳалли мушкилиҳои печидаи мардумро танҳо ба василаи солимгардонии манбаи тарбия – оила метавон ҳаллу фасл сохт. Мусаллам аст, ки ба замми ҳама масъулиятҳои кору сарбориҳои рӯзмарраи хонаводагӣ, имрӯз тарбияи фарзанд ҳам бар дӯши модарон аст. Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат ба дарки ҳамин масъала боло бурдани мақоми зан дар ҷомеаро як самти сиёсати хеш донистаанд ва ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иқдом гузоштанд, ки дархӯри мушкилиҳои имрӯзаи мост. Бо дарназардошти ҳаллу фасли мушкилиҳои мавҷуда бояд шумори бонувони лаёқатмандро дар вазифаҳои роҳбарии тамоми соҳаву сохтори давлатӣ зиёд намуда, аз ҳисоби онҳо дар маҷлисҳои сатҳи маҳалу парлумони кишвар вакилони бештар дошта бошем. Чаро ки ҷомеа ва давлате рушду пешрафт менамояд, ки дар он офарандаву тарбиятгари инсон, яъне, зан-модар аз мақому ҷойгоҳи шоиста бархӯрдор аст,- иброз дошт дар анҷоми суҳбат Раҷабзода Мавлуда.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ