Ошноии ман бо ин бону тасодуф набуд. Ин ошноии ғоибона мисли хатсайри яксӯ дар имтидоди нӯҳ сол маро ба кӯи ҷустуҷӯҳо мекашид ва ҳамеша ҳадс мезадам, ки чаро тӯли ин солҳои тӯлонӣ ӯро намеёбам.
Бароҳат Шукурова - хатмкардаи Донишкадаи байналхалқии санъати синамои Маскав. Барои шинохти ин чеҳра солҳое пушти сар шуд ва он чуноне, ки дар олами рӯъёҳову хаёлотам ӯро сохта будам, дарёфтамаш. Ҳамин баҳор дарёфтамаш. Тасодуфан, аммо хеле шоирона.
Дӯстам Умар Хуршедзода нӯх сол қабл дар бораи маҳорати баланд ва санъати суханварии Бароҳат бароям қиссаҳо мекард. Аввалҳо шигифту таҳайюрамро интиҳо набуд, зеро Умар мисли як гирифтор ва дилбохтае ҳарф мезад. Дар тамоми ҳаводисе, ки атрофамон мепечид, Умар ҳатман аз рафтору гуфтору кирдори Бароҳат мисол меовард.
Ёдам ҳаст, ки Умар бо эҳсосоти аз ҳад зиёд услуби шеърхонии Бароҳатро бо вижагиҳош тақлид мекард ва мегуфт, ки санъати суханварии Бароҳат як мактаберо мемонад. ӯ абёти Ҳофизи ошиқтаборро мекӯшид бо услуби Бароҳат қироат кунад. Ман, ки Бароҳатро аз қиссаҳои Умар шинохтам, бе чуну чаро ба жарфнои зеҳниву ҳунариаш фурӯ рафтам. Воқеан Умар байтҳоро дигаргуна қироат мекард ва тарзи қироаташ побанди мактаби Маҳмуд Воҳидов ё дигар мактабе набуд. Такрору тақлидро дар шеърхонии Умар эҳсос намекардам. Агар такрору тақлиде ҳам буд, пас танҳо дар пайравии санъати суханварии Бароҳат.
Ба вақти нишастан сари миз Умар аз ҳусну одоби нишастан ҳарф мезад, ки инро ҳам Бароҳат ба ӯ омӯхта буд. Бароҳат дар омӯзишгоҳи санъати шаҳри Хуҷанд Умар ва ҳамдарсонашро сабақ медодааст. Дар мавриди рост нигаҳ доштани сутунмӯҳра дар мизи корӣ, ошхона, синф аз қоидаҳои таълимии Бароҳат истифода мекард. Ҳатто гардиши сар, имову ишораҳои тасдиқкунандаву инкориро тавассути нигоҳ, чеҳра ва дастҳо мисли ашрофзодаҳои олимартаба анҷом медод.
Баъди чанде Умар дар Маскав ба таҳсил пардохт ва дар давоми як сол ё ман ба Маскав мерафтам, ё вай ба Тоҷикистон меомад, аммо ӯ ҳамеша аз дунёи рангину роҳатфизои Бароҳат ҳарф мезад. Чашмҳояшро, ки ранги амвоҷи дарёҳост, ба хотир меовард ва мегуфт, ки чашм забон дорад. Забони чашмро Бароҳат ба Умар омӯзондааст ва ин вижагии санъат дар кори ҳунармандон нақши боризу муҳиме доштааст. Чеҳраи Бароҳатро то хандаҳову гиряҳош, табассумҳову хами абрӯвонаш шифоҳӣ тасвир мекард. Дар чаҳоркунҷаи ин мусаввараи хаёлӣ ман Бароҳатро хеле рӯшану муҷалло ва барҷаставу зебо медидам. Ҳатто қаду қомат, шакли қиёфаи Бароҳат дар зеҳнам мисли як ҳайкали мармарине нақш баст.
Дар тарабхонаҳои Маскав ҳусни одоби Умар, ки хоси ашрофзодаҳост, беистиҳола ба назарҳо бармехӯрд ва ман чун як санҷишгар ба рафтори пешхизматон зеҳн мемондам. Пешхизматон ҷиддияту маданият ва салобати Умарро дарҳол эҳсос мекарданд ва муносибати эшон дар қиёс бо дигар одамоне, ки каҷу рост сари мизҳо менишастанд, тафовут дошт. Як нигоҳи Умар кифоя буд, ки якбора чор пешхизмат дар наздамон ҳозир шавад. Хеле хушам меомад ва дар пайравии Умар ман ҳам ғурурманду пурдағдаға мекӯшидам ба атрофиён маданияти баландамро нишон диҳам. Ин ҳама кори чандинсолаву заҳматҳои пурарзиши Бароҳат аст, - мегуфт, Умар.
Тӯли сафарҳои хидматиам ба вилояти Суғд борҳо суроғи Бароҳатро гирифтам, аммо ҷустуҷӯҳоям натиҷае надод. Маълум шуд, ки хатмкардаи Донишкадаи байналмилалии санъати синамои Масква аз фарти бенавоӣ театрро тарк гуфтаву сари бозорҳо машғули савдост. Ду-се рӯзи сафар имкон намедод, ки жарфтар ба ҷустуҷӯи Бароҳат дода шавам ва Умар низ роҷеъ ба рӯзгори Бароҳат маълумоте надошт. Тамосам бо Умар низ коҳиш ёфт, зеро ӯ ба Аврупо ҳиҷрат кард.
Бароҳат дар хобу хаёлам мисли як фариштаи покизаву дурдаст мондагор шуд. Нӯҳ сол дар ин миёна аз байн рафт. Ғоибонаву ошиқона аз масири гуфтаҳои Умар сухангӯиву шеърхониамро бо диди эҷодкоронаи Бароҳат сайқал медодам. Ман ӯро ба ҳадди як рафиқи дерина мешинохтам, ҳарчанд якдигарро боре ҳам надидаем ва Бароҳат низ дар ин бора маълумоте надошт.
Баъд аз нӯҳ сол ҳодисаи рӯшани фарҳангие моро ошно кард. Тасодуфи зебое буд, гарчанде ҳамаи тасодуфҳои зиндагии башар омилеро ё ишораеро аз сарнавишташон дар худ ниҳон медоранд.
Озмуни театрҳои касбии Парасту ҳамин баҳор ҳунармандони театри Камоли Хуҷандиро ба пойтахт овард. Саодат Саломова - ҳунарпешаи ин театр тавассути телефон аз ин сафар ҳарф зад ва баъди рӯзи корӣ рафтам ба дидори мубораки ҳунармандони театри Камоли Хуҷандӣ. Саодати ҳамешасабз бо шӯру валвалаи зиёд ва энерҷии азими роҳатбахш истиқболам гирифт. Ҳунармандони театри Камоли Хуҷандӣ дар меҳмонхонаи Вазорати фарҳанг атрофи «Парасту» ҳарф мезаданд. Чашмам ба бонуе афтод ва ба қавли Малика Ҷӯрабекова ҳуш аз сарам парид.
Аз рӯи қиссаҳои тобноки Умар ин бону сад дар сад Бароҳатро мемонд. Ман дарҳол пурсидам:
- Шумо Бароҳат?
- Бале, ман! - гуфт ва бо як ҳаракати наҳифи гардан муйҳои шабрангашро ба қафо партофт. Ҳайратзадаву шигифтомез ба ман менигарист. Ҳазор суолро аз дафтари чашмони сабзрангаш мехондам ва ҳамон рӯзи баҳорӣ тамоми қиссаҳои Умарро такрораш кардам.
- Чи гуна маро шинохтӣ? – гуфта пурсид. Посух додам, ки Умар то хандаҳову гиряҳоятро, чашмҳову дастҳоятро хеле шоирона тасвир карда буд ва нӯҳ сол аст, ки азми диданатро дорам.
- Бароҳат ин бархурдро амсоли як афсонаи рангине медид ва доиман шогирди беҳтаринаш Умар Хуршедзодаро ба ёд оварда, ашк мерехт, ки ашкрезиш зебост. Умар Хуршедзода яке аз шогирдони Бароҳат аст, ки теъдодашон кам нест.
Ману дӯстонам Бароҳатро чун як ҳодисаи наҷиби зиндагии эҷодиамон пайдо кардем ва тӯли як ҳафта ӯро тақрибан аз озмуни «Парасту» медуздидем. Баргаштани Бароҳат ба театри Камоли Хуҷандии вилояти Суғд маънои бозгашти як нерӯи азими эҷодиеро дошт. Душвориҳои зиндагӣ чанде ӯро аз саҳна дур сохт, аммо имрӯз ӯ мисли моҳии аз тунги шишагӣ вораста худро ба амвоҷи дарёи санъат мезанад.
Сабташ кардем ва аввалин бор дидам, ки дастҳои наворбардор аз эҳсоси зиёд меларзанд, зеро Бароҳат аз ашъори Лоиқу Ҳадиса шеър мехонд. Бароҳат ҳамаи моро аз ин дунё рӯи боли орзуҳояш ба дурдастҳо бурд.
Дар симои Бароҳат ман бонуеро пайдо кардам, ки саропои вуҷудаш ба сони як вулқони ҳунар меҷӯшад. Ин захираи азими ҳунар дар ниҳоди наҳифи як зан ҷилд-ҷилд китобест дар ҷодаи санъатшиносӣ. Мактаби ҳунарии Станиславский ва ҳодиёни дигари санъат, ки баъд аз ӯ дар дунёи ҳунар тулӯъ карданд, вуҷуди Бароҳатро бо риштаҳои ҳунар танидаанд. Бароҳат барои таҳкими ғояҳову афкори санъатшиносӣ, фарҳангдӯстӣ ва зебоипарастӣ дар зеҳни ҷавонон метавонад беназиру якто бошад.