Қиблагоҳ, ки монеи интихоби ӯ гардид, дар тору пуди фарзанди доною ширинрӯяш маҳорати дигареро шинохта буд. Ба иродаи падар таслим шуду бо дили фигор роҳ пеш гирифт сӯи пешаи ноошно. Бехабар аз он, ки қиблагоҳаш низ чунин азмро дошт – мебоист, ки ҷигарбандаш роҳнамову тарбиятгари на танҳо мактаббачагон, балки кулли ҷомеа гардад. Башорати қиблагоҳи некукор ба вуқӯъ омад ва духтар ҳунарпешаи номиву сарсупурдаи касби хеш гардид. Баракат ва бароати зиндагиро аз ҳунараш дарёфт. Чун бадр шуъла заду бо нурфишонӣ дуртарин нуқоти зулмотро рӯшан намуд ва ба дилу дидагони мардуми сарфарози тоҷик ба таври ҳамешагӣ маъво гирифт. Исми ӯ чун ҳунараш дилнишину зебост – Моҳпайкар Ёрова, ҳунарпешаи шинохтаи театр ва синамои тоҷик…
Равзанаи ошноӣ
Ӯ тобистони соли 1970 дар шаҳри Ҳисор чашм ба ҳастӣ во намуда, бо чеҳраяки гарму маҷзубаш дили пайвандони хонаводаашро лабрез аз фараҳу нишот сохт. Волидайн ҳусни табиатзодаашро ба моҳи нуқрафом нисбат дода, ӯро Моҳпайкар номиданд, то ҳар ҷо по ниҳад, ба он макон равшаниву нуру сафо орад. Бо омаданаш ба хонадон файзи дигар овард, чун волидон, ки хизматчиёни хуби давлатӣ буданд, барои ифои вазифа ба пойтахт даъват гардиданд. Айёми наврасии ӯ, хоҳар ва бародараш дар ин шаҳри шукуфо гузора гардидааст. Волидайн ба тарбияву таҳсили се фарзанд диққати ҷиддӣ медоданд, то ҷигаргӯшаҳо сазовори зиндагии арзанда гарданд. Моҳпайкар пас аз хатми мактаби миёна бо роҳнамоии падар ва устодаш Тағоймурод Розиқов сӯи Донишкадаи театрии Москва ба номи Шепкин раҳсипор гашт. Бо мурури вақт тадриҷан ба таҳсил ворид шуд ва бо тамоми қувва мекӯшид, ки аз нозукиҳои касб воқиф гардад. Баъди як соли таҳсил Моҳпайкар дарк кард, ки мафтуну шефтаи ин ҳунари воло гардидааст ва ботинан ба падар арзи сипос мекард.
Пайроҳаҳо
Моҳпайкар Ёрова замоне аз Москва ба Ватан баргашт, ки нооромии сиёсӣ дар кишвар доман мегустурд, аммо алорағми беҳамиҳо, соли 1991 корро дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов шурӯъ кард. Ӯ саҳнаҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандиро бо чашми сар дид, тарки Ватани азиз нагуфт ва ба фаъолияташ идома бахшид.
- Субҳ, ҳини аз хона баромадан, бо дард меандешидам, ки то ҷои кор саломат мерасам ё на… Тири дайду ҳар замон билоимкон канда кардани таноби умри ҳар нафареро дошт. Ба ёд овардани он лаҳзаҳо бароям бениҳоят гарон аст. Бемуҳобот, мо бояд шукргузорӣ аз оромиву осудагии кишвар намоем, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин арзиши башариро барои мо, ки сулҳ бувад, фароҳам овард ва Ватани азизи мо бо гомҳои устувор ба оянда қадам мениҳаду рушд меёбад. Мо, ҳунармандон, низ вазифадорем, ки тавассути театр ва синамо ҷомеаро ба роҳи рост ҳидоят намоем ва камбудиҳои ҷойдоштаро намоиш диҳему мардумро ба якдиливу ваҳдат хонем ва ҳувияти миллиро дар вуҷуди ҳама барангезем. Дар ин росто, зарур медонам, ки филмҳои зиёде оид ба таърихи халқи тоҷик бо услуби таҳияи синамогарони саршинос ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ сабт гарданд, то мардуми дунё донанд, ки халқи тоҷик воқеан ҳам тамаддуни қадимию ғанӣ дошт ва дорад, зеро тавассути санъати кино ақидаи мардумро метавон ба зудӣ дигар кард, - иброз дошт Моҳпайкар Ёрова.
Гуфтаниҳо
Мегӯяд, ки киноҳои «Тоҷикфилм» дар 3–4 соли охир хеле рушд кардааст, вале ҳамоно баъзе камбудиҳои мавҷуда садди пешрафти кинои тоҷик гаштаанд. Аз пардозгарони касбӣ, рассомони либос, наворбардорон ва ёварони коргардонҳо, ки дар офаридани филмҳо нақши муҳим мебозанд, танқисӣ дорад. Андеша меронад, ки барои омода кардани ин гурӯҳ шояд мактаби махсусе таъсис дода шавад ва ё курсҳои омӯзишӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ роҳандозӣ гардад. Ҷиҳати дигари масъала дарёфти сарпарастон аст, зеро барои сабти филми тамошобоб ва пурмазмун маблағи зиёд лозим меояд.
- Пешвои миллат низ дар вохӯрӣ бо зиёиён иброз доштанд, ки сатҳи намоишҳои театрӣ ва кино иртифои дигареро тақозо дорад. Мо, ҳунарпешаҳо, низ аз ин таваҷҷуҳи Роҳбари давлат миннатдорем ва умед ба он дорем, ки синамои тоҷик боз ҳам рушд хоҳад кард, - гуфт М. Ёрова.
Нигаронии ӯ нисбат ба он ҷавононест, ки Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъатро хатм мекунанду ба театр ба кор намеоянд ва ё меоянду пас аз муддате ин маконро тарк мегӯянд. Дар синамо бошад баъзан нақшҳоро ҳунарпешаҳои тасодуфӣ мебозанд ва табиист, ки он на самимӣ асту на касбӣ.
- Шояд ин гуна филмҳо то ҷое роғиб пайдо мекунанд, вале ин бурди синамо нест. Вазифаи ҳунарпеша нақшро пурра ба ҳадди ниҳоӣ расондан аст,- андеша дорад ӯ.
Маҳсули меҳнат
Моҳпайкар Ёрова дорандаи Ифтихорномаи Президенти кишвар, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устоди саҳна аст. Ӯ бо нақшҳои офаридааш дар филмҳои «Оинаи беҷило», «Журналист», «12 соли интизорӣ», «Арӯси замонавӣ» ва ғайра дар байни мардум шинохтаву пазируфта шуд. Дар синамо бештар нақши модарро бозида. Ба иқрори худи ӯ, он ашкҳое, ки рӯи саҳна мерезанд, воқеиянду дарди занону модаронро бозгӯ менамоянд.
- Ман модарам ва дарду мушкили модаронаро ба хубӣ дарк мекунам. Ҳангоми иҷрои нақши модар пурра ба он ворид мегардам, то ҷое ки фаромӯши худ мешавам. Баъзан дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр мардумони зиёдеро дучор меоям, ки яке бо ваҷд, дигаре бо дилсӯзӣ ва сеюмӣ бо нафрат ба ман хитоб мекунанд. Вале, ба ин нигоҳ накарда, ман ҳамаи онҳоро дӯст медорам, - бо табассуми малеҳ гуфт Моҳпайкар.
Орзуҳо
Моҳпайкар орзу дорад, ки ду писари дӯстдорашро хонадор созаду бад-ин васила соҳиби ду духтар шавад ва барои наберагон бибии меҳрубону дӯстдоштанӣ гардад. Орзуи дигари ӯ рӯи экран омадани филмҳои таърихии тоҷикисту бозидани нақши маликаи хирадманд дар онҳо.
- Умедворам, ки дар Тоҷикистони азиз ҷашнвораи байналмилалии театрӣ баргузор гардад, то бо ҳунармандони хориҷ табодули назар созему театри тоҷикро дар зинаҳои баланди касбият муаррифгар бошем - мегӯяд қаҳрамони мо.
Фарзона ВОСЕЕВА