30

Январ, 2023
Душанбе

30

Январ, 2023
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Рӯзе ки ҷаҳон офариниш ёфт

     Пас пурсише ба миён меояд, ки рамзу рози мондгорӣ ва безаволии Наврӯз чист, ки ҳеҷ орёитаборе онро ноошно, нопазиро ва носу-уда нест?
     Абураӣҳони Берунӣ дар «Аттафҳим» аз чистии Наврӯз пурсиш мекунад ва чунин посух медиҳад: «Нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва -зин ҷиҳат рӯзи нав ном кардаанд, зеро ки пешонии соли нав аст, он чи аз паси ӯст аз ин панҷ рӯз, ҳама ҷашнҳо ва шодмониҳост».
     Дар бораи ангезаҳои паӣдоиши ин ҷашни хуҷаставу муборак ҳикояту ривоятҳои мухталифе вуҷуд доранд. Гурӯҳе бар инанд, ки Наврӯз дорои решае заминист ва онро ба подшоҳии Ҷамшеди Таҳмураси Пешдодӣ, аз шаҳрёрони пуриқтидори ахди куҳан нисбат медиҳанд.
     Ба таъкиди Берунӣ, «Аҳли таърих дар сабаби ниҳодани ин рӯз ихтилоф кардаанд. Аз он ҷумла гуфта шуда, чун Ҷамшед дар ин рӯз ба салтанат нишаст, онро Наврӯз номиданд. Ва дигарон гуфтаанд, дар айёми Таҳмурас фирқаи соиба зуҳур карданд ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ нишаст, дини пешинро зинда кард ва аз ин рӯ оғози подшоҳии ӯро ҷашн гирифтанд».
     Ин ривоятро ба сурати дигартар дар «Фарҳанги Деҳхудо», ки маъхази он маълум нест, мехонем: «Ҷамшед ки саӣри олам мекард, чун ба Озарбойҷон расид, фармуд, тахти гавҳарнишоне ба ҷои баланде рӯ ба ҷониби Ховар гузоранд. Ва худ тоҷи гавҳарнишоне бар сар ниҳода бар он тахт бинишаст. Ҳамин ки офтоб рух намуд ва партаваш бар он тоҷу тахт афтод, фурӯғе дар ниҳояти рӯшаноӣ падид омад, мардумон аз он шод шуданду гуфтанд: «Ин рӯзи нав аст!» Ва чун ба забони паҳлавӣ шуоъро «шед» гӯянд, ӯро Ҷамшед хонданд ва ҷашни азим карданд ва аз он ин расм паӣдо шуд».
     «Таърихи Балъамӣ» оӣиншудаи таҷлили Наврӯзро ба додварзиву некигустарии Ҷамшед иртибот медиҳад: «Ҷамшед донишварон ва андешамандонро гирд кард ва аз эшон пурсид: Чист, ки мулкро боқӣ ва поянда дорад? Гуфтанд: Дод кардан ва дар миёни халқ некӣ кардан. Пас Ҷамшед доду адл густариш дод ва донишмандонро бифармуд: «Ман ба додрасӣ бинишинам, шумо назди ман биёед, то ҳар чи дар ӯ дод бошад, маро бинамоед, то ман он кунам». Ва нахустин рӯз ки Ҷамшед ба додрасӣ бинишаст, ҳурмуздрӯз буд аз моҳи фарвардин... Пасон рӯзро Наврӯз ном карданд».
     Ва аммо Умари Хаӣём дар «Наврӯзнома» агарчи ҷашнгирифти Наврӯзро аз Ҷамшед медонад, мабдаъ ва маншаи онро таҷдиду боззоиши табиат ва баробарии рӯзу шаб меангорад: «Сабаби ном ниҳодани Наврӯз аз он будааст, ки Офтоб дар 365 шабонарӯзе рубъе ба аввали дақиқа ба бурҷи Ҳамал ояд ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оӣин овард».
     Вале аз сапедадамони таърихи ақвоми орёитабор ривоятҳое низ вуҷуд доштаанд, ки тибқи онҳо Худованди Ягона ва Фарзона маҳз ҷаҳонро аз ҳеҷ дар Наврӯз халқ фармуд, осмонро бо саӣёраҳову ситораҳои бешумораш ба ҷунбиш оварду густариш дод, офтобро дурахшонид ва заминро устувор сохт. Аз ин нигоҳ Наврӯз ба унвони рӯзи офариниши ҷаҳон, осмон, офтоб, замин ва инсон дар назди мардумони густураи ҷуғрофиёӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Эрони Бузург аз арзиш ва аҳамияти фавқулодае бархурдор будааст. Чунонки аз Берунӣ дар фавқ нақли қавл кардем, Наврӯз нахустин рӯзи фарвардин аст, ки аввали рӯзи соли нав аст ва ин рӯзро эрониён рӯзи офариниши ҷаҳон донистаанд.
     Ҳар ҷашн ва ид хоҳ мардумист, хоҳ миллӣ, хоҳ динист ва хоҳ мазҳабӣ, фалсафае ва ҳикмате дорад ва бояд дар ин маврид ба суолҳои «чӣ замоне паӣдо шуд», «ба чӣ ҳадаф падид омад» ва «чӣ паёмҳое ошкору ниҳон дорад» ҷавоб ҷӯем. Наврӯз низ аз ин қоида мустасно нест.
     Аз дидгоҳи ин сӯ он ривоятҳое, ки зуҳури ҷашни Наврӯзро ба анвои мухталиф ба Ҷамшед нисбат медиҳанд ва ё пайванде байни он ва растохези табиат, ки дар баҳор рангу сурат мепазирад, меҷӯянд, наметавонанд ҷавҳари аслии Наврӯз бошанд ва бад ин рӯй носаҳеҳанд, зеро аввалан ҳамзамон ривоёте паӣдовар ҳастанд, ки пайдоиши ин ҷашнро бо пайдоиши ҷаҳон муртабит медонанд ва сониян куллияи ҷашнҳои қавмҳои қадим (хоҳ зинда, хоҳ мурда) ки аз ваҳӣи илоҳӣ гусаста нашуда бошанд, маншаи осмонӣ доранд, на мабдаи заминӣ. Вожаи орёии «ҷашн» аз «язишн» бархостааст ва маъниаш парастишу ибодати Худост ва ниёиш овардан ба даргоҳи Ӯст. Дар Наврӯз ниёгони мо на фақат дафу чанг мезаданду пой мекӯфтанду даст меҷунбонданд, то дар оғӯши гарми шодмонӣ аз ғаму ғусса раҳоӣ ёбанд, балки боз саргарми ибодат мешуданд ва ба Офаридгори хеш наздикӣ меҷустанд. Нақле ҳаст, ки Анушервони Додгар сафири Юстиниан, ампиротури Румро дар Наврӯз напазируфт, чун машғули ибодат буд. Калимаи арабии «ид» ҳам муҳтавои динӣ дорад ва аз «авдат» аст ба маънии бозгашт. Чӣ бозгаште? Бозгашт ба сӯи Худо! Зеро танҳо бозгашт ба сӯи Худо шодобиву шодмонӣ, ромишу оромиши ҳамешагиро ба дунбол дорад! Ҷашни Наврӯз ба дурустӣ ҷашни фарозаминист ва фарозамонӣ ва аз таърихи осмонии башар сарчашма мегирад.
     Дар ояти 3-и сураи Юнуси Қуръони Карим мехонем: «Парвардигори шумо Аллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз биёфарид; сипас ба Арш пардохт; тартиби корҳоро аз рӯи тадбир бидод». Ин калом дар ояти 54-и сураи Аъроф такрор мешавад.
     Аммо ин шаш рӯзро набояд ба содалавҳӣ шаш рӯзи заминӣ баршумурд, балки ин шаш рӯзи осмонист, ки бо рӯзи заминӣ билкул қиёспазир нест ва аз марҳилаҳои офариниши олам, ки ҳар кадом рӯзи наве дар хилқати илоҳӣ ба ҳисоб омада, бо Наврӯзи заминӣ татбиқпазир бошанд, ҳикоят мекунанд. Наврӯз бостонитарин ҷашн дар саропои таърихи башар ба шумор меояд, ва ҷашне бо ин пешинаро дар соӣири қавмҳо наметавон паӣдо кард. Беваҷҳ нест, ки доктор Алии Шариатӣ, ки ваҷдолудтарин ва шӯромезтарин гуфторро дар қаламрави Орёно дар бораи Наврӯз навиштааст, мегӯяд: «Агар рӯзе Худованд ҷаҳонро оғоз кардааст, мусалламан он рӯз ин Наврӯз будааст. Мусалламан баҳор нахустин фасл ва фарвардин нахустин моҳ ва Наврӯз нахустин рӯзи офариниш аст». Ин суханест мантиқӣ, зеро Худованд ҷаҳонро бар пояи ақл, мантиқ ва илми комили худ халқ фармудааст ва аз рӯи мантиқ на бо торикии анбӯҳ, на бо сармои қаҳратун, на бо барфу тӯфони зимистонӣ, на бо гармои майнагудози тобистонӣ, на бо гиёҳони пажмурдаву дарахтони хазондидаи поӣизӣ, балки бегумон бо рӯшаноии фаровон, бо анвори ҳаётбахши хуршед, бо боди зояндаи фарвардин, бо сабзаҳои чашмрабо ва гулҳои атрафшони баҳорӣ ба ҷунбишҳо, рӯишҳо ва шигифтиҳои бепоён оғозе сутург ва шигарф бахшидааст.

Фотеҳи АБДУЛЛОҲ

:.  Фарҳанг 21.04.2010 10:19 3773

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-ДЕКАБРИ СОЛИ 2022
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Ангораҳои «Нигора»
  • Бойгонӣ

Дастархон


Хӯриш бо анор
  • Бойгонӣ

Нигористон


ДЕКАБРИ-2022
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz