Мушкили беобӣ
Замира–сокини маҳаллаи «Роҳи нав»-и ҷамоати деҳоти «Ифтихор»: «Лойобаи каналро дар зарфҳо таҳшин намудаву ҷӯшонида истеъмол мекунем. Дар яке аз рӯзҳои аввали зиндагӣ дар хонаи шавҳар шӯрбои тайёркардаам маззаи талху дилбеҳузуркунанда пайдо кард. Хотири парешони маро пай бурда, падарарӯсам гуфт, ки «келин, акнун ба обҳои мо одат мекунӣ, оби ҷӯйборҳои мо баъзан ҳамин хел бӯйи ғализу маззаи талх пайдо мекунад, ки бо ҷӯшонидан ҳам бартараф намешавад». Дар тӯли солҳои зиёди сукунат дар ин макон ҷисми мардум ба пасобҳо мутобиқ шудааст. Аммо ману фарзандам тез-тез гирифтори бемориҳои гуногун мешавем.»
Маҳмадшариф Сӯфиев– сокини маҳаллаи «Роҳи сотсиализм»-и ҷамоати деҳоти Калинин: (Аҷабо, ҳоло ҳам мо ба ин роҳ равонему Калинин шахсияти муҳими таърихи мост?–идора) «Ду сол мешавад, ки аҳолии деҳотамон аз оби каналу ҷӯйборҳо истифода мебаранд. Замоне як созмони байналмилалӣ барои деҳа хатҳои обгузар овард. Аммо баъди муддати кӯтоҳе таҷҳизоти обкашӣ аз кор монд, зеро назорати иҷрои босифати лоиҳаҳо суст ба роҳ монда шуда буд. Иншооти мазкури обкашӣ гӯё барои ҳисоботи ҳамон ташкилот сохта шуда буд, ки ҳамааш дар як муддати кӯтоҳ корношоям гашт.»
Ҷомеа ва 10-солаи амалиёти об
Аз сӯҳбат бо собиқ кормандони корхонаи обу корези ноҳия маълум шуд, ки айни замон масъулияти тамоми ноҳияро бобати таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, як муовини раис бар дӯш гирифтааст. Зеро дар ноҳия корхонаи обу корез барҳам дода шудааст. Вале шиорҳоеро бо чунин мазмун ҳанӯз дучор омадан мумкин аст: «Даҳсолаи амалиёт барои оби тозаро сазовор пешвоз мегирем!»
Ба гуфти корманди масъули корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия Саидхӯҷа Сафархӯҷаев масъулияти таъмини аҳолии маркази ноҳия бо оби нӯшокӣ бар дӯши корхонаи онҳост ва 90 % аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъминанд. Вале аҳолии марказ низ шикоят доранд, ки оби ошомиданиашон ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нест.
Галина Курка – корманди масъули идораи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ: «Сифати оби ошомиданӣ моро ба ташвиш овардааст, аммо илоҷ надорем. Дар маркази ноҳия якчанд чоҳҳо мавҷуданд, ки аҳолӣ аз онҳо истеъмол мекунанд. Аммо онҳо низ коркард намешаванд. Вақте ин обро як муддат нигоҳ медорем, дар зери зарф маҳлули сабзранг таҳшин мешавад. Чанде пеш мутахассисони созмонҳои байналмилалӣ вазъиятро санҷида, гуфтаанд, ки дар сурати ноҷӯшонида истеъмол кардан ин об ба саломатии инсонҳо зарар хоҳад овард. Аммо мардум баъзан наҷӯшонида ҳам истеъмол мекунанд…»
Наталя Юрченко – сокини маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ: «Аз ҷумакҳои обгузар рӯзе ду-се соат об меояду халос. Он ҳам оби зеризаминӣ, ки тариқи насосҳои обкаш дастрас мешавад. Азбаски аз истеъмоли он ду маротиба гирифтори домана шудаам, барои тифлони худ рӯзе як зарфи 5-литра об мехарам. Мутаассифона, на ҳама чунин имкон доранд. Ин аст, ки ҳар фасли тобистон моро хатари паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ таҳдид мекунад.»
Агар дар маркази ноҳия баъди таҳшин кардани об зери зарф пур аз маҳлули сабзранг гардад, дар зери зарфҳои мардуми рустоҳо, ки аз пасобҳои ноҳияи Ёвон истифода мебаранд, зардоба ҷамъ мешавад. Бадии кор он аст, ки барои иддае аз сокинони ноҳия каналу ҷӯйборҳо нақши партовгаҳи равонро низ мебозанд.
Об аз боло лой?
Ба гуфти ёрдамчии духтури гигиенаи коммуналии маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия Маҳмадлоиқ Саидов, аз оғози соли ҷорӣ дар қаламрави ноҳия беш аз 90 ҳолати риоя накардани қоидаҳои санитарӣ ошкор карда шудааст. «Мо аз масъули идораи коммуналӣ сар карда то оддитарин сокини ноҳияро бинобар риоя накардани қоидаҳои санитарӣ ҷарима бастаем. Ҳатто маҷбур шудем, ки якчанд бонувони деҳоти гуногунро бинобар дар лаби сой шустушӯй карданашон аз 35 то 70 сомонӣ ҷарима бандем. Ба умеде, ки ба мардум ибрат бишавад…»
Аммо ба гуфти Маҳмадшариф Сӯфиев, «на дар ҳамаи маҳаллаҳои ноҳия барои пешгирии ифлоссозии оби каналу рӯдхонаҳо чораҳо андешида мешавад. Мардуме, ки дар атрофи каналу ҷӯйборҳои ҳудуди ҷамоати Калинин зиндагӣ доранд, ба дараҷае ифлоскор шудаанд, ки хасу хошоки оғилҳояшонро дар об меандозанд. Ин аҳволро масъулини ҷамоат медонанд, аммо ҷиҳати ислоҳи рафторҳои ношоистаи мардум касе кор намебарад. Ҳар саҳару бегоҳӣ, вақти ба кор рафтану омадан шоҳиди чунин лаҳзаҳо мешавам, аммо коре аз дастам намеояд. Чи ҳам гӯям, ки як сухан гуфта дар бало мемонӣ… Рӯзе нест, ки дар деҳа кӯдаке дарунрав нашавад. Ҳамин шабу рӯз ду фарзанди худам гирифтори ин беморианд…»
Масъала сари маблағҳостБа қавли Маҳмадшариф Сӯфиев, «Мушкили дигари мардум баландшавии обҳои зеризаминист. Азбаски заҳбурҳоро сари вақт тоза намекарданд, обҳои зеризаминӣ баланд шудаву шӯразор боғҳоро хушк кардааст. Баъди тоза кардани заҳбурҳо каме вазъи заминҳо хуб шуд, вале баъди аз нав пур шудани онҳо обҳои зеризаминӣ аз нав баланд шуда истодаанд.»
Чанде пештар сарбоғбони идораи кишоварзии вилояти Хатлон Назаралӣ Сафаров иброз дошт, ки ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар қатори ноҳияҳоест, ки дар қаламравашон хушкшавии ниҳолҳо бештар ба мушоҳида мерасад.
Умедхоҷа Зоиров–раиси ноҳия мегӯяд, ки сабаби асосии хушкшавии ниҳолҳои боғистони ноҳия баландшавии обҳои зеризаминист: азбаски дарёи Вахш аз сатҳи ноҳия 17 метр баланд аст, бо тоза кардани каналу ҷӯйборҳо ҳам сатҳи обҳои зеризаминӣ паст намешавад. Барои ҳалли ин мушкил маблағҳои калон лозим аст ва ноҳия бидуни дастгирии вилоят ва ҷумҳурӣ аз ӯҳдаи ҳаллаш баромада наметавонад.
Ба гуфти Саидакбар Аминов – сараграноми ноҳия то замоне, ки заҳбуру заҳкашҳо тоза карда нашаванд, ниҳолшинонӣ дар бештари мавзеъҳои ноҳия хароҷоти беҳуда аст.
Аммо аз чӣ бошад, ки то имрӯз мушкилиҳои экологии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ масъулини соҳаро ба ташвиш наовардааст. Вагарна чаро хомӯширо ихтиёр кардаанд? Охир, вазъи экологӣ ва мушкили оби нӯшокӣ вазъи саломатии аҳолӣ, пастшавии сатҳи зиндагии мардум, нодаркор шудани заминҳои зиёд ва садҳо проблемаҳое, ки ин мушкилот дар пайомади худ ба бор меоранд, масъалае нест, ки онро пинҳон бидорӣ. Аҷабо, чаро раисони навоҳӣ тамоми мушкилро сари маблағ мезананд? Чаро сиҳатии мардумро мушкили муҳим намешуморанд? Чаро таҳқиқоте гузаронида намешавад, ки аксари бемориҳои мардум ба вазъи экологӣ иртибот доранд? Ё хомӯшии роҳбарони ноҳия дарак аз салоҳияту кордонии онҳо медиҳад? Шумо чӣ мегӯед?
Ҷамолиддин Сайфиддинов