Тоҷик шудан осон аст?
Ё чаро миллате, ки 18 сол боз сохибихтиёр шудааст, имрӯз наметавонад, соҳиби шиносномаи сирф миллӣ бошад?
Ҳанӯз чанде қабл вақте сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз минбари расмӣ сухан ронд, ки вақти он омадааст, дар доираи расму оинҳои миллӣ ному насаби худро тоҷикӣ кунем, ҳамагонӣ бо кафкӯбиҳои пурмавҷ ин ташабуси миллатдӯстонаи Президентро истиқбол кардем.
Мушкилӣ дар номи тоҷикӣ
Он замон нафаре ҳам шубҳа карда наметавонист, ки дар ояндаи наздик гузаштан ба номгузории тоҷикӣ ба мардуми мо мушкилиҳоеро меорад, ки тоҷики соҳибистиқлол иҷборан шаҳодатномаи таваллуд ва шиносномаҳои тоҷикии худро аз нав бо шакли русӣ иваз мекунанд. Таҷрибаи 18 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки бинобар сабабҳои ҳузури ашхоси нолоиқ дар вазифаҳои масъули мақомоти марказӣ, мушкилиҳои иҷтимоӣ-иқтисодии мо заминаи воқеии муҳофизат аз арзишу ормонҳои миллиро надорад. Ин аст, ки то ба имрӯз асъори миллӣ ва ҳуҷҷатҳои расмии моро дар хориҷ аз кишвар нашр мекунанд ва маълумот оид ба мушкилоти печидаи давлат дар ин самт барои омма пӯшида мемонад.
Инак баъд аз гузаштан ба номгузории тоҷикӣ мухолифони ин тарҳ зарба аз нуктаи заифи мо мезананд. Сараввал муҳоҷирони кории мо дар Русия барои он ки, номи тоҷикӣ гирифтаанд ба мушкилот дучор шуданд. Ҳатто иддае аз онҳоро дар баробари аз ҳавопаймо фаромадан, бозпас ба Тоҷикистон мефиристанд.
Тоҷикӣ шараф аст, аммо осмон баланду замин….
Шомаҳмад Бекназаров сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар мегӯяд: «Баъди гузаштан ба номгузории сирф тоҷикӣ хушунати пулисҳои рус нисбати муҳоҷирони тоҷик зиёд шуда, моро ҳушдор медоданд, ки агар мехоҳед дар Руссия осуда кору зиндагӣ кунед, бе насаби «ов» вориди кишвари мо нашавед. Ҳарчанд мо ба мақомоти рус мефаҳмонем, ки мо бо номгузории миллӣ мехоҳем танҳо арзишҳои миллии худро пос дорем, вале онҳо гӯё аз боло супориши махсус гирифта бошанд, ки ҳатто моро шунидан намехоҳанд. Хушбахтона барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар дигар кишварҳои хоиҷӣ номҳои тоҷикиашон мушкилӣ пеш намеорад. Номгузорӣ бо шакли тоҷикона аз як ҷиҳат барои ҳифзи арзишҳои миллии мо муҳиму зарур аст. Аз ҷониби дигар, мушкилоти иҷтимоӣ моро маҷбур мекунад, ки барои дарёфти қути лойамут роҳ сӯи сарзамини бегона гирем. Ва русҳоро ин тасмимҳои миллии мо бобати эътирофи номгузории тоҷикӣ сахт безобита кардааст. Ман хело таассуф мехурам, ки имрӯз наметавонам номи худро тоҷикӣ кунам. Зеро баъди гирифтани номи тоҷикӣ дар Руссия барои ман ташвишҳои иловагӣ пайдо мешавад».
Бе «ов» дар мардикорӣ ҳам роҳ намедиҳанд?
Вақти гузаронидани тадқиқот маълум шуд, нафароне, ки дар шиносномаҳояшон ному насаби худро тоҷикӣ карданд, натанҳо дар хориҷ аз кишвар балки дар дохили кишвар ҳам ба мушкилиҳо дучор мешудаанд. Дар назди дӯкони фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ҷавонон шикоят мекарданд, ки агар дар шиноснома ному насаб тоҷикӣ навишта шуда бошад, барои онҳо чипта намефурӯшанд. Ин иддаои мусофирони хатсайри Тоҷикистон - Руссияро ҷавондухтари яке аз дӯконҳои фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо тасдиқ кард. Ба гуфти вай барои мусофироне, ки шиносномаҳояшон тоҷикӣ пур карда шудааст, ғайр аз шаҳри Москави Русия ба дигар шаҳрҳои ин кишвар чипта фурухта намешавад. Зеро онҳоро аз фурудгоҳҳои он шаҳрҳо бозпас ба Тоҷикистон мефиристанд.
Аммо кормандони ширкати «Олами Сайр», ки дар дигар нуқтаи шаҳри Қӯрғонтеппа ба фурӯши чиптаҳо машғуланд, мегӯянд, ки дар мо чунин маҳдудият вуҷуд надорад. Мо барои парвоз ба 9 шаҳри Руссия ва се кишвар Қазоқистон, Қирғизистон ва Аморати Мутаҳиддаи Араб чиптаи фурӯшӣ дорем.
Мақомоти шиносномадиҳӣ монеъи тоҷикигардонии ҳуҷҷатҳои расмӣ нест
Масъалаи дигаре, ки имрӯз боиси мушкили мардум шудааст, ин гирифтани шиноснома барои нафароне, ки дар шаҳодатномаи таваллуд ному насабашонро тоҷикӣ кайд кардаанд. Ҳангомаҳое паҳн шуданд, ки гӯиё барои гирифтани насаби тоҷикӣ шӯъбачаҳои корҳои шиносномадиҳӣ ва ба ҳисобгирии назди мақомоти умури дохила монеа эҷод мекунанд. Аммо сардори шӯъбачаи баҳисобгири аҳолии РКД-и вилояти Хатлон, Амонқул Ашуров гуфт, ки ин овозаҳо беасос мебошанд. Ба гуфтаи ӯ «Нишондоди шаҳрвандон дар шиноснома аз рӯи навиштаҷоти шаҳодатнома дар бораи таваллуди шаҳрванд нашр карда мешавад. Лозим меояд, ки шаҳрванд дар вақти пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо, барои гирифтани шиноснома, ба навиштаҷоти шаҳодатнома аҳамият диҳад, то ки дар ҷои нишондоди насаб насабашон ва дар ҷои нишондоди ном номи онҳо навишта шуда бошад. Бисёр ҳолатҳо ҳастанд, ки дар шаҳодатномаҳо аз рӯи анъанаҳои миллӣ, дар ҷои насаби шаҳрванд номи шаҳрванд ва дар ҷои ном насабаш навишта шудааст. Яъне дар вақти навишта шудани шаҳодатномаи таваллуд ба ивазшавии насаб, ном ва номи падари шаҳрванд аҳамият дода нашудааст».
Тибқи иттилои манбаъ дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон ба 130 511 нафар шаҳрвандон шиносномаи миллӣ супурда шудааст, ки аз ин ҳисоб 1237 шаҳрвандон шиносномаҳои худро дар асоси расму оинҳои миллӣ гирифтаанд.
Иштибоҳҳои чандинсола акнун кашф шудаанд
Имрӯзҳо ба бахшҳои Сабти Асноди Шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бештар шаҳрвандоне муроҷиат мекунанд, ки вақти пур кардани шаҳодатномаҳои таваллуди фарзандонашон ҷои ному насаб иваз шудааст.ю Ҳатто дар баъзе аз шаҳодатномаҳои таваллуд ҷойи нишондоди насаб холӣ монда, ному насаби шаҳрванд нодуруст дар мисоли Саидаи Шомаҳмад қайд гардидааст, ки ин шакли пур кардани шаҳодатномаҳо нодуруст мебошанд.
Мутаассифона чунин иштибоҳҳо дар вақти пур кардани шаҳодатномаи таваллуди шаҳрвандон на яксолу ду сол балки 18 сол давом карда, акнун вақте соҳиби шаходатнома ҳуқуқи гирифтани шиносномаро пайдо кардаст, ба мушкилӣ дучор мешавад. Масъулини шӯъбаҳои шиносномадиҳӣ иброз медоранд, ки шаҳрвандоне, ки ному насабашон дар шиносномаҳояшон нодуруст кайд шудааст, мебояд аввал шаҳодатномаи тавваллудро ислоҳ кунанд. Акнун тасаввур кунед, ки дар 18 соли охир дар ҳудуди вилояти Хатлон чӣ қадар тифлон ба дунё омада, дорои чунин шаҳодатномаҳои нодуруст мебошанд?
Бибигул Собирова мудири бахши САҲШ ноҳияи Бохтар мегӯяд: «Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Бохтар 2685 шаҳодатномаи таваллуд додаем, аз он ҷумла ба 360 шаҳодатнома ислоҳот ворид кардаем. Мушкил дар он аст, ки дар ҷойи ном насаб ва дар ҷои насаб баръакс номи шаҳрванд омадааст. Мисоли агар мо тифли навзодро бо номи Идигулли Изатулло ба қайд гирифта бошем, ҳангоми гирифтани шиноснома маълум мешавад, ки ин тарзи навиштани ному насаб нодуруст буда, бо ин шакл шаҳрванд шиноснома гирифта наметавонад. Шакли дурусти он бояд Иззатуллозодаи Идигул бошад».
Башорат Ҷабборова коргузори САҲШ ноҳияи Шаҳритус дар сӯхбат бо БТ иброз дошт, ки: «Дар арафаи қабули хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагони ба мактабҳои олӣ, муроҷиати мардум барои ислоҳот даровардан ба шаҳодатномаҳои фарзандон зиёд шуд. Бояд ошкоро гуфт, ки то иштирок дар як семинари махсус барои омӯзиши кормандони соҳа дар самти дуруст пур кардани шаҳодатномаҳои таваллуд мо кормандони соҳа дар шаҳодатномаҳо ному насаби шаҳрвандонро нодуруст пур мекардаем. Мутаассифона гузаштан ба ному насаби тоҷикӣ ҳанӯз аз солҳои 1992-юм оғоз шуда то имрӯз ҳазорҳо адад шаҳодатномаҳои шаҳрвандон нодуруст пур карда шудаанд. Акнун мардум маҷбуранд, ки дубора 35 сомонӣ маблағ сарф намуда, дар шаҳодатномаҳои худ ислоҳот дароваранд.
Аммо Малоҳат Назирова мудири бахши САҲШ ноҳияи Қубодиён, иброз медорад, ки дар 18 соли охир дар ноҳия 90% мардум ба ҳамон шакли русӣ ному насаби худро ба қайд гирифтаанд. Мутаассифона аз оғози сол 35 нафар шаҳрвандони ноҳия аз Руссия баргашта, дар шаҳодатномаҳо ва шиносномаҳои худ ислоҳот даровардаанд. Дар маҷмӯъ аз оғози сол 381 нафар сокинони ноҳия бо сабабҳои гуногун шаҳодатномаҳои такрорӣ гирифтаанд.
Коршиносони масоили иҷтимоӣ ҳадс мезананд, ки теъдоди эҳтимолии аҳолии вилоят ки тӯли сохибистиқлолии кишвар бо ному насаби тоҷикӣ шаҳодатнома гирифтаанд, беш аз 1 миллион нафарро ташкил мекунад. Аз ин теъдод чӣ қадар шаҳрвандонро мебояд, ки ба шаҳодатномаҳои худ ислоҳот ворид кунанд, то соҳиби шиноснома гарданд, хануз пурра маълум нашудааст. Акнун барои ислоҳот даровардан дар шаҳодатномаҳои бешумор ҳар нафар шаҳрвандро мебояд, ки 35 сомонӣ иловатан сарф намояд, то соҳиби шиноснома гардад. Оё метавон барои ин хисороти ҳангуфт мақомотеро гунаҳкор донист? Ин иштибоҳи бузург аз ҷониби кадом мақомот содир шудааст?
Замоне барои як кишвари соҳибистиклоле дар хориҷа шиноснома «фармоиш» медиҳанд. Иштибоҳан ҳарфи аввали болои ин ҳуҷҷати расмиро хато менависанд. Тақрибан 11 тонна коғази киматнокро ба коми оташ медиҳанд. Агар мо ҳам шаҳодатномаҳои дар 18 соли охир хато пур кардашударо дар як майдон чамъ карда оташ занем, танҳо дар сатҳи як вилояти кишвар, хисороти онро тассавур карда метавонед? На! Зеро харҷи он аз киссаи мардум шудааст.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН