Ҳамватанон хуб огоҳанд, ки пас аз гузашти садсолаҳои бедавлатӣ, азобу шиканҷа ва имтиҳони таърих дар санаи мубораки 9-уми сентябри соли 1991 халқи тоҷик истиқлолияти давлатии худро мушарраф шуд ва ин рӯйдоди таърихӣ роҳҳои бастаи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию илмиро ба рӯйи мо боз намуд. Оғози солҳои соҳибистиқлолӣ барои сокинони мамлакати мо чӣ мушкилиҳо овард, ҳамагон хуб медонанд. Дучор омадан бо ҷанги шаҳрвандӣ, бо касофати он рӯй ба харобӣ овардани соҳаҳои мухталифи давлатдорӣ боз халқи тамаддунпарвари моро бо як имтиҳони ҷиддии таърих – шинохти хеш ва нигоҳдории давлати тозаистиқлол рӯ ба рӯ кард. Ҷойи шукр ва ифтихор он аст, ки мардуми мо аз ин имтиҳони сангини қисмат бо раҳнамоии марди шуҷоъ, сиёсатмадори он замон ҷавону хирадманди худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона баромад ва дастовардҳою самараи ин сиёсат имрӯз барои ҳамагон рӯшан аст.
Дигар мушкиле, ки дар солҳои нахусти давлатдорӣ ба он дучор гардидем, ин бунёди ҳамаи зинаҳои давлатдории навин буд ва дар ибтидо на ҳама моҳияти ин вазифаю масъаларо хуб дарк менамуданд. Баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ дар қасри «Арбоб»-и ноҳияи ба номи Бобоҷон Fафуров дар ташкили сохторҳои давлатдорӣ ва интихоби Сарвари кишвар инқилоби маънавию моддиеро ба амал овард, ки вакилони халқ ва кулли сокинони диёрро водор намуд, аз ғаразҳои шахсӣ канораҷӯй бошанду ба хотири пойдории миллат ва зиндагии осуда ба ҳам оянд.
Расидан ба Ваҳдати миллӣ ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ чароғи хирад ва ватандории моро фурӯзонтар намуд. Ваҳдат сарчашмаи саодат, худшиносию худогоҳӣ ва пояи рушди соҳаҳои мухталифи давлатдорӣ аст. Ваҳдати мардуми мо ваҳдати ҷовидонӣ ва пурсамарест, ки мо аз нахустмеваҳои ин неъмати беназир баҳравар мегардем.
Шукр аз он, ки мо Сарвари хирадманд ва дурандеш дорем. Имрӯз Тоҷикистон хонаи ҳамаи тоҷикони рӯйи олам аст. Мо дар баробари устувор намудани пояҳои давлатдорӣ, ба рушди соҳаҳои мухталиф мушарраф гардида, дар сиёсати байналхалқии худ низ мақоми шоистаро соҳиб шудаем. 20 сол дар таърих фосилаи тӯлонӣ набошад ҳам, барои мардуми мо марҳилаи басо таърихсоз ба ҳисоб хоҳад рафт. Бо дастур ва ҳидояти Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои Истиқлолият дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллии кишвар дастовардҳои беназир ба даст омад.
Сафари чанд рӯз қабл анҷомдодаи Президенти кишвар ба вилояти Суғд ва мавриди истифода қарор гирифтани даҳҳо иншоотҳои ҷашнӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки мо ба аҳди давлатдории худ пойбарҷой ҳастем ва рӯҳияи халқи мо комилан ҷонибдори сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки беҳтарин дастовард ба шумор меравад.
Хушбахтона, мояи ифтихори тамоми тоҷикону тоҷикистониён аст, ки дар давраи нави давлатдории мо бо ҳидояти доимии Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зан-модар дар кишвари мо мавқеи баландро соҳиб гаштааст. Имрӯз занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, вазифаи модарии худро барои дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, худогоҳу худшинос ва ватандору ватандӯст будан сарбаландона иҷро мекунанд.
Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи ҳуқуқҳои занон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ якчанд амру фармон ва барномаҳо ба тасвиб расидаанд. Аз ҷумла, Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо ба беҳбудии минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти занон дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо занони кишвар аз 7 марти соли 2006 ва Қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол барои рушди соҳибкории хурд ва миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ гранти Президентӣ ҷудо карда мешавад.
БОНУВОНИ РОҲБАР
5 нафар ба ҳайси раиси шаҳру ноҳия;
67 нафар муовини раиси вилояту шаҳру ноҳияҳо.
Дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар вилоятҳо:
Хатлон - 2565 нафар;
Суғд - 2393 нафар;
ВМКБ - 373 нафар.
Дар вилоят 1 нафар муовини раиси вилоят, 2 нафар раисони шаҳру ноҳия аз ҳисоби занон тасдиқ шуданд. Алҳол дар мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят 19 ҳазору 489 нафар занон фаъолият мебаранд. Дар вилоят 7 нафар зан дар мансаби мудири шӯъбаи маорифи шаҳру ноҳия, 225 нафар дар вазифаи директори мактаб ва 901 нафар дар вазифаи ҷонишини директори мактаб оид ба корҳои таълиму тарбия фаъолият доранд, ки панҷ сол муқаддам шумораи директорони мактаб аз ҳисоби занон 187 ва ҷонишинон директорон 864 нафарро фарогир буд. 15 нафар омӯзгорзанони вилоят ба гирифтани унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва наздики 1000 нафар ба гирифтани мукофотҳои давлатӣ ва нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон ноил гардидаанд.
Шумораи занони олима дар вилоят сол то сол меафзояд. Имрӯзҳо дар мактабҳои олии вилоят 10 нафар доктори илм ва 115 нафар номзади илм аз ҳисоби занон кор мекунанд.
Дар миқёси вилоят тибқи квотаи Президентӣ соли хониши 2010-2011 ба макотиби олии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар 163 нафар духтар аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят ба хониш ҷалб карда шуданд.
Дар соҳаи тиб низ нақши занон шоистаи эътироф ва тарғиб аст. Аз 33 нафар роҳбари муассисаҳои тиббӣ 12 нафар, аз 42 нафар муовинони роҳбарони муассисаҳои тиббӣ 22 ва аз 20 нафар мудирони шӯъбаҳои муассисаҳои тиббӣ 7 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Дар соҳаи тибби вилоят 37 нафар номзади илм фаъолият дорад, ки аз он 11 нафарро занон ташкил медиҳанд. Занон дар баробари иҷрои корҳои роҳбарӣ дар дастовардҳои илмии мамлакат низ фаъоланд ва мавзӯи рисолаҳои илмиашон аҳмияти муҳими соҳавӣ дошта, метавонад дар пешбурди илми ҷаҳонӣ низ саҳмгузор бошад.
Имрӯз дар вилоят 3 ҳазору 638 нафар занон дар корҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Аз ин миқдор дар соҳаи саноат 385 нафар, кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал 410 нафар, нақлиёт ва алоқа 89 нафар, сохтмон 58 нафар, савдо ва хӯроки умумӣ 99 нафар, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хизматрасонии маишии аҳолӣ 54 нафар, тандурустӣ 305 нафар, фарҳанг ва илм 85 нафар, қарзгузорӣ 122 нафар ва дар дастгоҳи мақомоти идораи давлатӣ ва хоҷагӣ 484 нафар кор мекунанд. Соли 2010 дар вилоят 382 ҳазору 910 нафар машғули кор буданд, ки 176 ҳазору 370 нафари он аз ҳисоби занон аст.
БОНУВОНИ ТОҶИКИСТОН
Минбаре, ки 5 сол боз…
… зодаи истиқлолият аст.
… аз ҷониби Президент ба хотири рушду такомулашон ба бонувон ҳадя шудааст.
… аз воқеияти зиндагии занон мегӯяд.
… муаррифгари дастовардҳои онҳост.
… ҷиҳати ҳалли мушкилоти бонувон масъалагузорӣ мекунад.
… як қадами қатъӣ дар роҳи шинохти баробарҳуқуқии занон муаррифӣ мешавад.
Дар вилоят 1 нафар зан узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ интихоб гардид. Намояндагии занон ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилоят 5 нафар ё худ 41,6%-ро ташкил медиҳад, ки назар ба интихоботи соли 2005 3 нафар ё худ 25% афзунтар аст, ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд 12 нафар занон интихоб шуданд, ки 17,9 фисадро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбати соли 2005 2 фисад боло рафтааст, намояндагии занон дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 83 нафарро ташкил дода, ин шумора низ 2,4 фоиз ё 14 нафар зиёд шудааст, дар ҳайати вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти вилояти Суғд 464 нафар занон намояндагӣ доранд, ки ба 16,6 фоиз баробар аст.
Ба ҳамагон бори дигар пешравии фаъолият ва саломатию рӯзгори ободро таманно намуда, бо фарорасии ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ муборакбод мегӯям.
Муовини раиси вилояти Суғд
Мавҷуда Бобоева