БОЙГОНӢ

«    Апрел 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Иззаташ аз заҳмат аст

---

Фаъолияти касбии Гуландом Назаршоева шастучор сол қабл, пас аз хатми факултаи химияи Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) ҳамчун омӯзгор дар мактаби деҳаи дурдасти Миёншаҳри ноҳияи Шуғнон оғоз гардида буд. Бо омадани кадри нави ҷавон фанни химия дар мактаб ба фанни шавқовару дӯстдоштаи хонандагон табдил ёфт. Дар усули таълим навовар ва дар иҷрои вазифаи касбӣ ва ҷамъиятӣ ташаббускор будани омӯзгори ҷавон боис гардиданд, ки ӯ зуд байни маорифчиёни ноҳия мақом пайдо кунад. Боварӣ ва эътимод ба қобилияти педагогӣ ва ташкилотчигии омӯзгори ҷавон имкон доданд, ки пас аз чанде ӯро муовини директор оид ба корҳои таълими калонтарин мактаб дар ноҳия, ки ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур гузошта шудааст, таъин намоянд.Чор соли фаъолият дар ин ҷода барояш ҳамроҳ бо дастовардҳои нави арзандаи таълимӣ буданд.

Соли 1968 Г. Назаршоева директори мактаби 8-солаи №11-и деҳаи Кӯшки ноҳия таъин гардида,15 сол фаъолияти босамари педагогӣ ва роҳбариашро ба таълиму тарбияи хонандагони ин мактаб бахшид. Дар давраи роҳбариаш мактаб, ки дар он фарзандони сокинони якчанд деҳаи гирду атроф таҳсил менамуданд, ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил ёфта, сафи хонандагон аз 450 ба 800 расид. Ба манзури ҳалли масъалаи таъмин намудани муҳассилин бо синфхонаҳо бо ибтикори муаллим ба тариқи ҳашар дар навбати аввал се синфхонаи иловагӣ бунёд гардид. Муассисаи таҳсилотӣ аз лиҳози дастовардҳои фаннӣ ва таълимӣ ва мизони баланди дохилшавии хатмкунандагони он ба макотиби олии кишвар мақоми яке аз беҳтарин мактаб дар вилоятро касб намуд.

Муаллим, ҳамчунин ташаббускори ба номи нахустгенерали тоҷик Мастибек Тош­муҳаммадов гузоштани мактаб гардида, осорхонаи мактаб аз ҳаёт ва фаъолияти пуршарафи ин афсари шуҳратманду номбардори миллати тоҷик ба насли имрӯз нақл мекунад.

 Бинои мактаб дар соли 1940 сохта шуда буду бо афзоиши шумораи хонандагон бо усули сохтани ҳуҷраҳои иловагӣ ва гузоштани вагонҳо масъалаи таъмин намудан бо синфхонаҳо ҳал мегардиданд. Имрӯз дар ҷойи бинои куҳна зеботарин ва замонавитарин бинои таълимии дуошёна қомат рост намудаст, ки дар маросими ба истифода додани он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд. Ин бунёдкорӣ аз таваҷҷуҳи беназири Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти давлат ба маориф ва рушди бесобиқаи соҳа дар даврони Истиқлоли давлатӣ шаҳодат медиҳад,-изҳор дошт раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнат.

Бештар аз даҳ сол Гуландом Назаршоева раиси деҳоти Поршиневи ноҳия буд. Ин давра ба авҷи пиллакориву тамокукорӣ ва парвариши рустаниҳои шифоӣ дар ҳаҷми саноатӣ рост омада, ҳамоҳангии хуби мақомоти маҳаллӣ бо мардум натиҷабахш буданду иҷрои босифати нақшаҳои истеҳсолӣ ҳамеша таъмин мегардиданд.

Баъди ба нафақа баромадан ҳам зану шавҳар, ки ҳарду дар риштаи омӯзгорӣ заҳмати ҳалоли зиёд ба харҷ доданд, бекор нанишастанду замин ба иҷора гирифтанд. Аз лиҳози нишондиҳандаҳои ҳосили баланди гандуму сабзавот ва даромад аз фурӯшашон ва афзоиши саршумори моли майда онҳо ба соҳибкорони муваффақ табдил ёфтанд.

Инак, 12 сол боз Г. Назаршоева раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шуғнон аст. Дар ноҳия 5 ҳазору 400 собиқадори ҷангу меҳнат, ки 41 нафараш аз 90-сола болост, ҳаёт ба сар мебарад.

Аз рӯи маълумот 283 ҷавонписари ноҳия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 дар майдони муҳориба бо фашизми ҳитлерӣ дар қатори дигар фиристодагони Тоҷикистон корнамоӣ нишон дода, зиёда аз 100 нафараш қаҳрамонона ҷон бохтааст. Онҳое, ки аз майдони набард баргаштанд, дар ҳаёти осоишта бо кору пайкори содиқона бар нафъи халқу Ватан раҳнамои насли наврас гардида, нахустгенерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммадов ва дорандаи ордени Байрақи Сурх Ҳозиршо Хусравов аз зумраи чунин диловарон буданд. Боиси таассуф аст, ки имрӯз касе аз иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт нест. Айни ҳол як нафар иштирокчии ҳодисаҳои Венгрия, ки имтиёзҳои баробар бо иштирокчиёни ҶБВ-ро дорад ва панҷ нафар ҳамсарони собиқадорони ҷанг ҳаёт ба сар мебаранд, ки таҳти дастгирии ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Собиқадорони ҷангу меҳнат иштирокчии фаъоли ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дар ноҳия ҳастанд. Дар шаҳрак ва деҳоти ноҳия 67 ташкилоти ибтидоӣ амал мекунад, ки дар ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ташкилот бо мақомоти маҳаллӣ ва мардум нақши муҳим доранд. Собиқадорон дар бисёр маврид пешоҳанги ташаббусҳои шаҳрвандӣ буда, ҷавонон таҳти роҳнамоии онҳо дар сабзкорӣ, ободонӣ, тозагии маҳал, оромгоҳҳо, чароғонкунии роҳҳо ва кӯчаҳо ва дигар корҳои ҷамъиятӣ фаъол мебошанд.

Роҳбари собиқадорони ҷангу меҳнат Гуландом Назаршоева фаъолияти меҳнатии бештар аз нимасраашро нисори хизмати содиқона ба давлат ва ҷомеа намудааст. Дар ҳар ҷодае, ки ба вай бовар карданд, ӯ вазифаи хидматиашро бо саъю кӯшиши тамом ва масъулияти баланд иҷро кардааст. Ӯро бонуе ном мебаранд, ки қалби ҳамешаҷавон дораду меҳнати садоқатмандона дар иҷрои вазифаи хидматӣ дар сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ вайро барои ҳамагон чеҳраи шинохта ва соҳибэҳтиром гардондааст.

М. ШОҲҶАМОЛ,

ноҳияи Шуғнон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2025_small_.pdf [4.22 Mb] (зеркашиҳо: 19)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон