Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Посдори хотираи миллат
ҶавононАз хурдӣ дили ӯ ба ёди гузаштагон метапид. Гӯё рӯҳи таърих бо ӯ ҳамнафас буд. Ҳар гоҳе, ки саҳифаҳои китоберо мекушод, дар назараш саҳнаҳои рӯзгори дерина зинда мегаштанд.
Садои пойи сипаҳсолорон, нидои қаҳрамонон ва шукуҳу ҷалоли тамаддуни ниёгон. Ба гузашта ҳамчун рӯйдодҳои хомӯш наменигарист, балки онро чун дарёе пурҷӯш эҳсос мекард, ки аз қаъри асрҳо ҷорӣ шуда, то ба имрӯз мерасад. Ҳангоме ки ҳамсолонаш орзуҳои кӯдакона мепарварданд, ӯ дар хаёлаш бо донишмандон ва қаҳрамонони таърих ҳамсуҳбат мешуд. Номи шахсиятҳое чун Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Темурмалик, Восеъ, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Абуалӣ ибни Сино барояш танҳо ном набуд, балки рамзи ҷасорат, хирад, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба шумор мерафт.
Дар симои Исмоили Сомонӣ эҳёи давлатдориро медид, дар қаҳрамонии Спитамену Темурмалик рӯҳи озодихоҳиро эҳсос мекард, дар осори Рӯдакиву Фирдавсӣ нидои ҷовидонаи фарҳангро мешунид ва дар хиради Ибни Сино қудрати андешаи инсониро дармеёфт. Барои ӯ ин чеҳраҳо чароғҳои роҳнамо дар роҳи худшиносӣ ва ватандорӣ маҳсуб меёфтанд. Ӯ ба воқеаҳо бо назари таҳқиқ менигарист, ҳар санаро бо шавқ меомӯхт ва ҳар достонро дар дил нигоҳ медошт. Шавқи ӯ ба таърих мисли чароғе буд, ки роҳи зиндагияшро равшан месохт. Бовар дошт, ки бе шинохти гузашта, оянда низ равшан нахоҳад буд. Аз ҳамин рӯ, орзуи бузурги ӯ на танҳо омӯзиши илми таърих, балки зинда нигоҳ доштани хотираи миллат ва расондани ҳақиқати рӯзгорони гузашта ба наслҳои оянда буд.
Дар миёни он орзуҳои кӯдакӣ духтаре ба камол мерасид, ки исмаш Сарварбӣ, зодаи диёри куҳанбунёди Ховалинг буд. Кӯҳҳои сарбаафлок ва ҳавои софи диёр гӯё аз овони кӯдакӣ дар қалби ӯ муҳаббати таърихро мекоштанд.
Сарварбӣ аз ҳамон айём дарёфт, ки зиндагӣ танҳо аз имрӯз иборат нест, балки он реша дар гузашта дорад. Ҳар санг барои ӯ ҳикояте дошт, ҳар кӯҳ порае аз достони миллатро дар сина ниҳон мекард. Вақте дигарон аз орзуҳои одӣ мегуфтанд, ӯ дар хаёлаш бо чеҳраҳои таърих ҳамқадам мешуд ва саҳифаҳои пуршукӯҳи миллатро варақ мегардонд.
Шавқи дониш ӯро ба саҳнаҳои озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ бурд. Дар ҳар мусобиқа на танҳо барои гирифтани ҷойи намоён, балки барои исботи муҳаббаташ ба илми таърих талош меварзид. Меҳнати пайгирона ва дилбастагии самимӣ самар доданд ва ӯ борҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуд.
Соли 2021 орзуи деринааш ранги воқеият гирифт. Тибқи квотаи Президент ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар ихтисоси осорхонашиносӣ дохил шуд. Он рӯз барояш оғози саҳифаи нави зиндагӣ буд — саҳифае, ки дар он дониш, таҳқиқ ва ҳифзи мероси миллӣ ҷойгоҳи хос дошт.
– Вақте тибқи квотаи Президент дохил шудам, дар пойтахт бо шароити хуб таҳсилро идома додам, – ифшо намуд Сарварбӣ.Солҳои донишҷӯйӣ мисли сафаре пурмазмун гузаштанд. Бо ҷидду ҷаҳд таҳсил мекард ва Донишкадаро бо баҳои аъло хатм намуд. Аммо дониш барои ӯ танҳо ба дарсҳо маҳдуд намешуд.Ҳини таҳсил ҳамчун таҷрибаомӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон фаъолият бурда, миёни ашёи қадима, дастхатҳо ва ёдгориҳои таърихӣ худро дар муҳити орзуҳояш эҳсос мекард. Ҳар нигора барояш як саҳифаи зиндаи таърих буд, ҳар бозёфт панду ҳикмате аз гузашта ва ин таҷриба меҳри таърихро дар қалбаш меафзуд.
Пас аз хатми Донишкада метавонист дар пойтахт бимонад, аммо қалбаш ӯро ба зодгоҳ мехонд. Сарварбӣ ба Ховалинг баргашт — ба ҳамон гӯшаи диёре, ки дар қалбаш муҳаббати таърихро кошта буд. Имрӯз вай дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ховалинг фаъолияти пурсамар дорад ва бо эҳсоси масъулият мероси гузаштагонро ҳифз мекунад.
Ҳар рӯз дар миёни ашёҳои таърихӣ қадам мезанад, гӯё бо гузаштагон суҳбат меорояд. Бо ҳар меҳмон, бо ҳар ҳаводоре, ки аз дари осорхона ворид мешавад, ӯ на танҳо маълумот, балки шуълаи муҳаббат ба таърихро дар қалбҳо равшан месозад. Рӯзгори Сарварбӣ гувоҳ аст, ки орзуи пок, агар бо меҳнат ва садоқат ҳамроҳ гардад, ба воқеият табдил меёбад. Ӯ имрӯз на танҳо як мутахассиси ҷавон, балки посдори хотираи миллат аст — посдоре, ки медонад бе шинохти гузашта, оянда равшан нахоҳад буд.
Гулшан ҶӮРАЗОДА,
ноҳияи Ховалинг
Мубодила:
Шарҳҳо










