БОЙГОНӢ

«    Май 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Хез модар, аскарбачаат омадааст…

Ҷавонон

         Шаби сафед

Баъди дар тамос шудан бо писараш ин шаб дар чашми Ҳабиба хоб наомад. Гоҳ ин тараф ва гоҳе ба паҳлуи дигар гашта, мехост лаҳзае пинак равад. Чароғаки телефонро рӯшан намуд. Соат чанд дақиқа пас се. Боз сар ба болин ниҳод…

 

— Хез модар, аскарбачаат омадааст, — ин нидои пурғулғулаи шодиангези Сафаралӣ ӯро аз хоби яклаҳзаина бедор кард.

— Як мижа хобам бурдаасте, аз дарвоза даромадани бачама надидаме… — гӯён даступохӯрда аз ҷой ҷаҳида, дав-давон сӯи писараш оғӯш кушод модар.

Ҳабиба ба занҳои ҳамсоя, ки сари танӯр ҷамъ шуда, машғули кулчапазӣ буданд, аз ҳодисаи хушҳолкунандаи имшаба қисса мекард. Аз ҳама зиёдтар дар чеҳраи модар шодӣ ҳувайдо буд…

Дарси падар

Сафаралӣ пас аз хатми мактаб тасмим гирифт, ки аввал дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмати Ватан-Модарро адо намояд. Ӯ ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав рафта, аризаи ихтиёран барои ба хизмати ҳарбӣ рафтанро супурд ва баҳори соли 2024 ба қисми ҳарбии «н»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, ба мудофиа ва нигаҳбонии марзу буми Ватан раҳсипор гардид.

Сафаралиро баъди ду соли адои хизмати ҳарбӣ назди зодмандон ва дар ҳалқаи дӯстону хешу табор шоду масрур дарёфтем. Рӯи ҳавлӣ пур аз кӯдакону наврасон ва ҷавонписарон, онҳо чашми ҳавас аз қадду қомати зебо ва тани обутобёфтаи аскарбача намеканданд. Кулоҳи сарбозро наврасон бо навбат ба сар ниҳода, бо шавқу завқ аксбардорӣ мекарданд. Хурсандии мардуми деҳаи Савдаи ноҳияи Шаҳринав аз омадани аскарбача ҳадду канор надошт.

 

— Соҳиби 9 писар ҳастам ва Сафаралӣ писари панҷуми хонадон аст. Ӯ низ чун бародаронаш хизмати Ватан-Модар, қарзи фарзандиашро адо намуда, бо сари баланд ба хона баргашт. Муваффақияти ҳар фарзанд аз тарбияи дар муҳити оила гирифтааш аст ва аз он ки писарон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҷавонмардӣ ва инсонпарварӣ ба воя расидаанд, омодаи хизмат ба халқ ва Ватани азиз ҳастанд. Аз сарбаландии писарон шоду мамнунам, — бо дили лабрез аз шодӣ қаноатмандона мегӯяд Султоналӣ Муқимов.Мавсуф худ корманди ҳарбӣ буд, хизмат ба Ватан-Модарро қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус дониста, онро мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ медонад. Ӯ на танҳо ин ғояро миёни писарони худ тарғиб менамояд, инчунин, ҷавонону наврасони деҳаро, ки синну солашон ба даъвати аскарӣ наздик расидааст, барои ихтиёран шомил шудан ва адои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро талқин менамояд.

       Тантанаи анъана

— Дастгирию ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба беҳбудии шароити моддӣ-маишии афсарону сарбозони артиши миллӣ шаҳодати арҷгузорӣ ба ин неруи тавоно ва кафили суботу оромӣ дар кишвар мебошад. Бахши кор бо ҷавонони ноҳия чунин анъанаро роҳандозӣ намудааст, ки волидон пеш аз сафарбар кардани фарзандон ба хизмати аскарӣ аз қисмҳои ҳарбӣ дидан менамоянд. Онҳо пешакӣ аз шароити будубош ва зиндагии писаронашон дар қисмҳои ҳарбӣ ошно шуда, сипас бо қаноатмандӣ ихтиёран фарзандонашонро ба аскарӣ гуселонанд, — иброз медорад падари сарбоз.

Дар ноҳияи Шаҳринав ҳангоми гусели наваскарон ба артиши миллӣ ва пешвози онҳо пас аз адои хизмат анъанаи хуби дигаре низ роиҷ аст, ки он ба таври тантанавӣ байни аҳолии деҳаҳо гузаронда мешавад. Рӯзи ташриф намояндагон аз Ҷамоати деҳот, МИМҲД ноҳия ва собиқадорону пирони рӯзгордидаи маҳал ба пешвози наваскар баромада, сарбозро байни мардум муборакбодӣ менамоянд. Ӯро чун ҷавонмарди шуҷою ҳақиқӣ тавсиф мекунанд. Албатта, ин муносибат бо сарбозони ҷасуру тавонои Ватан ҷавонписарони деҳаро ба хизмати аскарӣ ҳавасманд ва ҷалб месозад.

Шодии модар

Ҳабиба мегӯяд, ки дар давраи хизмати аскарӣ Сафаралӣ ба рухсатӣ омада буд. Барои дидорбинии писар чандин маротиба ба қисми ҳарбии сарҳадбонон, ки воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд аст, рафтаанд.

— Имрӯз, ки дар рӯи хона Сафаралиро дидам, дилам ором асту осуда. Фикр мекунам, ки касе мисли ман хурсанд нест. Дар курта аз шодӣ намеғунҷам, ҳар қадар эҳсосамро фурӯ бурдан мехоҳам, намешавад.

Дар муддати ду сол барои хабаргирии сарбоз ҳеҷ монеа набуд, баръакс афсарону командирони қисми ҳарбӣ бо мо муносибати хубу самимӣ доштанд. Шукронаи оромиву амонии кишвар, ки фарзандам бо сари баланд адои хизмат карду сиҳат ва саломат ба наздамон баргашт, — бо шукргузорӣ мегӯяд модар.

Савганди ҳарбӣ барои як умр

Сафаралӣ рӯи ҳавлии падарӣ байни чанд тан ҷавонписарони ҳамдеҳа истода, дар бораи рӯзҳои нотакрори сарбозиаш гарму ҷӯшон суҳбат дошт. Ӯ мегуфт, ки бо афсарону ҳамхизматонаш мисли ёру бародар буданду аҳд кардаанд, ки пас аз фориғ шудан аз қисми ҳарбӣ дӯстиро давом хоҳанд дод. Аскарон дар раванди хизмати ҳарбӣ аз маводи хӯрока ва ҳам пӯшока камбуд надоштанд, ҷойи хоби муносиб ва фароғатгоҳу варзишгоҳҳои замонавӣ барояшон фароҳам оварда шудаанд.

— Ҳини қасамёдкунӣ дар қисми ҳарбӣ савганди ҳарбӣ ёд кардам, ки ба Ватани худ содиқ бошам. Қарзи ҳар инсон аст, ки дар ҳифзи марзу буми кишвар саҳм гузорад ва муҳофизатгари ин Ватан танҳо мо буда метавонем. Ба ҷавонписарон маслиҳат медиҳам, ки ба овозаю дасисаҳои нотавонбинон нисбат ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дода нашаванд, — меафзояд ӯ.

Сафаралӣ Муқимов бо нияту амалҳои нек тасмим дорад, то оянда дар самти тиҷорат фаъолияташро роҳандозӣ намояд. Бо заҳмати ҳалол луқма пайдо карда, аз пайи бунёди оилаи солим, сутуни хонадоне шавад, ки он пур аз фарзандони бонангу номус ва боиродаву ватандӯст бошад…

                                                                       Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,

                                                                              ноҳияи Шаҳринав

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2026_small.pdf [3.92 Mb] (зеркашиҳо: 61)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон