БОЙГОНӢ

«    Май 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҷавоне сарфароз аз қалби Роғун

Ҷавонон

  Дар домони кӯҳҳои осмонбӯси Роғун, он ҷо ки субҳ бо нафаси тоза ва нури заррини офтоб оғоз меёбад, зиндагӣ ранги дигар дорад. Табиат гӯё худ устоди бузург аст, ба инсон сабр, устуворӣ ва орзу карданро меомӯзад. Дар ҳамин муҳити пурилҳом шахсиятҳое ба камол мерасанд, ки бо заҳмати худ на танҳо роҳи зиндагии хеш, балки роҳи дигаронро низ равшан месозанд.

Парвина Иброҳимзода намунаи равшани ин гуна афрод аст. Ӯ зодаи шаҳри Роғун буда, рӯзҳои нахустини зиндагӣ дар муҳити одӣ, вале саршор аз меҳру муҳаббат ба воя расид.

Мегӯянд, ҳар инсон роҳи худро аз як қадами хурд оғоз менамояд. Қадами нахустини Парвина дар роҳи дониш аз мактаб оғоз ёфт. Ӯ бо шавқу рағбати зиёд ба омӯзиш машғул мешуд ва ҳар як дарсро ҳамчун як ҷаҳони нав қабул мекард. Бо гузашти вақт, муҳаббат ба илм ӯро ба роҳи омӯзгорӣ бурд. Пас аз хатми мактаби миёна, Парвина ба Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Хосият Махсумова дохил шуд. Ин марҳала барои ӯ давраи нав, давраи ҷустуҷӯ ва такмили қобилиятҳо гардид. Дар ин маъвои дониш на танҳо дониш омӯхт, балки дарк намуд, ки омӯзгор будан чӣ маъно дорад.

Пас аз хатми Коллеҷ таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ идома бахшид. Солҳои донишҷӯӣ барояш солҳои заҳмат, ҷустуҷӯ ва рушд буданд. Ӯ бо тамоми ҳастӣ мекӯшид, ки омӯзгори воқеӣ гардад.

Ҳар як маъруза, ҳар як китоб ва ҳар як таҷриба бароям қадаме ба сӯи орзуи бузург буд, - гуфт Парвинабону.

Парвина фаъолияти меҳнатии худро аз вазифаҳои одӣ оғоз намуд. Ҳамчун мушовири маркази кӯдакон ба наврасон роҳнамоӣ мекард, бо онҳо кор мекард ва мекӯшид, то дар дилҳои онҳо меҳри дониш ва инсондӯстиро парвариш диҳад. Ин таҷриба ба ӯ сабр, фаҳмиш ва қудрати таъсир ба дили инсонро омӯхт. Сипас, ҳамчун омӯзгори фанни технология ва баъдан таърих ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохт.

Шогирдонаш ӯро чун омӯзгори роҳнамо ва маслиҳатчӣ эҳтиром мекарданд. Ҳар як шогирдро мисли шахсияти ҷудогона мебинад ва мекӯшад, ки қобилиятҳои онҳоро рушд диҳад. Барои ӯ муҳим аст, ки ҳар як кӯдак ба худ бовар дошта бошад ва орзуҳои худро амалӣ созад.

Қадам ба қадам, бо заҳмати пайваста ва иродаи қавӣ, Парвина ба зинаҳои баландтар расид. Ӯ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, таҷрибаи ғанӣ андӯхт. Ниҳоят, бо эътимоди ҷомеа ва роҳбарият соли 2023 директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Роғун таъин гардид. Ин вазифа масъулияти роҳбари ҷавонро бештар намуд. Ӯ мекӯшад, ки муҳити мактабро беҳтар гардонад, сифати таълимро баланд бардорад ва барои насли наврас шароити мусоид фароҳам оварад.

Роҳбар будан маънои сарварӣ кардан ба як ҷомеаи бузурги омӯзгорон, шогирдон ва падару модаронро дорад, - иброз медорад роҳбари ҷавон.

Фаъолият ва заҳматҳои ӯро дида, соли 2024 бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карданд. Ин нишони эътирофи меҳнати содиқона ва хизматҳои арзандаи ӯ дар соҳаи маориф мебошад.

Аз назари имрӯз, вақте ба роҳи тайкардааш менигарад, мебинад, ки ҳар як қадам, ҳар як заҳмат ва ҳар як кӯшиш беҳуда набудааст. Ӯ тавонист орзуҳои худро амалӣ созад ва ба дигарон низ дар амалӣ кардани орзуҳояшон ёрӣ расонад.

Парвина Иброҳимзода намунаи бонуи муосири тоҷик, зани боирода, донишманд ва фидокор аст. Ӯ бо кораш исбот мекунад, ки муваффақият натиҷаи заҳмат, сабр ва бовар ба худ аст. Дар симои ӯ ҳамдиёрон омӯзгори ҳақиқӣ, роҳбари оқил ва инсони некбинро дармеёбанд.

Дар ҳар нигоҳи ӯ орзуи фардои нек, дар ҳар суханаш муҳаббат ба инсон ва дар ҳар амалаш садоқат ба касб эҳсос мегардад. Ӯ исбот намудааст, ки омӯзгор будан танҳо пеша нест, ин рисолат аст, рисолате, ки қалбҳоро бедор месозад ва наслҳоро ба сӯи нур раҳнамо мешавад.

Албатта, солҳо мегузаранд, фаслҳо иваз мегарданд, аммо донае, ки бо меҳри омӯзгор дар қалби шогирд кошта мешавад, ҳамеша сабз хоҳад монд. Маҳз ҳамин донаҳои умеду донишанд, ки ояндаи миллатро месозанд ва то замоне, ки чунин шахсиятҳои равшанфикр ва фидокор ҳастанд, бо итминон метавон гуфт, ки роҳи фардои ҷомеа пурнур, осмони орзуҳо соф ва қалби ҷомеа бо нури маърифат метапад.

                                                           Гулшан ҶӮРАЗОДА,

                                                     Душанбе – Роғун – Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_05_2026_small.pdf [3.08 Mb] (зеркашиҳо: 10)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон