Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҷилои садаф аз қаъри баҳр
ҶавононДар роҳи пурпечутоби шаҳри Истиқлол, дар домани кӯҳу даман, ки моро ба ин шаҳри замонавӣ мепайваст, андеша менамудам, ки ин ҷо барои озмуни маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо кӣ суҳбат ва кадом дастоварди онро ба қалам медода бошам?
Хушбахтона, дар шаҳр аз мақсадам огоҳ гардида, чанд нафарро тавсия доданд, ки кору пайкорашон лоиқи таҳсину офарин буд. Суҳбат бо омӯзгори ҷавон, инсоне, ки бо тамоми ҳастӣ баҳри азбар намудани адабиёти классикӣ заҳмат мекашаду вуҷуди худро аз пироҳани шеъру шоирӣ зинат дода, баҳри зебову пурҷило намудани олами ботинии шогирдони хеш мекӯшад, бароям хотирмон буд. Аз ҳар каломи гуҳаррезаш маънӣ мегирифтам.
Бале, суҳбат бо омӯзгори дабистони №1-и шаҳри Истиқлол Нӯшофарин Хидирова хуш омад. Ӯ омӯзгори эҷодкору пурэнержӣ, бонуи ботамкину босавод, дӯстдори адабиёти оламшумули миллат аст. Ҳини суҳбат, бори дигар огоҳ шудам, ки оила дар фарҳанги пурғановати миллат чун макони меҳру муҳаббат, садоқат, эҳтироми байниҳамдигарӣ ва тарбияи инсони комил эътироф гардида, маҳз дар муҳити гарму солими оила фарзандони ватандӯсту соҳибмаърифат ва масъулиятшиносу дурандеш ба камол мерасанд.
Нӯшофарин низ дар чунин оилаи солим, дӯстдори адабиёт, қалам, сухани ноби тоҷикӣ таваллуд шуда, ба камол расидааст. Дар шаҷара инсонҳое арзи вуҷуд доштанд, ки дар тарбияи маънавии ӯ саҳми намоён гузошта, баҳри ба зинаи камолот расиданаш мусоидат кардаанд.
Ӯ сарманшаи дастовардҳои худро бо номи бобои азизаш Абдуғанӣ Эшонҷонов марбут медонад. Бобои равоншодаш забоншинос, муаллифи китобҳои «Хониш»-и синфи 2 ва «Алифбо» буда, барои босавод намудани насли наврас хизмати басо шоиста карда, барои ояндаи неки насли наврас асарҳои зиёде офарида буд. Сухандониву пурдонӣ ва маърифати баланди ин бонуи соҳибмаърифат низ ирсӣ буда, давомдиҳандаи кору пайкори гузаштагони хеш аст. Бо ифтихор мегӯяд, ки амалҳои матлуб, номи нек, дониши баланду малеҳгуфторӣ аз бобояш, ки аз аввалин хатмкардагони факултаи филологияи тоҷики Институти педагогии Сталинобод, ҳозира Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба мерос мондааст.
Нӯшофарин Хидирова 5-уми майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Вақте дар синни 6 қарор дошт, бо аҳли оила ба зодгоҳаш — деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент кӯч бастанд. Ӯро соли 1998 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32-и деҳа, ки номи бобои равоншодаш Абдуғанӣ Эшонҷоновро дошт, ба оғӯш гирифт. Пас аз хатми мактаб соли 2009 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, онро соли 2013 хатм кард.
Ҳамон сол тақдирашро бо Неъматҷон Хидиров пайваста, ба шаҳри Истиқлол омада, дар МТМУ №1-ум ҳамчун омӯзгори забону адабиёти тоҷик ба фаъолият пардохт. Ҳамзамон, мушовири ҳамин фанҳо дар шуъбаи маорифи шаҳр аст.
Падари Нӯшофарин Масрур Эшонҷонов табиб асту дар пойтахт, дар муҳити созгори эҷодӣ ба камол расида, фарзандонро талқин мекард, ки барои тоза нигоҳ доштани забони ноби тоҷикӣ ҷаҳд намоянд ва дар вуҷуди фарзандон муҳаббат ба хонданро бедор мекард, зеро онҳо дар хонадони аҳли зиё ба камол расида, дар муҳити эҷодӣ, дар доираи адабии пойтахт аз устодони номвар Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Сотим Улуғзода, ки меҳмони хонадони онҳо мешуданд, сабақ мегирифт.
– Дар синфи 7 будам, ки осори адибони ҷаҳон «Иллиада» ва «Одиссей»-ро мехондем. Шояд ҳамин дилбастагиам ба адабиёти ҷаҳон буд, ки бори аввал соли 2019 аз рӯйи чор номинатсия: адабиёти халқҳои ҷаҳон, адабиёти классик, адабиёти муосир ва адабиёти бачагона дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат варзидам. Барои иштироки фаъолона бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гаштам. Соли 2020-ум бо тайёрии пухта дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» ҳам дар вилоят ва ҳам дар ҷумҳурӣ мақоми аввалро сазовор шудам, – мегӯяд Нӯшофарин.
Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи аввалро соҳиб гардида, бо мукофоти пулӣ ва ҳам Дипломи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гашт. Воқеан, Нӯшофарин дар Озмун бо чор забон: англисӣ, русӣ, ӯзбекӣ ва тоҷикӣ баромад намуд. Вақте Нӯшофарин дар назди ҳакамон шеър мехонд, ба суолҳояшон ҷавоб медод, ҳайати доварон ба ваҷд меомаданд.
Адабиётшиноси маъруф Ҳафиз Раҳмон, ки ҳисоботи ҳаррӯзаи худро сабт мекард, дар яке аз қайдҳояш навиштааст: «Омӯзгоре аз шаҳри Истиқлол бо тарзи оромона ҷавоб додан ба саволҳо аъзои ҳакамонро ба ҳайрат гузошт».
Воқеан, ҳини суҳбати чандлаҳзаина ба андешаҳои бикри ин омӯзгори ҷавон аҳсант хондам. Ӯ мегӯяд, ки адабиёти тоҷик дорои ҳикмати амиқи мутамаддин аст, ки дар байни тамаддуни ҷаҳонӣ беназир аст. Эҷоди Саъдии Шерозиро мехонаму фикр мекунам, ки дар вуҷудам барои рафтори бад ҷойе нест. Рубоиёти Хайёмро мехонаму ба рашку кина боварам намемонад. Достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсиро мехонаму ҳисси ватандӯстиву хештаншиносиам баланд мегардад.
Нӯшофарин, ки аз адабиёти халқҳои ҷаҳон бисёр асарҳоро мутолаа кардааст, мегӯяд, он ҷавҳаре, ки дар адабиёти мо ҳаст, дар адабиёти дигар нест. Вақти мутолаа эҳсос менамоям, мазмуну мундариҷаи баъзе аз асарҳои ҷаҳон аз мазмуни баланди «Шоҳнома» гирифта шудааст.
Бале, Нӯшофарин имрӯз 12 нафар шогирди худро ба озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Шоҳномахонӣ» омода месозад ва худ низ иштирокдор аст. Ҳам шогирдонаш ва ҳам худи Нӯшофарин ба озмуни «Шоҳномахонӣ» бо ду забон — русӣ ва тоҷикӣ омодагӣ мебинанд. Имрӯз ӯ фарзандони худро низ ҳамчун дӯстдори шеъри ноби тоҷикӣ тарбия менамояд. Нӯшофарин азм дорад, ки ҷойнишини бобои худ гашта, корҳои ӯро давом диҳад ва дар оянда мекӯшад, то ба корҳои илмӣ рӯ оварда, асрори нуҳуфтаи илми тоҷикро кашф созад.
Гулҷаҳон МАХКАМОВА,
шаҳри Истиқлол
Мубодила:
Шарҳҳо











