БОЙГОНӢ

«    Август 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ватан ҷону ҷонон...

Ҷавонон

Бахши тарбияи ватандўстии раёсати кор бо ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки мудирияти онро бонуи ташаббускору фаъол Дилрабо Лутфалиева бар дӯш дорад, дар тарбияи насли ватандӯсту ватанпарвар, солиму созанда, ҷӯяндаву бунёдкор ва соҳибмаърифат, ки аз ҳадафҳои раёсат арзёбӣ мешаванд, саҳми арзанда дорад.  

Таҳлилгарон ба ҳукми анъана даромадани иҷрои нақшаи сафарбарии даъватшавандагон ба хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, дар рӯзҳои аввали ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва ширкати фаъоли ҷавонон дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва дигар ташаббусҳои шаҳрвандиро далели боло рафтани мизони ҳисси ватандӯстии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят медонанд. Ҳодисаҳои ба ҷараёнҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон, ба ҳадди ниҳоӣ коҳиш ёфта, шавқу завқи ҷавонон ба дониш ва касбомӯзӣ бештар гардид. Солҳои охир сохтмони иншооти варзишӣ дар вилоят вусъат ёфта, деҳот ва маҳаллаҳои шаҳр ҳама соҳиби майдончаҳои варзишӣ гардидаанд. Бисёре аз майдончаҳои варзишӣ бо ташаббуси ҷавонон ва саҳмгузории соҳибкорони ватаниву ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ фаъолият доранд, сохта шуданд. Мисоли тоза ибтикори ҷавонони деҳаи Барчиди ноҳияи Шуғнон мебошад, ки барои таҳияи майдони варзишии замонавӣ наздик ба 200 ҳазор сомонӣ масраф намуданд. Дар маркази вилоят бошад, сохтмони маҷмааи дувуми варзишӣ дар арафаи анҷомёбӣ буда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он барои шумораи бештари дӯстдорони варзиш шароити мусоиди машғул шудан ба тамринро фароҳам месозад. Имрӯзҳо ҷавонон бештар ба ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ рӯ меоранду мизони ширкати ҷавонон дар соҳаи хизматрасонӣ дар ҳоли афзоиш аст.


Дар тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ватанпарастӣ байни ҷавонон раёсати кор бо ҷавонони вилоят фаъолияти пурсамар дошта, дар тарбияи ҷавонони ватанпарвару ояндасоз бахши тарбияи ватандӯстии раёсат саҳим аст.


Ба манзури амалӣ гардидани ин аҳдоф бахш байни ҷавонон фаъолияти тарғиботию фаҳмондадиҳиро вусъат бахшида, чунин ҳамкории судманди тарафайн натиҷаҳои мусбат ба бор овард. Иттилоот воситаи муҳими таъсир расондан ба афкори омма буда, бахши раёсат дар набарди иттилоотӣ бар зидди дурӯғпароканиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳаёти ҷавонони созандаву ватанпарвар матолиби ҷолиб нашр месозад.


Дилрабо пас аз хатми факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Мӯёншо Назаршоев дар як озмуни байналмилалӣ баранда шуда, барои соҳиб шудан ба дараҷаи бакалавр таҳсилро дар Ҷумҳурии Полша идома дод. Одатан бештари муҳассилин чунин имкониятро барояшон фурсати муносиб барои идомаи таҳсил ва кору зиндагӣ кардану мондан дар мамолики Аврупо медонанду ҳаддалимкон барои ин ҳадаф талош меварзанд. Вале Дилрабо аз зумраи ашхосе буд, ки чунин орзуву ҳавас дар дил надошт ва бо хатми таҳсил ба Ватан баргашт. Ёди хонавода, сокинони соҳибдилу меҳнатқарин, чашмаҳои мусаффо ва дижҳои бостонии диёри сабзу хуррам ва зебоманзари деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон ӯро ба сӯйи худ кашиданд. Мегӯянд, ки парастиши Ватан аз муҳаббат ба хонавода ва пайвандону зодгоҳи хеш оғоз меёбад. Барои Дилрабо низ ватанпарварӣ аз остонаи хонавода сар шуд.


— Духтарам, дар бештари афсонаҳои халқӣ мехонем, ки одатан фарзанди хурдии хонавода парастори волидони солмандашон мегардад. Писару духтаронамон ҳама, шукри Худо, ки соҳиби хонаву дар ҳастанду аз кумакашон ҳамеша бархурдорем. Вале ту, духтари хурду нозанинамон, парасторам мондӣ ва сипоси беҳад ба ту бод! — мегуфт падараш Акбаршо. Ихтисоси падар геолог, тамоми умрашро ба ҷустуҷӯ ва омӯзишу ба хизмати халқу Ватан гузоштани захираҳои табиии Помир бахшиданду дар ин ҷода корҳои зиёд анҷом доданд. Модараш, Ширинмоҳ, бонуи оқилаву соҳибмаърифат ва ҳунарманд ҳоло низ зиндадилу пуркор аст.


Дилрабо пас аз бозгашт ба зодгоҳ малакаи забондониашро дар кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ тақвият дод. Пас аз чанде мутахассиси ҷавонро ҳамчун ассистенти кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ даъват намуданд. Омӯзгори ҷавон бо саъйи комил ба фаъолияти касбӣ пардохт. Ӯ ҳанӯз аз айёми донишҷӯӣ узви маҳфили «Таърихнигорон» буду дар баробари тавсеаи фаъолияти педагогӣ дар муассисаи илмӣ иштирокчии фаъоли чорабиниҳои илмӣ ва маърифатӣ гардид. Вақте раёсати кор бо ҷавонони вилоят ба вазифаи мутахассиси бахши тарбияи ватандӯстӣ озмун эълон намуд, қарор дод, ки дар он ширкат варзад. Дониши хубу таҷрибаи дар муассисаҳои илмии гуногун ҳосилнамуда, одоби муошират ва қобилияти баланди ташкилотчигӣ боис шуданд, ки мутахассиси ҷавон барандаи озмун гардад. Инак, даҳ сол боз дар ин бахш кор карда, айни ҳол мудирияти ин бахши муҳимро бар дӯш дорад. Бо фаъолияти хубу натиҷабахш сазовори обрӯву эҳтиром байни ҳамкорон ва ҷавонон гардидааст.


Дар ВМКБ бештар аз 80 ҳазор ҷавон кору зиндагӣ мекунаду 60 дарсади ин ҷамъиятро духтарон ташкил медиҳанд. Кормандони бахш таҳкими оини оиладорӣ ва ҷилавгирӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавонро яке аз самтҳои муҳими фаъолият медонанд. Дилрабо худ соҳиби ду фарзанд буда, пос доштани муқаддасоти оиладориро байни ҷавонон чун як рукни муҳими давлат тарғиб менамояд.


— Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёдкориҳои азимро дар саросари Ватани паҳноварамон аз Бадахшон то Суғду Хатлон, ки ҷавонони пайрав ва содиқ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он ширкати фаъол меварзанд, назора мекунему ифтихор менамоем ва бовар дорем, ки ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар ба қадри ин созандагӣ, зебоӣ ва ҳаёти шукуфои амну осоишта мерасанду дастовардҳои даврони истиқлолро афзунтар месозанд, — гуфт дар хотимаи суҳбат Дилрабо Лутфалиева.


Ш. МИРЗОҶАЛОЛ,

                                                                           шаҳри Хоруғ

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2026_small_.pdf [3.32 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон