Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Хандаи бахт
ҶавононБо иқдоми Ҳукумати кишвар дар мамлакат кӯдакону наврасон ва ҷавонони бо амри тақдир аз меҳру навозиши падару модар маҳрум мавриди таваҷҷуҳи давлат қарор доранд. Ба ин гуна ниёзмандон меҳрубониву ғамхориҳо зоҳир мегарданд. Дар ин росто, хушбахтона, Ксения Пахомюк низ аз суҳбату дидори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳра бардоштаву ба орзуву ормонҳояш расидааст.
– Дар яке аз мулоқотҳо бо ятимон, – ба хотир меоварад он лаҳзаҳои барояш хеле гувороро Ксения Пахомюк, – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷониби мо нигоҳ карда пурсиданд, ки кадоме аз шумоён дар озмунҳои зери сарпарастии Сарвари давлат мегузашта иштирок кардаед? Аз ҷой бархостаму гуфтам, ки ман дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар номинатсияи сарояндагӣ иштирок доштам ва ғолиб омадам. Аз ман хоҳиши замзамаи суруд карданд. Ман бо майлу хоҳиши том суруди дар озмун хондаамро сароидам. Офарин гуфтанду кафкӯбӣ намуданд.
Ба масъалаи оянда кӣ шуданам мароқ зоҳир карданд. Дар ҷавоб гуфтам, ки мехоҳам ҳуқуқшинос шавам. «Орзуят амалӣ гардид, аз ҳамин рӯз ту донишҷӯ шудӣ», – гуфта маро хурсанд намуданд. Он лаҳза худро дошта натавонистаму ашки шодӣ рехтам. Сарамро падарвор сила карда, маро тасаллӣ дода гуфтанд, ки ҳамеша ғамхори ятимон ҳастанду ҳеҷ гоҳ эҳсоси танҳоӣ накашем. Ҳамин тавр, бо ғамхории Сарвари давлат донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шудам. Ҳоло таҳсилро дар факултаи ҳуқуқшиносӣ бо баҳои аъло идома дода истодаам. Имконияти таълиму тадрис бароям фароҳам аст. Бо хобгоҳ таъмин ҳастам, стипендия мегирам, дар таҳсилу зиндагӣ ҳеҷ танқисӣ надорам. Мекӯшам то ҷавобан ба ин меҳрубониҳо мутахассиси беҳтарин шуда, аз дилу ҷон ба кишвари хеш содиқонаву софдилона хизмат намоям, – фараҳмандона баён дошт Ксения Пахомюк.
Ксения аз гулғунчаҳои навшукуфтаи боғи пурфайзу пурнакҳати даврони истиқлолият аст. Дар гулшани илму адаб дар айни рустану шукуфтанҳост. Имрӯз соҳибзафари озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ шудаву шоистаи таҳсину офаринҳо ҳам гардидааст.
– Бо сабаби беморӣ аввал падарам ва пас аз чанде модарам ин дунёро падруд гуфтанд. Он вақт ҳаштсола будам. Чӣ лаҳзаи ғамангезе буд, танҳоӣ… – ашкҳояшро пок намуда ба хотир меоварад Ксения.– Тақдири ояндаам бо наврасону ҷавонони мактаб-интернати шаҳри Бӯстон пайваст. Он ҷо то синфи 11 ҳам таҳсил гирифтаму ҳам тарбия ёфтам.
Мактаб-интернати шаҳри Бӯстон аз ҷумлаи муассисаҳои иҷтимоию таълимӣ, макони муқаддасу меҳрубонӣ барои наврасону ҷавонони ятиму ниёзманд мебошад. Онҳоро гарм ба оғӯши худ гирифта, таълиму тарбия медиҳад, ба роҳи некиву накукорӣ равона месозад.
Дар суҳбат директори муассиса Нигора Ғаффорова дар мавриди Пахомюк бо ифтихор зикр дошт, ки бо хислатҳои хубу дониши баландаш Ксения дар дилу дидаи аҳли мактаб-интернат маскан гирифтааст.
– Ксения бароям духтари дӯстдоштааст. Бо зиракиву кунҷковӣ, иродаи қавию заҳматписандиаш фарқ карда меистад. Борҳо дар олимпиадаи фанҳои забони русӣ ва таърих то даври ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, дастболо ҳам шуда буд. Ҳамчунин, ғолиби чанд мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди қаиқронӣ ва карате-до мебошад. Ҳоло таҳсилро дар пойтахти кишвар идома дода истодааст. Бовар дорем, ки ӯ мутахассиси хуб шуда, саҳми худро дар рушди Меҳани азиз мегузорад, – хулоса кард Нигора Ғаффорова.
Баробари дониш Ксения бо майлу рағбати зиёд машғули омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла, гулдӯзӣ мешавад. Ин ҳунарро бо ёрии мураббиёни мактаб-интернат омӯхтааст. Гулҳои зебои Ватанро рӯйи матоъ бо меҳру муҳаббати зиёд гулдӯзӣ мекунад. Ҳамзамон, ба суруду мусиқӣ пайвандӣ дорад. Муҳаббати санъат ӯро вориди олами мусиқӣ гардонду ҳоло бо маҳорати баланду ҷолиб сурудҳои дилнишини аз омӯзгори соҳибихтисосу меҳрубон Насиба Амонбоева омӯхтаашро дар ҳамоишу чорабиниҳо месарояд. Аз зиндагии имрӯзааш қаноатманд аст. Эҳсоси танҳоӣ ӯро ба гирдоби худ намекашад, бо тамоми ҳастӣ, неруву иродаи қавӣ барои дурахшон сохтани ояндааш талош меварзад.
Бимуслима РАҲИМОВА,
шаҳри Хуҷанд
Мубодила:
Шарҳҳо










