БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Духтари боғбон

Ҷавонон

Пешаи пизишкӣ писанди Муборакбону буду орзу дошт, ки пас аз хатми мактаб ақаллан дар коллеҷи тиббии ноҳия таҳсилро идома дода, хилъати сафеди касбиро ба бар намояд. Духтур шаваду ба дарди дардмандон шифо бахшад, вале медонист, ки монеаҳои рӯзгору камбудиҳои хонаводаашон боиси амалӣ нагаштани орзуҳояш мешаванд. Аввал ин ки барои таҳсилро идома додан, маблағи кофӣ зарур аст. Ба хонданӣ, ки рафт, мебоист шароит барои таҳсил муҳайё бошад. Раҳкиро, лавозимоти дарсӣ ва, ҳамчунин, вобаста ба фаслҳои сол хариди либоси мувофиқ маблағро тақозо менамояд. Масрафи чунин хароҷот барои буҷети хонаводаашон мушкил буд.

 

Баъдан, барои анҷоми корҳои рӯзгор ва боғдорӣ касе ёрирасони падар набуд. Аз ин хотир, ӯро мебоист орзуи духтур шуданро ба истилоҳ «як сӯ» гузораду аз пайи боғбонӣ шавад.

 Нахустфарзандони хонадонамон духтаронанд ва баъди чанд соле зодмандонам писар ёфтанд, ки ҳанӯз наврас буда, саломатиаш низ чандон хуб нест. Вақте мебинам, ки падарам мушкили зиндагиро дар танҳоӣ ба дӯш мегирад ва рӯзии хонавода аз боғу боғбонӣ аст, чӣ гуна метавон барои идомаи таҳсил маҷбурашон созам. Кори боғдорӣ ҳам саҳл нест. Меҳнати сангинро талаб намуда, кори дастаҷамъӣ мебошад, - мегӯяд Муборакбону.

Боғдорӣ касабаи аҷдодиашон буда, бобою бобокалонҳо аз пушти ин пеша рӯзгордориро пеш бурда, маъруфу боғдори номӣ ҳам шудаанд. Хоҷагии деҳқонии «Одина» ба Абдулаҳад Халилов, ба амаки Муборакбону мансуб буда, баъди волидони боғдорашон бародарон идомадиҳандаи ин пешаанд.

 

Хоҷагии мазкур дорои 2 гектару 10 сад­як замин буда, дар он асосан дарахтони мевадиҳанда парвариш меёбанд. Азбаски ба иқлими ноҳияи Лахш нигоҳубини дарахти себ мувофиқ мебошад, Абдулаҳад ва Аёмиддин тасмим гирифтанд, то нигоҳубини навъҳои гуногуни ниҳолҳои себро роҳандозӣ созанд. Бародарон дар баробари парвариши ниҳолҳои мевадиҳандаи навъҳои олую зардолу, ҳамчунин навъҳои дарахтони себи «Крипсон», «Хубонӣ», «Корейка» ва намудҳои гуногуни маҳаллиро, ба монанди себи «Пилдонӣ» зиёд намуда, ҳар сол ҳосили фаровон ба даст меоранд.

 Алҳол, дар боғи мо беш аз 200 тана дарахтони мевадиҳанда парвариш меёбанд ва барои нигоҳубини онҳо аҳли хонавода шуғл меварзем. Боғдорӣ санъати хоссаи худро дорад, ки дар рафти анҷоми корҳо аз падарам нозукиҳои сирри боғдориро омӯхтаам. Ҳатто аз нарм намудани бехи дарахтон, додани порую нуриҳои минералӣ ва дуруст қайчӣ задани шохаҳои дарахтон тарзи корбарии худро дорад, ки бо риоя накардани он заҳмати боғбон барҳадар меравад. Пайванд намудани ниҳолҳо, ки чанд тарзу усул дорад, ҳанӯз онро наомӯхтаам ва саъй мекунам, то пайвандкунии ниҳолро низ дар ин мавсим аз худ намоям, - иброз медорад ҳамсуҳбатам.

Муборакбону мегӯяд, ки падар, бо вуҷуди он ки аз гузаштагон ҳунари боғбонӣ омӯхтааст, ҳамчунин, барои рушди кор ва ба даст овардани ҳосили фаровон аз китобҳое, ки махсус барои боғдорон тавсия шудаанд, истифода мебарад. Гоҳе аз маслиҳати мутахассисони соҳа, ки тариқи шабакаҳои интернетӣ дастрас намудааст, низ кор мегирад.

Шавқу рағбати Муборакбонуро ба боғдорӣ боғҳои шукуфон, ки аввали баҳор дилбаранда мешаванд, бедор намуд. Аз хастагиҳо раҳо шудани падарро замони ҷамъоварии ҳосили боғ, ки бо пайвандонаш анҷом медод, эҳсос мекард. Ӯ мегӯяд, ки вақте қиблагоҳаш ҳосили боғро ҷамъ карда, мефурӯхт, камбудиҳои рӯзгорро бартараф намуда, хушҳол мегашт. Аз ин аҳли хонавода низ хурсанд шуда, барои рушди боғдорӣ дучанд заҳмат мекашанд.

Зодмандонаш аз баракати боғдорӣ қиссаҳои зиёд намуда, мегуфтанд, ки солҳои нобасомониҳо дар кишвар маҳз ҳамин себзор ва маҳсулоти аз себ омоданамудаашон аҳли хонаводаро аз вартаи гуруснагӣ наҷот дод.

 Барои мардуми деҳаи Чашмасори ноҳияи Лахш себ чун мағзи нон муқаддасу азиз аст, зеро дар замони мушкили солҳои баъдишуравӣ ва имрӯз ҳам маҳз аз шарофати боғдорӣ аҳолии ин минтақа камбудии рӯзгорро эҳсос намекунанд. Ба гуфтаи волидонам, ба ивази себу ношпотӣ мардуми деҳа гандум ва дигар озуқавориро дастрас намуда, ҷони худро аз гушнагӣ раҳонданд.

 

Аз ин хотир, ҳар як сокини деҳа талош меварзад, то масоҳати боғоти худро васеъ карда, аҳолии ноҳия ва берун аз онро бо меваҳои маҳаллӣ ва, ҳамчунин, картошка таъмин намоянд. Роҳбари хоҷагӣ низ тасмим гирифтааст, ки дар заминҳои истифоданашудаи ноҳия боғи нав бунёд созад. Хуллас, рӯзии мо, мардуми маҳал аз пушти кишоварзӣ ва боғдорӣ аст, - мегӯяд Муборакбону Халилова.

Аъзои хоҷагии деҳқонии «Одина» ҳар сол беш аз 10 тонна себ ҷамъ меоранд. Бонувони хонавода бошанд, аз олучаю зардолу барои фасли сармо захираҳои хушкмева ва консерв омода месозанд.

Ҳамчунин, бо истифода аз усулҳои бобоӣ дар хоҷагии мазкур дар заминҳои мувофиқ ҳудуди 50 садяк кишти картошкаро роҳандозӣ намудаанд, ки ин ҳам ба буҷети хонавода баманфиат аст.

 Вақте шохи дарахтони сарбазамин, ки бардошти бори вазнинро надоранд ва вақте бо барвақт омадани фасли сармо меваҳо дар шохи дарахтон ночида мемонанд, орзуи бунёди коргоҳи истеҳсолӣ дар дилам пайдо мешавад. Воқеан, ин лаҳзаҳо қалби кас аз талаф ёфтани ҳосил фишурда мегардад. Орзуи ҳар боғдори ин маҳал аст, ки соҳиби корхонаи истеҳсолӣ шуда, сокинони кишварро дар баробари меваҳои тару тоза, бо шарбату нӯшобаҳои аз нигоҳи экологӣ безарар, таъмин созанд, - мегӯяд бонуи боғдор.

Муборакбонуро омӯхтани пешаи пизишкӣ муяссар нашуд, тасмим дорад, ки дӯзандагиро аз худ намояд. Ӯ мегӯяд, ки боғдорӣ мавсимист, вале ин ҳунар ҳар рӯз мизоҷ дорад…

Қутбия НЕЪМАТУЛЛО

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон