БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

«Тулуи ситораи саъди ман ба соли 2020 рост меояд»

Ҷавонон

Мусоҳиба бо бону Гулбаҳор ғайриинтизор пеш омад. Аз суҳбат бо масъулони дастгоҳи идеологии ноҳияи Восеъ маълум гардид, ки мухотаби матлаб аз кадрҳои ҷавону ояндадор маҳсуб ёфта, бо ташаббусҳои навоваронааш мавриди таваҷҷуҳи роҳбарон ва ҳам ҷомеа қарор дорад.

Тулуи ситораи саъди ман, - гуфт бону Гулбаҳор, - ба соли 2020 рост меояд, ки ба ҳайси иқтисоддони шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ, дар қатори садҳо сокинони ноҳия дидору суҳбати рӯ ба рӯ бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароям муяссар шуда буд. Чун анъанаи неки хусравонӣ зимни он сафари корӣ Пешвои муаззами миллат бо сокинону фаъолон мулоқот анҷом дода, аз тору пуди мушкилу масъалаҳои мавҷуда огоҳӣ меёфтанд. Бо Роҳбари давлат аз бурду бохти ҳаёту фаъолияти ҷавонони ноҳия розу ниёз доштам. Зимни суҳбат аз мутахассиси ояндадори соҳаи иқтисод шуданам ёдрас гардида, ба масъулон супориш доданд, ки маро дар феҳристи кадрҳои захиравӣ сабт намоянд. Он лаҳзаҳои пурҳаяҷон ба худ қавл додам, ки аз ин ба баъд ҳам бо азми дучанд илму донишҳои замонавиро аз бар хоҳам кард, то дар оянда ба унвони бонуи сиёсатмадор ва муаррифгари арзандаи бонувони аҳди истиқлол сазовор бошам.

Ҳамин сон, баъди пешниҳоди Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст масъули соҳаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва баъди чанде ба вазифаи мудири бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳия таъин гардид. Гулбаҳорбону дар хонадони соҳибкор зодаву ба воя расида, интихоби ихтисосу пайвандии ӯ ба риштаи иқтисодиёт аз ҳидоятҳои падари номвараш Абдуқудуси Ато маншаъ мегирад, ки дар симои духтаргули нозанин муҳосибу молиядори дудмони худро медид. Духтари хурдии хонадон бо ҳама нозбӯиҳо назди падар, ки дувумӣ боре ҳам ниёзу хостаҳояшро рад накарда буд, ба факултети молия ва қарзи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шуд. Ба гоҳи суҳбат атрофи пешаи оянда, падар ба мулоҳиза ёдрас мекард, ки ба муҳосиби ҳушманд ниёзи беҳад дорад. Зеро амонатдори хонадон ҳисобу китоби дақиқ надошта бошад, буҷети оила касод мешавад.

 Фаъолияти касбиро аз зинаи мутахассиси раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа оғоз бахшидам. Соли 2019 бо мақсади такмили донишу маҳорат дар озмуни интихоби мутахассиси беҳтарин иштирок карда, ба симати иқтисодчии шуъбаи маорифи ноҳия пазируфта шудам. Баъдан, аз соли 2020 масъули соҳаи сайёҳии назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва айни замон вазифаи мудири Хадамоти муҳоҷиратро ба уҳда дорам, - хушбинона изҳор медорад Гулбаҳорбону Атозода.

 Гузори фаъолияти роҳбарӣ дар вазифаи мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Восеъ ҷаҳони дигареро барои худ кушодам, - аз мушкилу муаммоҳои сарбастаи соҳаи муҳоҷират қисса дошт Гулбаҳорбону Атозода. – Ба ин гуфта, худ муҳоҷирони кории мо ҳам иқрор меоянд, ки неруҳои меҳнатӣ дар одитарин масоили дохиливу мушкилиҳои сангини хеш дар хориҷи кишвар ба дастгириву ҳамкориҳои зич бо мақомоти марбутаи кишвари худ эҳтиёҷ доранд.

Дар ин росто бо мақсади санҷишу бозомӯзии шаҳрвандоне, ки азми сафар ба Россияро доранд, бо иқдоми Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Восеъ аксияи «Пеш аз сафар» роҳандозӣ гардидааст. Чаро ки тақозои замону талаботи бозори меҳнат аст, ки муҳоҷирони корӣ бояд забони давлатӣ ва қонунҳои кишвари сафармекардаи худро дониста бошанд. Вобаста ба ин, ҷиҳати ба роҳ мондани чорабиниҳои омӯзишӣ - маърифатнокӣ миёни ҷавонон, бахусус, муҳоҷирони корие, ки дар мавсимҳои гуногун ба хориҷи кишвар рафтуомад доранд, тадбирҳои ҷиддӣ андешида истодаем.

Муҳоҷирони корӣ неруи пурқуввату қишри бедори ҳар кишвар ба ҳисоб мераванд ва ба низом даровардани раванди суръатзойи муҳоҷирати шаҳрвандон ба хориҷи кишвар, пеш аз ҳама, ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои худи онҳо нигаронда шудааст. Аз сӯи дигар, муҳоҷирони кории мо муаррифкунандаи давлат ва фарҳангу маданияти халқи тоҷиканд, ки аз аҳди қадим бо инсондӯстиву меҳмоннавозӣ, маърифату ҳунармандиҳои ҷолиб дар ақсои ҷаҳон машҳуранд. Ба ин хотир, моро мебояд, ки ҷиҳати касбу ҳунаромӯзӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сатҳи забондонии шаҳрвандонамон, ки азми сафар ба хориҷи кишварро доранд, тадбирҳои муассир андешида бошем.

Масъулони Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Восеъ иброз медоранд, ки дар ростои афзоиши аҳолӣ раванди муҳоҷирати дохилӣ низ суръати тоза пайдо карда истодааст. Бо назардошти зиёд гардидани шумораи аҳолии ноҳия, ки талабот ба қитъаҳои наздиҳавлигиро дучанд мегардонад, мо ҷиҳати кӯчондани оилаҳои созанда ба ноҳияҳое, ки ба неруи корӣ эҳтиёҷ доранд, муроҷиат карда истодаем. Дар асоси қарорҳои солҳои пешин аз ҳисоби аҳолии ноҳияи Восеъ 40 оилаи ҷавонро барои муҳоҷирати дохилӣ ба ноҳияи Хуросон омода намудем, ки то имрӯз ин оилаҳо бо қитъаҳои наздиҳавлигӣ таъмин гардида, маблағҳои барои давраи аввали ҳаёту фаъолиятҳои гуногун дар макони нави зисташонро гирифтаанд. Айни замон 10 ҷуфт оила дар манзилҳои нави худ зиндагӣ дошта, ҳамзамон, теъдоде аз муҳоҷирони дохилӣ бо истифода аз маблағҳои қарзи имтиёзнок рӯзгори худро пеш бурда истодаанд.

Ҷ. УСМОН,

ноҳияи Восеъ

           

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон