БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дуои модарон оби ҳаёт аст!

Ҷавонон / Варзиш

   Баланд бардоштани Парчами давлатӣ ва ифтихорбахши миллату кишвар будан орзуи ҳар фарди ватанхоҳу ватандор аст. Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ки бо парчаму либосҳои миллӣ дар маросими кушодашавии 33-юмин Бозиҳои олимпии Париж-2024 дурахши чашмрас доштанд, тавонистанд, ки бо қувваозмоиву майдондорӣ сари баланду ифтихорофари миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бошанд. Ғолибият дар Бозиҳои олимпӣ, ки бузургтарин сабқати варзишии ҷаҳон аст, орзуи ниҳоии ҳар варзишгар ба шумор меравад. Шермардони номвари тоҷик аз дуои неки модарон, ки ҳар сабқати фарзандони Ватанро бо санову дуои пирӯзӣ дастгириву пайгирӣ мекунанд, ба хазинаи тими миллии кишвар се нишони биринҷиро ворид намуданд.

 

Ҷудокори умедбахши тоҷик Сомон Маҳмадбеков зери вазни то 81 кило пас аз як пирӯзӣ ва як нобарорӣ муборизаро дар даври тасаллобахш идома дода, бар паҳлавони ӯзбек Шарофиддин Болтабоев ғолиб омад ва шарафёби медали биринҷии олимпӣ шуд.

Паҳлавони номвар Темур Раҳимов, ки таҷрибаи ширкат дар Бозиҳои олимпиро дорад, дар даври аввал озод буд.

 

Дар марҳалаи дуюм бар Эрик Абрамови олмонӣ ва дар даври сеюм бар Алишер Юсупови ӯзбекистонӣ ғолиб омада, дар даври нимниҳоӣ аз Теди Ринери фаронсавӣ шикаст хӯрд. Барои ба даст овардани медали биринҷӣ Темур ба ҳарифаш Анди Гранда аз Куба дастболо шуд! Боиси ифтихор аст, ки ҷудокори номвар Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар радабандии ҷаҳонӣ дар мақоми сеюм қарор дорад.

Нишони сеюмро аз бозиҳои олимпӣ муштзани қавӣ Давлат Болтаев ба хазинаи кишвар ворид намуд. Дуои модари Давлат Болтаев, ки самимонаву меҳрубонона орзуи пирӯзӣ ва офияти фарзанд мекард, мустаҷоб гашту ӯ дар сабқати нахуст бар варзишгари Гурҷистон Георгий Кушиташвилии 28-сола ва дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Ҷек Марлии 21-солаи ирландӣ ғолиб омад ва мисли Мавзуна Чориева рушди риштаи бокс дар Тоҷикистонро ба ҷаҳониён исбот намуд.

Аз ниёишҳои модарони дастбадуо, ки дар домони наҳифу поки худ ҷаҳонпаҳлавононро парвардаанд, Парчами кишвар бори дигар дар арсаи ҷаҳонӣ парафшон гардид ва умед бар он дорем, ки дастовардҳои ифтихорофарони миллат дар хориҷ аз диёр рӯзафзун хоҳанд буд.

«Бонувони Тоҷикистон»

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2024_small.pdf [4.23 Mb] (зеркашиҳо: 62)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон