БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Гули хушрангу бӯ аз боғи миллат

Ҷавонон

Муҳаббат ба Ватан муқаддамтарину муқад­дастарин ишқест, ки перояи ҷисму ҷони ҳар соҳибватан ба шумор меравад. Хушбахт он зодмандонанд, ки ин эҳсоси покро дар вуҷуди ҷигарбандони хеш парвариш додаву онҳоро баҳри хизмат ба халқу Ватан шоиста тарбият намудаанд.Муноҷот Қаҳҳорова аз зумраи он ҷавонони хуҷистаҳол аст, ки волидонаш дар муҳити созгору осоишта ӯро ба камол расонда, дар замираш донаи муҳаббат ба Ватан коштаанд ва бо хислатҳои ҳамида раҳсипор ба ояндаи зебову дурахшонаш кардаанд.

Худ машғули тиҷорат буданду дар симои ҷигарбанди дӯстрӯяк, ки соли 1994 бо ҳастиаш зиндагии онҳоро ширин намуд, ҳомии ҳуқуқро медиданд. Падар ҳамеша ифтихор мекард, ки духтари ӯ дар мактаб аълохон асту ҳуқуқшинос мешавад. Модар, сарфи назар аз ташвишу тараддуди рӯзгор, ба донишандӯзии дилбандони худ аҳамияти бештар зоҳир месохт. Ин буд, ки ҳини мактабхонӣ Муноҷот дар олимпиадаҳои бачагона аз фанни ҳуқуқ барандаи ҷойи аввал гашта, дар озмуну викторинаҳо аз ин фан дастболо мешуд, ки ин барои падару модараш мояи ифтихору сарфарозӣ буд.

 Ба таҳсили мо, фарзандон, волидайн диққати ҷиддӣ медоданд. Талош варзиданд, то донишҳои муҳимро дар наврасӣ фаро гирем. Барои ман китобҳои ҳуқуқшиносӣ мехариданду барои додару хоҳарам, ки ба тиб шавқ доштанд, шароити мусоид фароҳам меоварданд. Ёд дорам, дар ҳамсоягии мо муаллими забони англисӣ мезист. Боре шогирдаш аз Амрико баргашта, ба муаллим ҳамчун изҳори сипос дастагуле ҳадия овард. Ин манзара падарамро бетаъсир нагузошт. Ман он вақт дар синфи 4-ум мехондаму падар маро ба назди он омӯзгор бурданд, то аз шумори шогирдони ҷаҳондидааш бошам, - ба ёд меорад он рӯзгори гуворои наврасиро Муноҷот.

Чун қобилияти фавқулода дар омӯзиш дошт, забони англисиро то 16-солагӣ аз худ кард. Баъди хатми синфи 10, пас аз ғолибият дар озмуне бо барномаи махсуси мубодилаи хонандагон ба Амрико сафар карда, синфи 11-ро дар он ҷо хонд.

 Моҳҳои аввал зиндагӣ дар Амрико бароям мушкил буд. Чун боре ҳам аз зодгоҳу Ватан ва хонаи волидон дур нашуда будам. Аз он вақт эҳсос намудам, ки пайванди ногусастание миёни ману кишвари азизам ҳаст, ки номи он ишқи Ватан аст. Баъди бозгашт аз Амрико орзуи такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ маро ором намегузошт. Бо орзуи мутахассиси арзандаи соҳаи забоншиносӣ шудан, ба факултаи лингвистикаи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе дохил шудам. Дар баробари таҳсил, барои такмили забондонии худ, лисони англисиро ба хонандагон ва донишҷӯён меомӯзондам. Ҳам донишҷӯ будаму ҳам омӯзгор, - мегӯяд Муноҷот.

Ин духтараки наҳифпайкари ватандӯстдор берун аз зодгоҳу Ватан дарк кард, ки Тоҷикистон, ин кишвари офтобу обу нурро чӣ қадар самимонаву содиқона дӯст медорад. Барои таҷрибаомӯзӣ ва навиштани рисолаи хатм бо ҳамсабақони хеш ба Москва сафар дошту дар ҳар қадам муаррифгари анъанаву фарҳанг ва маданияти миллӣ буд.

 

Ҳарчанд ҳамчун мутахассиси забоншинос донишгоҳро хатм кардаву муддати панҷ сол таҷрибаи омӯзгориро такмил додам, дар марказҳои омӯзишиву академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ ҳамчун омӯзгори забони англисӣ масъулият доштам, аммо дар як гӯшаи дилам орзуи бачагӣ ва ифтихорҳои падар маро ором намегузошт. Акси садои қиблагоҳ, ки пайваста мегуфтанд, духтари ман ҳуқуқшинос мешавад, ба гӯшам мерасид. Бо пешниҳоди падар барои гирифтани маълумоти ҳуқуқшиносӣ таҳсилро дар Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома додам, - ироа медорад ӯ.

Дар ҷараёни таҳсил дар Академия вай дарк намуд, ки метавонад донишҳои андӯхтаи хешро баҳри хизмат ба халқу Ватан равона созад. Аз ин рӯ, ҳуҷҷатҳояшро ба як қатор озмунҳои ҷойҳои холии хизматчии давлатӣ супурд. Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳорат ва донишаш баҳои баланд доданду вазифаи муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғдро пешниҳод карданд. Бо қаноатмандӣ пазируфту аз моҳи апрели соли 2023 ба фаъолият дар самти хизмати давлатӣ пардохт.

Кор бо ҷавонон аз ҳар ҷиҳат бароям нишотбахш аст. Худ ҷавонаму аз розҳои онҳо огоҳии бештар дорам, ки ин барои пешбурди кор бароям ёрирасон аст. Ба ҳамсолони худ бо забони барояшон фаҳмо ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишварро тарғиб менамояму бовар дорам, ки онҳо бо ифтихору сарбаландӣ Ватани маҳбубамонро ободу зеботар мегардонанд, - иброз медорад М. Қаҳҳорова.

 

Муноҷот вақти фароғатии хешро ба омӯхтан ва омӯзондани забонҳои хориҷӣ сарф мекунад. Донистани забонҳои хориҷиро беҳтарин василаи муаррифии Ватан дар арсаи байналмилалӣ медонад.

 Фаъолияти ман танҳо бо хизмати давлатӣ маҳдуд нест. Имрӯз, ки тавону хоҳиши бештар дорам, ҳам ба омӯзиши забонҳои фаронсавию итолиёӣ машғуламу ҳам дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба донишҷӯён аз фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» дарс мегӯям. Бегоҳиҳо ба хоҳишмандон забони англисӣ меомӯзонам. Ҳамчунин, ба варзиши сабук машғуламу дар озмуни Дави миллӣ дар вилоят барандаи мақоми намоён будам, - афзуд ӯ.

Донистани забонҳои хориҷӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ барои ин духтараки серталош афзалият додааст. Озодона бо забонҳои англисиву русӣ андешаашро баён медорад. Дар доираи нақшаву чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба якчанд давлатҳои дӯсту бародар сафар кардаасту ба забони фасеҳу фаҳмо аз тариқи телевизионҳои машҳури хориҷӣ дар бораи Ватани азизи худ суханҳои пурмуҳаббат гуфтааст.

Тоҷикистони маҳбуби мо дар симои Муноҷот Қаҳҳорова ҷавондухтарони донишманду ватанпарвар бешумор дорад, ки чун гулҳои хушрангу бӯ дар боғи миллат ҷилва мекунанд. Истиқлолу озодӣ баҳри ин насли созанда болу пари бегазанд бахшидааст.

Мафтуна НАЗИРОВА

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон