БОЙГОНӢ

«    Август 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

«Саодатнома» саодати зиндагии ӯст

Ҷавонон / Аз ҳар боб

Ҳуҷраи кории сармуҳаррири нашрияи ноҳияи Носири Хусрав, Сумангул Асадбековаро дар бинои Қасри фарҳанг дарёфтем.

- Дар пайи шумораи навбатием, – гӯён сар аз болои маводи таҳриршуда мебардорад сардабир.

Сумангул фориғуттахсили факултети забонҳои шарқии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев аст, ки то соли 2006 дар мактабҳои миёнаи ноҳия ҳамчун муаллими забон ва адабиёти тоҷик фаъолият дошт. Бонуи ҷавон, ҳамзамон, машқи шеър мекарду аз мухбирони фаъоли ҷамъиятӣ буд, ки дар пайи як ҳодисаи фалокатбор, обхезиҳои фасли баҳор, дар баробари 73 оилаи бесарпаноҳмонда, аз ноҳияи Роштқалъа ба ноҳияи Носири Хусрав кӯчонда шуд.

- Зодгоҳамро дӯст медорам ва ҳар гоҳи хумор гирифтан, аламро аз қалам мегирам, бо сухан, бо шеър, – мегӯяд рӯзноманигор.

Ин ҷо ҳам чанд соли пеша омӯзгориро аз фанни забон ва адабиёти тоҷик давом дод. Дар баробари дарсҳои нақшавӣ чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, викторинаю шабҳои саволу ҷавобро дар мактаб ба роҳ монд. Меҳри забону суханро дар дили мактаббачаҳо, ки то он замон аксари муҳассилини дабистон бо забони ӯзбекӣ таҳсил мекарданд, бедор намуд. Дастпарварони аввалинаш макотиби олиро хатм намуда, имрӯз дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд.

Чун шавқи навиштану меҳр ба эҷод дошт, дари нашрияи ноҳияро ҳар дам мекӯфт, бо хабару мақолаҳои хонданӣ ва гоње бо шеърҳои шогирдона. Рустами Сафар, оне ки нашрияи маҳаллиро аз нав эҳё кард, дар рӯзнома сармуҳаррир буду аз овардаҳои Сумангул хушҳол мешуд ва ӯро аз дами аввал мухбири ғайриштатӣ хонд. Дертар дар баробари омӯзгорӣ ба идораи рӯзнома ҳамкор шуда, пас аз дарсҳо рисолати эҷодии худро дар нашрия ба сомон мерасонд.

Соли 2012 «Бешкент», нашрияи маҳаллии ноҳияи Носири Хусрав, ки бо ду забон нашр мешуд, бо ташаббуси сармуҳаррир ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия пурра ба забони тоҷикӣ гузашт. Роҳбари ҷавону муваффақ Сумангул Асадбековаро чун мубаллиғи забони тоҷикӣ ба кор оварду тариқи озмун иҷрои вазифаи котиби масъул ба ӯ насиб гашт. Таҳти роҳбарии Рустами Сафар нозукиҳои касби котиби масъулро, ки ба банду басти саҳифаҳо рабт дошт, аз худ кард.

- Масъулияте, ки аз бори сармуҳаррир камтар нест ва бештари хатмкардаҳои факултаи журналистӣ имрӯз моҳияти онро хуб дарк карда наметавонанд, – мегӯяд сармуҳаррир.

Ороиши зебо баробар бо ҳусни мақолаҳо саҳифаҳои нашрияро рӯз аз рӯз хонданӣ менамуд. Кӯшишу навгониҳои ҳайати эҷодӣ аз нигоҳҳои мақомоти маҳаллию вилоятӣ дур намонд. Нашрия дар қатори рӯзномаҳои фаъоли навоҳии вилоят хуб баҳо мегирифт.

Соли 2018, ҳангоме ки роҳбари нашрия ба маркази вилоят, ба ҳафтаномаи шаҳрӣ даъват шуд, бону Сумангулро назди худ хонда, хоҳиш намуд, ки бори масъулиятро ба дӯш гирад.

-Ман идомаи фаъолияти нашрияро танҳо ба Шумо бовар карда метавонам, – гуфт Рустами Сафар дар ивази пофишориҳои вай, ки иҷрои вазифаро ба зимма гирифтан намехост. МИМҲД-и ноҳияи Носири Хусрав низ дар муқобили фаҳму заковати Сумангул Асадбекова каси дигареро намедид ва бо хушнудӣ аз пешниҳоди сармуҳаррири собиқ истиқбол кард. Бонуи боирода ва ба кори хеш содиқ таваҷҷуҳу боварии роҳбариятро дар замин нагузошт. Ӯ ба азму иродааш, ки бо он аз рӯзи нахустин ба кори эҷодӣ шурӯъ карда буд, дубора қувват бахшид ва моҳ ба моҳу сол ба сол саҳифаҳои «Бешкент»-ро хонданбоб менамуд.

-Қариб панҷоҳ дарсади аҳолии ноҳияро ӯзбекҳо ташкил медиҳанд, бо келин намудани якдигар, тоҷик ва ӯзбек хешу табори наздик шудаанд. Мекӯшем то ба миллатгароӣ ва маҳалбозӣ роҳ дода нашавад. Бо амри зарурат ҳоло ҳам баъзе хабару мақола ва қонунҳою қарорҳоро бо забони ӯзбекӣ низ интишор мекунем, то оммафаҳм бошанд, – мегӯяд сармуҳаррир.

Инак, соли ҳафтуми фаъолият дар нашрия бомуваффақият идома дорад. Дасти тавоною зеҳни расо ва азми мардонаи Сумангул Асадбековаро дар ҳар қадам ҳамроҳ буд, ки охири соли 2023 нашрияи МИМҲД-и ноҳияи Носири Хусрав «Бешкент» ба вожаи зебои «Саодатнома» табдили ном кард. Ташаббуси мазкурро дар баробари Вазорати фарҳанг, раиси вилояти Хатлон ва раиси ноҳия, мардуми маҳал, хоса зиёиён ва равшанфикрон хуш ҷонибдорӣ карданд. Ноҳияи мазкур, бинобар ҳамсарҳадӣ бо кишварҳои дигари Осиёи Миёна ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ аст, ки ҳамагон аз номгузории нашрия ҳарфи хуш гуфтанд.

 

Беш аз як сол аст, ки «Саодатнома»-и Сумангул, роҳи тайкардаи «Бешкент»-ро чун як фарзанди болиғи ӯ бо мақсади холӣ нагузоштани фазои иттилоотии кишвар ба пайгириҳои тоза идома мебахшад. Бонуи сарвар кӯшиш мекунад, ки бо нишон додани расму таомули қавму миллатҳои дар ҳудуди ноҳия зиндагидошта, дӯстию рафоқати онҳоро абадӣ нигоҳ дорад. Теъдоди обунаи нашрияро ба 1000 нусха расонд, ки миёни муштариён ӯзбеку қирғиз ва туркману қазоқ кам нестанд. Ин рақами дилхушкунанда гувоҳ аз корбарии хуби ҳайати эҷодӣ аст.


Сумангул Асадбекова бо ҳайати хурди занонааш, моҳе се ва гоҳе чор маротиба «Саодатнома»-ро дастраси муштариёни худ мегардонад. Ифтихор аз он дорад, ки рисолати доштаашро имрӯз бо ҳамроҳонаш Инобат Набизода, Замира Буттаева ва суратгири нашрия Камила Ҳайдарова бо сари баланд адо мекунанд. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси ноҳия Маҳмадаюб Шарифзода, ки пайваста дар кумак ба нашрияҳои маҳаллиянд, сармуҳаррир барои «Саодатнома» пуштибон ва сипари боэътимод медонад, зеро дар ҳар азме, ки пиёда кардан мехоҳад, мақомот аз ӯ ҷонибдорӣ мекунанд.

Сумангул Асадбекова, дар баробари адои рисолати касбии хеш, фарзандонеро чун Бунафшаю Камила ба воя расонда, ки имрӯз дар кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ, дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Носири Хусрав, дар бахшҳои гуногун фаъолият доранд. Дилноза пешаи модари азизашро интихоб карда, донишҷӯи соли аввали факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Шайдою Садбарг бошанд, талабаҳои мактаби миёна мебошанд.

Ӯ саодату хушбахтиҳои зиндагии худро дар иқболи фарзандони азизаш ва умри ҷовидонаи «Саодатнома» мебинад. «Саодатнома»-е, ки розу ниёзи сокинони як ноҳияи дурдасти кишвар – Носири Хусравро дар худ таҷассум мекунад.


Рустами НАЗИР,

Душанбе – Носири Хусрав – Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2025_small_.pdf [4.18 Mb] (зеркашиҳо: 10)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон