БОЙГОНӢ

«    Август 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Омӯзгоре, ки бо матои шеър сарукор дорад

Ҷавонон / Аз ҳар боб

Ба майдони шеъри муосири тоҷик чанд соли охир ҷавонони зиёде гом ниҳоданд, ки миёнашон бонувон низ кам нестанд.

Вуруди чанде аз онҳо ба олами зебои шеъру шоирӣ аз рӯи ҳавою ҳавас набуда, балки ишқи воқеии шеър онҳоро ба ин майдон овардааст. Қосимзода Сумани Усмон аз ҳамин шумра мебошад. Ӯ ба майдони шеър баҳравар аз осори пурмуҳтаво ва пурназокат ва саршор аз ҳикмату муҳаббати шоирони гузаштаю имрӯз бо тахаллуси Руъё ворид шуда, навниҳоли боғи шеърро мемонад.

____________________________________________________

Руъё омӯзгор аст, омӯзгори фанни химия ва биология. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дар Муассисаи таъли­моти миёнаи умумии №12-уми зодгоҳаш – ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ – ба хонандагон дарс мегӯяд.

 

Ҳанӯз аз наврасӣ ба матои шеър сарукор мегирад. Дар эҷодиёти ӯ васфи Ватан, модар ва ишқ, ки дар адабиёт мавзуъҳои ҷовидонӣ мебошанд, мақоми хоса дорад.

Муҳаббати зиёд ба шеър, фазои дилкаш, чашмаҳо ва дарёҳои пуртуғён, кӯҳҳои осмонбӯс ва оғӯши саршор аз атри овешаву сипанди деҳ ҳамвора илҳомбахши ӯ мебошанд. Руъё дар як деҳаи дурдасти кишвар ҷустуҷӯ мекунад, меомӯзад, ҳунари эҷодиашро, ки аз ҷониби Худованд ба ӯ эъдо шудааст, сайқал медиҳад.

Башоратҳои дили ӯро на танҳо шоирони баркамоли кишвар, балки форсизабонони бурунмарзӣ низ хуш пазируфтанд. Бо ин далел, соли 2024 барандаи 15-умин Ҷашнвораи Жолаи Исфаҳонӣ (ин озмун аз ҷониби Бунёди байналмилалии Жолаи Исфаҳонӣ роҳандозӣ шуда, дар он шоирони то 30-сола аз Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ширкат менамоянд) аз Тоҷикистон гардид.

Аз замоне, ки чанд ҳарфакеро бо ҳам васл мекард ва ба андозаи дарку фаҳмиши худ мисраъбандӣ менамуд, дарк кард, ки шеър гуфтан метавонад. Бо гузашти замон ва бо ворид гардидан ба дунёи зебои шеър, эҳсос намуд, ки шеър гуфтан кори саҳлу сода нест. Шоир будан масъулияти зиёд мехоҳад. Бояд бо сабку нигоҳи тозаи худ дар ин масир қадам гузошт ва қалам зад.

Ба ҳамин хотир, ба мутолаа пардохт. Ҳар китоби хуб ё осори манзумеро, ки то ин замон хонда ва барояш писанд афтод, дар роҳи эҷоду зиндагӣ роҳнамо ва ҳидоятгару омӯзгораш шуд.

— Эҳсосоти худро дар қолаби шеър ҷой карданам дар синни 12-солагӣ оғоз ёфт ва ин истеъдоди худододаро бо хондани пайваста сайқал дода, ҳамдаму ҳамрози худ интихоб кардаам, — мегӯяд ӯ.

Ва ман дар идомаи ҳамон суҳбат аз ӯ мепурсам:

Мегӯянд, ки муҳити адабӣ дар ташаккули инсон нақши зиёд дорад. Чӣ гуна шуд, ки дур аз чунин як муҳит, яъне дар деҳа ба шеър гуфтан пардохтед?

— Дар муҳите ба камол расидам, ки тамоми аҳли хонавода ба китобхониву шеърдӯстӣ майл доштанд. Ин гуна муҳит таъсири худро гузошт, то ман низ шабеҳ падару модар ва хоҳаронам даврони кӯдакиамро бо мутолаа ва шеърдонӣ ва шеърдӯстӣ паси сар намоям.

Аз аҳли хонавода, агарчӣ касе шеър намеинвишт, падар моро барои азбар кардани шеърҳои баланду пурмаъно муваззаф мекард. Ҳамин тавр, ман ба шеър дил бастам ва дар муҳосираи ин дунёи зебо мондам, ки гумон аст аз он раҳо ёбам.

• Ба назари Шумо, киҳо метавонанд шеър гӯянд?

— Нафароне, ки Худованд ба онҳо ин истеъдодро эъдо намудааст, ба сухан қудрати ҷон ва парвоз бахшиданро доранд. Нолаҳои бефарёди дилро ба ҳарф дароварда, бо забони шеър баён карда метавонанд.

Шеър мавзун кардани ҳарфу вожа аст ё бештар аз ин?

— Шеър аслан зодаи эҳсос аст ва эҷодкор бояд эҳсосоти худро бо мавзун кардани вожаву ҳарф, ташбеҳ ва тасвирсозӣ, маъниофарӣ ва зебобаёнӣ ба риштаи назм бикашад. Агар шеър аз ин ҳама тӯҳма бошад, пас он шеър нест ва наметавонад дилҳоро тасхир намояд. Ман бо шеър дард, эҳсосот, муҳаббат ва аз ҳолати дили худу халқ паём медиҳам…

Чаро ба худ тахаллус Руъё гирифтед?

— Зиндагии ман шабеҳ як руъёст. Ҳар чизе дар байни хобу бедорӣ ба иттифоқ уфтодаро дар ҷаҳони руъёи худ таҷриба ва дарк намуда, ба риштаи назм мекашам. Аз ин рӯ, баргузидам тахаллуси Руъёро.


Чӣ чиз ангезаи илҳоми шоир шуданатон аст?

— Мушоҳида, андеша, хаёлҳои рангину эҳсосоти баланд ангеза мебахшанд. Масалан, резиши баргҳо дар фасли тирамоҳ барои як инсоне, ки дур аз эҷод аст, хеле одист, вале дар нигоҳи шоир шабеҳ парандаест, ки аз шоха парвоз мекунад. Аз ин зебоӣ фақат шоир ангеза мегирад ва танҳо ӯ бо нигоҳи хоси худ метавонад вассофи офаридаҳои пурлатофати Худованд бошад.

Зи шоха пар задани баргҳо тамошоист,

Чунон ки пар бикашад мурғ аз канори дарахт…


Руъё бо дарке, ки аз шеър дорад ва бо роҳнамоии устодон ҳамеша ҷустуҷӯю талош мекунад, то навгӯ бошад. Навгӯии ин бонуи хушзавқу андешамандро дар мисраъҳои зер, ки дар қолаби ғазал зебову муассир иншо шудааст, метавон мушоҳида кард:

Эй қаҳвачашм, боиси бехобиам шудӣ,

Бингар чӣ сон далолати бетобиям шудӣ.

Борон шудӣ ба боғи дили ташнаам, чӣ хуш,

Боридию василаи шодобиям шудӣ!

Хуршедрӯ, тулӯи ҳавсҳои сабзи дил,

Барномарези қиссаи офтобиям шудӣ.

Дарё шудам, ба қаъри дилам ғуртавар шудӣ,

Зебо шино намудию мурғобиам шудӣ.

Кардам ҳимояи ишқи туро, номзад шудам,

Дар илми ишқ раҳбари дилёбиам шудӣ.

Мо ҳам дар гуфтугӯ ва ҳам дар назму наср ба вожаи «сабзчашм» зиёд вохӯрдаем, аммо калимаи «қаҳвачашм»-ро, ки қаҳрамони матлаби мо дар шеър истифода кардааст, дилписанд мебошад ва тоза ба назар мерасад.

Шеърҳои ӯ боварии моро ба ояндаи неки ӯ ва ҷойгоҳи хоса пайдо намуданаш дар дунёи шеър меафзояд.

Ҳадаф ва маъниофарӣ дар ин рубоии Руъё ба назар мерасад:

Покиза зи гард карда пироҳани гул,

Сад буcаи тоза мезанад, бар тани гул.

Борон ба наҷоти гул фарояд зи ҳаво,

Рухсат надодан барои пажмурдани гул.

Шоир ҳадаф аз боридани боронро дар пок намудани гулҳо аз олудагиҳо баён доштааст. Аз ҳаво ба замин фуруд омадани боронро муҷиби «пажмурда» нагардидани гулҳо ва бо ин роҳ наҷот ёфтани онҳо медонад.

Дар ҳолати дигар низ мушоҳида ва хулосаҳои ӯ дар мавриди борону гул зебо ва муассир ба риштаи назм кашида шудааст:

Зи бӯcи обиаш лабҳои гул тар,

Чаман мерақсад аз симфонии борон.


Ибораҳои мисли «нигоҳҳои обӣ», «ҳисси яхзада», «субҳи дидаи ман», «гулхотироти ёд», «пайғоми буcаборон», «абри ғамҳо», «дастраси танҳӣ», «дасти хаёл», «қалби ҷаҳон», «гесӯи бешумори дарахт», «дафтари сина», «як сина чашм», «як бағал ишқ», «симфонии борон», «пироҳани гул» аз ашъори мавзунаш барчидем ва бозгӯи онанд, ки Руъё як шоири ҷавони таъбирсоз низ мебошад.

Қаҳрамони мо аз башоратҳои дили худ дар аввалин маҷмуаи шеърҳояш, ки соли 2023 зери унвони «Руъёҳои Руъё» ба нашр расид ва тавассути китоби дастҷамъии «Ҳамсолони истиқлол» (2017), «Чилдухтарон» (2020), нашрияҳои «Адабиёт ва санъат», «Ҷумҳурият», «Ганҷи Исфара», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва дигар нашрияҳои давр ба ҳаводорони каломи мавзун паём расонд.

Ӯ ғолиби чандин озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятию ҷумҳуриявӣ низ мебошад. Исмаш дар китоби ғолибони бонуфузтарин Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» (дар номинатсияи назм) сабт аст. Дорандаи Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон мебошад.

Руъё ҳоло дар ибтидои роҳ аст ва мо умедворем, ки оянда низ роҳҳои нуҳуфтаи дили худро тоза ба тоза мекушояд. Бо шеър башоратҳои дили худро мерасонад ва дили саршор аз ишқу орзуи мухлисонашро менавозад ва бо мисраъ-мисраъ табассум ва ситоиш месозад.


Фарзона Файзалӣ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2025_small_.pdf [4.18 Mb] (зеркашиҳо: 10)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон