БОЙГОНӢ

«    Август 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Гулшодае, ки зебоӣ меофарад

Ҷавонон / Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ шумораи камтавонон 167 108 нафарро ташкил дода, дар се соли охир омор 0,1 фоиз коҳиш ёфтааст.

Ин бор мақолаҳои озмунӣ мебоист аз ноҳияи Айнӣ таҳия гарданд. Бо ин маром, масирамон сӯи ин ноҳия равона шуд. Роҳи ҳамвор миёни кӯҳҳои осмонбӯс, ҷо-ҷо нақбҳои хурду бузург бори дигар аз Тоҷикистони рӯ ба тараққӣ дарак медод. Дилам аз ободиҳову оромиҳои диёр хушнуд мегашт. Бо роҳи роҳат ва тамошои манзараҳои дилрабое, чӣ тавр ба ноҳияи Айнӣ расиданамонро надониста мондем…

Ноҳияи Айнӣ дар қисми шимолу ғарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар водии Зарафшон ҷойгир буда, ба ҳайати вилояти Суғд дохил мешавад. Масоҳати умумии он 5158,6 км², маркази ноҳия 5,2 ҳазор км² буда, 97 фоизи онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Аз ноҳияи Айнӣ то маркази вилояти Суғд 177 километр ва то шаҳри Душанбе 140 километр аст.

Намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, ки аз рафти озмуни маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» огоҳӣ доштанд, барои муаррифии ноҳия мусоҳибонро интихоб ва пешниҳод намуданд. Миёни онҳо рӯзгори духтараки камтавоне, ки тавоноии зебоиофарӣ дошт ва маҳсулоти гуногунеро бо мӯҳра мебофт, бароям аҷиб намуд. Суроғаи духтаракро, ки дар деҳоти Урметан мезист, дарёфтам.

Деҳоти Урметан яке аз калонтаринҳо дар ноҳияи Айнӣ ба ҳисоб мераваду масоҳати он 0,61 ҳазор км² ё 15 фоизи ҳудуди ноҳияро ташкил медиҳад. Деҳаҳои ҳудуди деҳот дар ду тарафи дарёи Зарафшон ҷойгиранд. Масофа аз маркази ноҳия то Урметан 40 километрро дар бар мегирад.

 

Барои ошноӣ бо Гулшодаи Фараҳманд моро муовини раиси Ҷамоати деҳоти Урметан Зӯҳро Ҷалилова ҳамроҳӣ намуд. Бо ворид шудан ба ин хонадон, бобову бибии Гулшода пешвоз гирифтанд…

…Ба дунё омадани духтарак боиси шодию хурсандии волидон ва бобову бибӣ гардид, ки бо орзуҳои зиёд исмашро Гулшода ниҳоданд. Падару модари ҷавону хушбахт меболиданд, ки Худованд аз раҳматаш бенасиб нагардонду барояшон тифли дӯстрӯе ҳадия кард. Воқеан ҳам, Гулшода ноздонаи хонадон буд, аммо ин ҳама хушиву хурсандиҳо дер напоид. Ҳанӯз як сол дошт, ки духтурон муайян намуданд, ки духтарак ба бемории устухоншикан гирифтор аст ва наметавонад роҳ равад. Бо ин ҳама, зодмандон ба ояндаи неки ҷигарбандашон умед баста, шабу рӯзро дари беморхонаҳо сипарӣ менамуданд, аммо баъд аз ҷарроҳие орзуҳои онҳо ормонӣ шуд. Духтарак дигар наметавонист роҳ гардад…

Гулшода 17 сол дорад. Ин муддат муаллимони мактаб мудом ба хона омада, барномаи дарсиро ба ӯ меомӯзонданд ва ба волидон қоил мешуданд, ки Гулшода донишу маҳорати хуби азхудкунии дарсҳоро дорад. Тамоми вазифаҳои хонагиро дар алоҳидагӣ ба анҷом мерасонду пешкаши устодон менамуд. Ҳоло ӯ дар дил орзуи тарроҳи либос шуданро мепарварад, вале, мутаассифона, барояш зиёд нишастан номумкин аст. Бо ҳавсалаи зиёд барои модар ва бибияш куртаҳои миллиро бо маҳорати хосае дӯхтааст, ки ҳар боре онҳо дӯхтаи ӯро ба бар кунанд, дилаш шод мегардад. Барои осеб нарасидан ба саломатиаш Гулшода муддати ду сол мешавад, ки ба мӯҳрабофӣ рӯ овардааст. Ӯ ин ҳунарро аз интернет омӯхта, аввал корро аз дастпонабофӣ сар кард. Бо як завқи баланд аз мӯҳраи одӣ нақшу нигори зебое меофарад. Ҳоло ӯ бештар дастпона, гӯшвор, ҷузвдонҳои занона ва пешовезу ғайра омода мекунад. Маснуоти мӯҳрабофиро асосан аз мӯҳраҳои гуногуни ранга ва риштаву торҳои пластикӣ омода месозад.

Духтарону наврасони завқманд аз гирду атроф назди Гулшода омада, ҳунари мӯҳрабофиро аз ӯ меомӯзанд. Гулшода аз он меболад, ки лоақал метавонад ба нафаре дасти мадад дароз намояд. Маҳсулоти омодакардаи ӯ дар ноҳия ва ҳатто берун аз кишвар низ харидорони худро пайдо намудааст. Сайёҳону меҳмонон бофтаҳои ӯро ҳамчун армуғон харид карда, бо худ мебаранд.

Гулшода ҳамеша маблағҳои бадастовардаашро барои ашёи зарурии рӯзгор сарф менамояд. Дили бузург дорад. Бисёр духтари хоксор, заминӣ ва меҳрубон аст. Мо аз дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба нафарони камтавон миннатдорем. Ҳар сол нафақаи онҳоро баланд мебардорад. Дар иду ҷашнҳо ду набераи маро фаромӯш накарда, аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия хабаргирӣ меоянд, ки аз ин сарамон ба осмон мерасад, – мегӯяд Гулчеҳра, бибии Гулшода.

Мо дар симои қаҳрамонамон устуворӣ, навҷӯӣ ва таҳаммулпазириро пайдо кардем. Гулшода ба ақидаи он ки инсон дар зиндагӣ меъмори худ аст ва бояд, ки худро дар ин пайроҳа пайдо созад, розӣ аст.

Бояд гуфт, ки дар байни камтавонони кишвар кормандони соҳаҳои гуногун — шурӯъ аз меҳнаткашони қаторӣ то арбобони барҷастаи сиёсӣ, илму фарҳанг, қаҳрамонони ҷангу меҳнатро дидан мумкин аст, ки онҳо низ дар доираи имконияти худ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ширкат варзида, дар ташкилоту корхонаҳо фаъолияти пурмаҳсул менамоянд ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

Замони соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷуҳ ба маъюбон ва оилаҳои ниёзманд ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, ҷиҳати дастгирии давлатӣ ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти онҳо аҳамияти махсус зоҳир мегардад. Дар ҷумҳурӣ теъдоди зиёди ташкилотҳои давлатӣ ба шахсони имконияти маҳдуддошта хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ мерасонанд, ки Гулшодаи ҳунарманд низ нафаре аз ин ҳазоронҳост.


Фарзона ВОСЕЕВА,

Душанбе – Айнӣ – Душанбе



Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2025_small_.pdf [4.18 Mb] (зеркашиҳо: 10)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон