БОЙГОНӢ

«    Август 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҷавонон ва интихоби дурусти пеша

Ҷавонон

Қатъи назар аз вазъи душвору сангин ва давраи гузариши солҳои 90 – уми асри XX Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумлабеҳдошти вазъи таълиму тарбия, ихтисос, соҳиби касбу ҳунар, ҷойи кор гардидани онҳова мавқеи хосса пайдо намуданашон дар ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамуданд. Чун омӯзондани насли ҷавон, фароҳам овардани имконоти ташаккулёбӣ ва муҳайё намудани омилҳое, ки ба рушди зеҳнию ҷисмонии онҳо замина мегузоранд, асоси рушду пешрафти дилхоҳ давлат аст. 

Ҳамин ҷанбаъҳои муҳиму тақдирсози кишварро ба инобат гирифта, дар марҳалаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ таваҷҷуҳ ба сиёсати давлатии ҷавонон ҳарчи бештар гардид. Кабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлат, мулоқотҳои пайвастаи Пешвои ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавонгардонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин шудани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардондани боғҳои фарҳангиву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз ба талаботи замони муосир ва эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» дастоварди беназир дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар аст. Умед ва интизориҳои роҳбарияти олии мамлакат ба ҷавонон хеле зиёд аст, ҳамон тавре, ки Пешвои муаззами миллат иброз доштаанд: «Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлат, густариши худшиносиву худогоҳ ва ватандӯст кӯшишу талош намояд». Дар синни наврасӣ ба интихоби касб омилҳои таъсиррасон зиёданд. Дар ин айём қисме бештар на ба шавқу ҳавас ва қобилиятҳои худ, балки ба даромади касб бештар аҳамият медиҳанд. Дар ин замина, донишманде фармуда: «Чӣ хуб аст, ки одам имконият пайдо кунад, то на аз рўи зарурат, балки мувофиқи майлу завқ барои худ касб интихоб намояд». Аз ин рӯ, саволе пеш меояд: вақти интихоби касб аз ҳама зиёд кӣ метавонад таъсиргузор бошад?

Ба назари коршиносон, нақши зодмандон дар ин самт аз ҳама беш аст, зеро маҳз онҳо метавонанд ба фарзандон фазои мусоид фароҳам оваранд, то онҳо ин масоилро дар тарозуи ақл баркашанд ва пасон сари мақсад оянд. Аз ҷониби дигар, ҳар як падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд қонунан вазифадоранд. Интихоби касб низ яке аз ҷузъҳои муҳими ҳаёти инсон ба шумор рафта, кӯдак ба андешаву афкор ва маслиҳати наздикон ниёзманд аст. Дар ин роҳ саҳми муассисаҳои таълимӣ ва ҷамъиятӣ низ бояд назаррас бошад. Барои интихоби дурусти касб наврас бояд пайваста дар ҷамъомадҳо, маслиҳатҳои муфиди оилавӣ ва муассисавӣ ширкат варзад. Мегӯянд, ҷопониҳо шеваи махсуси тарбияи фарзандро доранд. Онҳо ҳанӯз аз хурдсолии тифли худ маълум мекунанд, ки хоҳиши фарзандашон ба кадом самт аст ва маҳз онро қавӣ месозанд. Падару модар ба кӯдак имкон медиҳанд, ки дар деворҳои хона расм кашад. Аз рӯи тасвирҳои гуногуни кашидаи тифли хеш волидон мефаҳманд, ки фарзандашон ба чӣ майли бештар дорад. Пас аз он муаллим мегиранду ҳамин ҷанбаро қавӣ месозанд. Ин таҷрибаи басо муҳим аст. Махсусан имрӯз, ки аз рӯи ҳисобҳо дар дунё беш аз 50 ҳазор намуди касб арзи вуҷуд дорад, аммо баробари тараққиёти босуръати илму техника, иқтисоди бозаргонӣ, талаботи бозори меҳнат ва пайдоиши зеҳни сунъӣ дар оянда тақрибан 500 касб аз байн рафта, ба ҷояшон касбҳои наву ҷавобгӯйи талаботи давру замон ба миён меоянд. Имрӯз касбу ихтисосҳое ҳастанд, ки технологияи муосир мавқеашонро танг карда, барои рӯзгузаронии соҳибони худ дигар коре карда наметавонанд. Ба ҷуз ин, ихтисосҳое низ ҳастанд, ки оянда таваҷҷуҳ ба онҳо ниҳоят кам мегардад.

Аз ин рӯ, имрӯз ҷавонон бояд касберо интихоб намоянд, ки созгори ҷомеаи кунуни бошад. Иддае аз наврасону ҷавонон то хатми мактаб бепарво мегарданд ва танҳо дар охирин лаҳзаҳо, яъне вақти бақайдгирии Маркази миллии тестӣ ягон равияро таваккал интихоб мекунанд. Бовар аст, ки ҳатто дар сурати дохил шудану диплом гирифтан ҳам, чунин «мутахассис» ояндаи хуб дошта наметавонад. Қисме аз зодмандон мехоҳанд касбашон ирсӣ бошад. Масалан, духтурон хоҳони онанд, ки ҷигарбандашон табиб бошад ё муҳандис лоиҳаи бузургро бо фарзандонашон амал кардан мехоҳад. Дар чунин ҳолатҳо волидон интихобро аз худ мекунанд, ки ин метавонад ба ояндаи фарзанд таъсири манфӣ расонад. Ҳар як ҷавон бояд касберо бипазирад, ки ба он сахт дилкашолӣ дорад. Ин аллакай қадами муҳим барои кушодани паҳлуҳои нави касбу кор хоҳад буд. Шарти дигари муҳим қабл аз интихоби касб барои ҷавонон ин аст, ки онҳо бояд барвақт худро дар ҳамон касб тасаввур намоянд. Дар ин сурат интихоб бидуни эҳсос, дар назардошт бо ҳама заминаҳои моддиву маънавии инсон ҷараён мегирад. Хуллас, интихоби дурусту мустақилона ва озоди интихоби касб шахсро ба қуллаҳои мурод мерасонад.

                                                                        ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон

                            

 

 

                                                                        

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2025_small_.pdf [4.18 Mb] (зеркашиҳо: 10)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон