БОЙГОНӢ

«    Июл 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Тадбирҳои бунёдӣ дар мустаҳкам намудани тарзи оиладорӣ

Ҷавонон

Раванди ҷаҳонишавӣ ва омезиши фарҳангҳо, ки ба аз байн рафтани арзишҳои милливу фарҳангии кишварҳои аз лиҳози ҷуғрофӣ ва нуфуси аҳолӣ хурд ва ҳам мамолике мегардад, ки ба масоили ҳифзи фарҳангу асолати миллӣ эътибор намедиҳанд. Дар лобалои ину дигар майлонҳои ҷаҳони муосир фарҳанги оиладорӣ марҳалаи буҳрониро паси сар дошта, имрӯз ҳатто дар кишварҳои пешрафтаи олам пошхӯрии оила ба нишондодҳои рекордӣ расидааст, ки ин ҳолат ҷомеаи Тоҷикистон - як узви ҷудонопазири онро бетафовут гузошта наметавонад.

Бо мақсади таҳкими арзишҳои хонаводагӣ устувории оилаҳои ҷавон ва рушди фарҳанги оиладорӣ ҳанӯз аз оғози бунёдгузории давлати соҳибистиқлол аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар тадбирҳои муҳим андешида шуда буданд ва даҳҳо санаду иқдомҳои ояндабинонаи миллӣ ба тасвиб расиданд, ки аз зумраи дурнамоҳои хирадмандонаеанд, ки ба таҳкиму устувории оилаҳо нигаронда шудаанд.

Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Кӯшониён бо мақсади пешгирӣ аз баҳсу муноқишаҳои хонаводагӣ ва коҳиш додани ҳолатҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон иқдомҳои гуногунро рӯи даст гирифта, дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор ва истифода аз неруҳои фаъоли ҷомеа, ки миёни мардум нуфузу эътибор доранд, як зумра тадбирҳои судманд андешида истодааст.

Зимни суҳбату вохӯриҳои хона ба хона, ки дар рафти он масоили тарбияи ҷавонон дар руҳияи арзишҳои миллӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, арҷгузорӣ ба ҳаққу ҳуқуқҳои иҷтимоии занону духтарон ва дигар мавзуъҳои рӯзмарраи ҷомеа баррасӣ мегарданд, ҳамзамон, сокинон вобаста ба мушкилу масоили ҳалталаби хонаводагӣ аз масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва равоншиносону собиқадорон машварату тавсияҳои судманд мегиранд.

Тоҷикон, ки аз аҳди қадим бо расму оинҳои мондагор, ахлоқи ҳамида, одобу тамаддуни хонаводагӣ ва нақши пешоҳангӣ дар рушди илму фарҳанг намунаи ибрати аҳли башар ба ҳисоб рафта, оиларо волотарин арзишҳои зиндагӣ ва макони муқаддас мешуморанд, дар муҳити солиму осоиштаи он ба мақоми зан арҷу эҳтироми бузург мегузоранд, зеро дар оғӯши гарму домани поки зан-модар насли ояндаи миллат парвариш меёбад. Бо назардошти ин нукта масъулони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати татбиқи сиёсати давлат ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои маърифатнокиро дар самти пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо, рушди фарҳанги хонаводагӣ, устувории оилаҳои ҷавон ва роҳнамоии ин неруи бузург ба ободгароиву рушду пешрафти ҷомеа бо фаъолзанону модарони пешоҳанги маҳаллаҳо тақвият мебахшад. Ин аст, ки дар суҳбату вохӯриҳо бо сокинон ва ҳам роҳандозӣ намудани иқдомҳои созандагӣ бонувони номвари ноҳия ва модарони рӯзгордида дар сафи пеши ташаббускорон қарор доранд.

Зимнан, дар баробари фаҳмондадиҳии масоили ҳалталаби ҷомеа дар самти масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои бандҳои қонунҳои қабулгардида оид ба ҳатмӣ будани муоинаи тиббии навхонадорон, номгузории тифлони навзод тибқи китоби «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», ҳамзамон, ба қайдгирии саривақтии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба сокинон маълумоти зарурӣ расонда мешавад.

Бахши САҲШ-и ноҳияи Кӯшониён бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ҷиҳати номгузории фарзандон тибқи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ва дар муҳлати муайянгардида ба қайд гирифтани асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар доираи маросимҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ дар вазъияти тантанавӣ ба 16 ҷуфт наварӯсон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба 25 нафар фарзандони оилаҳои камбизоат шаҳодатномаи таваллуд тақдим намуд.

Дар радифи тадбирҳо дар самти пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо, бақайдгирии саривақтии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, аз ҷумла ақди никоҳи давлатӣ ва сабти асноди таваллуди кӯдакони навзод, ҳамзамон, огоҳии мардум оид ба бастани аҳдномаи никоҳ байни ҳамсарон ба манфиати шаҳрвандон, бахусус бонувон буда, омили пойдориву устувории оила арзёбӣ мегардад. Гарчанде дар асоси боби 8-уми моддаи 40 Кодекси оила бастани аҳдномаи никоҳ ихтиёрӣ аст, бунёдгузории оила, ки аз меҳру муҳаббати байниҳамдигарии навхонадорон ибтидо мегирад, ба имзо расондани санади аҳднома кафолати пойдории оила ва нишони садоқату боварӣ байни ҳамсарон мебошад.

Пешвои муаззами миллат зимни як суханронии хеш дар ин маврид изҳор доштанд: «Беҳтарин коре, ки инсон дар давоми умр анҷом медиҳад, ин бунёди оила аст». Пажӯҳишу омӯзаҳои бисёрсола дар ин самт собит менамоянд, ки хушбахттарин мардумон онҳое мебошанд, ки оиларо дар асоси меҳру муҳаббати самимӣ ва садоқату вафодорӣ ба якдигар бунёд гузоштаанд. Маҳз дар муҳити фарҳангии чунин хонаводаҳо наслҳои солиму ба зиндагӣ хушбин, неруманду тавоно зодаву ба воя мерасад.

Бубинед, ки дар асри гузашта, вақте ҳазорон нафар ҷавонмардони кишвари мо аз ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 барнагашта буданд, аммо ҳамсарони вафодори онҳо монои сутуни устувори дудмони хеш фарзандони падарятимро дар руҳияи арзишҳои муқаддаси миллӣ тарбият намуда, ба воя расонданд. Зан-модари тоҷик дар он солҳои мушкил ба хотири ҳифзи арзишҳои хонаводагӣ на танҳо умре чашм ба роҳи ҳамсарони худ интизор буданд, балки дар майдони саҳрову арсаҳои гуногуни корзор мардонавор заҳмат кашида, дар рушду тараққиёти минбаъдаи Меҳани хеш саҳми бориз доштанд.

Ҳамин тавр, масъулону кормандони бахши САҲШ-и ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки зимни мулоқот бо ходимони дин ва фаъолони ҷомеа баён гаштанд, талош варзида, мекӯшанд, то тариқи суҳбату вохӯриҳо ва омода намудани буклету муроҷиатномаҳо чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро дар тамоми маҳалу рустоҳои ноҳия тақвият мебахшанд. Бо андешидани чораҳои мушаххас дар самти баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ, ташкили суҳбату машваратҳои зиёиёну шахсиятҳои нуфузманди ҷомеа бо сокинон ва ҷалби таваҷҷуҳи умум ба таълиму тарбияи фарзандон, роҳнамоии навхонадорон ба ҳаёти солиму созанда ба ҳаллу фасли мушкилоти оиладорӣ ва дигар масоили мубрами ҷомеа метавон ноил гашт.

Муъмина ИБРОҲИМЗОДА,

мудири бахши САҲШ-и

ноҳияи Кӯшониён

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2024_small.pdf [4.79 Mb] (зеркашиҳо: 42)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон