БОЙГОНӢ

«    Октябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Руҳафзо фалаксарое…

Ҷавонон

              Мавзунтар аз садои обшорон

Навои дилнишини дутор гӯйӣ аз мағзу буни дару девори ин бинои болобаланд садо медод, ки лаҳзаи вуруд ба долони қасри фарҳанг касро эҳсосоти аҷибе фаро мегирад. Аҳли ҳунар машғули ороиши саҳнаву иддае ҳам саргарми тамрину таҳияи барномаҳои фарҳангӣ ва ҷамъе дар толори китобхона маҳви мусиқӣ гашта бу- данд, ки ба гоҳе кафзанон бо сароянда ҳамвоз мешуданд. Танини савту садои дилрабо ончунон ҳозиронро тасхир карда буд, ки соати корӣ анҷом ёфта бошад ҳам касе майли рафтан надошт. Ба гоҳи авҷи фалакӣ садои руҳафзое ба муҳити фарҳангиён нафаси ҷонгудоз мебахшид;

Ҳар гаҳ, ки маро хумори модар гирад,

Як даста алов рӯйи дилам дар гирад

Эй кошкӣ умри рафта боз ояд боз,

Модар ояд зиндагӣ аз сар гирад.

 Модар ояд, зиндагӣ аз сар гирад…

Руҳафзо Файзуллоева аз сарояндаҳои хушовозест, ки сокинони шаҳри Левакант зуҳури ӯро дар саҳнаи ҳунар бозёфти камназири аҳли фарҳанг мегуморанд. Бе муҳобот навои ӯ мавзунтар аз садои обшорони қуллаҳои кӯҳдоманист ва маънии сурудаҳояш зеҳни шунавандаро ба олами зебоиҳо ғарқ месозад. Чуноне ки устоди санъатварони номвари ин шаҳри ҳунарпарвар Раҷабалӣ Маҳмадалиев изҳор медорад: «Истеъдод аз муъҷизаҳои ноку- шодаест, ки Офаридгор онро ба ҳар фарде ато бинмояд, ҷозибаи ҳунараш аз насл ба насл дар зеҳну замири мардум маъво мегирад».

– Дар замони рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ки дар пайравӣ аз ташаббусҳои фарҳангсолории Пешвои муаззами миллат дар бахши фарҳанги шаҳри Левакант таъсиси гурӯҳи бонувони дуторнавоз тарҳрезӣ шуда истодааст, мояи хушнудиву ҳам ифтихори мо, ҳунармандон, аст, ки овозхони хушсалиқае, мисли Руҳафзо дорем. Солиёни фаъолият дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас, маҳз ба шарофати ҳунару салиқаи фитрӣ номбардори мактабу маорифчиён дар озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ буд.

 

    Аз аллаи модар то фалаки кӯҳистонӣ

Меҳру муҳаббат ва ишқу ангезаи овозхониам аз аллаи модар сарчашма мегирад, ки овони тифлии ману баъдан, ҳангоми хоб рафтани додару хоҳараконам барои мо суруду таронаҳои ширин мехонд, - саршори хаёлот аз овони кӯдакӣ қисса оғоз намуд Руҳафзо. – Даврони мактабхонӣ, саргарми кори саҳро ҳамеша ҳамроҳам радиои ҷайбӣ доштам ва шабонгоҳонто анҷоми барномаҳои радиои «Садои Душанбе» хобам намебурд. Дар айни милоди аввалин орзуҳои наврасӣ ба роҳбариву роҳнамоии модарам, ки пешбарандаи гурӯҳи ҳаваскорони мактаби деҳа буд, дар озмунҳои «Андалеб», «Хушдилон» маҳфилҳои ҳунарӣ нақш мебози- дам. Қабл аз ин, ҳанӯз дар 4–5-солагиам, дар саҳнаи театрии таҳия намудаи ҳамдеҳагонамон барои маҳфили «Зарифон» нақши кӯдакеро бозидам, ки фориғ аз ҳаводиси рӯзгор ин сӯву он сӯйи саҳна медавид. Гузашти солҳо ба гоҳи дидор бо солмандони деҳа ёд аз он саҳначаи «Баҳси об» меоранд, ки чӣ гуна муаллими деҳа миёни талотӯби навбати об аз мардум илтиҷои сабру созиш дошту нақшофари хурдтарини қисса бошад, аз болои ҳам уфтодани бонувони обгир ба завқу хандаи беғаш давутоз дошт.

Бо ҳама завқу дилбохтагӣ ба санъати сарояндагӣ ва сайқали ҳунару орзуҳои дар дил парвардааш, баъди хатми мактаб зодмандон нахостанд, ки дар риштаи ҳунарҳои зебо таҳсилро идома диҳад. Ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуд. Дар баробари таҳсили ғоибона, дар мактаби зодгоҳаш ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс мегуфт, илова бар ин, ба ҳайси роҳбар ба гурӯҳи ҳаваскорони санъати мактаб нозукиҳои сурудхониро меомӯзонд.

Ситораи Руҳафзо пас аз издивоҷ ва идомаи фаъолияти касбиву ҳам намои истеъдодаш дар МТМУ №1 -уми шаҳри Левакант ба дурахш омад.

   Як шаҳр шайдои фалак

Тули фаъолияти омӯзгорӣ ва роҳбарии дастаи ҳаваскорони санъати мактаб, баъди басти якум ману дунёи орзуҳоям будем, бо хонандагон машқи рақсу суруд доштам. Дар ин шаҳри аксари сокинонаш шефтаи ҳунарҳои зебо, ба ҳангоми омодагӣ ба озмунҳои фарҳангӣ ҳатто хоҷагидори муассиса, ки ҳунари навозандагӣ дорад, ба дастаи ҳаваскорон ҳамроҳ мешуд,- иброз медорад Руҳафзо Файзуллоева. – Баъди ба вазифаи мудири бахши фарҳанг таъин шу- дани Талабзода Азизулло, маро ба вазифаи директори Китобхонаи марказонидашудаи назди шуъбаи фарҳанги шаҳри Левакант лоиқ донистанд.

Давоми 8 моҳи фаъолият аллакай дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ғолибият ба даст оварда, дар даври вилоятӣ аз иҷрои суруди «Модар» ба хубӣ баромад.

    Ҳамкориҳои эҷодӣ…

Устодаш Раҷабалӣ Маҳмадалиев, ки фориғ аз масъулиятҳои касбӣ дутору рубоб ва дигар намуд асбобҳои халқӣ месозад, аз ҳамкориҳои эҷодӣ бо Руҳафзо Файзуллоева интизориҳои зиёд дорад.

 -Овози маҳини Руҳафзо тавъам бо жанри фалак ва мансуб ба дарду розу ниёзи инсонист. Сурудаҳои дилрабояш ба зудӣ миёни мухлисонаш маҳбубият пайдо менамоянд, ба вижа, садои руҳнавозу намои анъанаҳои миллии дар саҳнаи «Саршӯёни арусӣ»-и озмуни мактабӣ пешкаш бинмудааш буд, ки баъдан, ин анъанаи миллӣ аз нав дар ҷашнҳои арусӣ мӯд шуда, бо иштироки Руҳафзо ин маросими мардумӣ бо тамоми рукнҳояш иҷро карда мешавад. Шавқу шӯри овозхониву талошҳои хастанопазирӣ Руҳафзо ба аҳли фарҳанги шаҳрамон неруву ангезаи эҷодӣ бахшида, имрӯзҳо дар ҳамкорӣ бо ӯ ҳар яки мо идеяҳои эҷодии худ- ро рӯйи кор оварда истодаем. Ба ростӣ, шавқу рағбати бепоёнам ба дуторсозӣ аз ҳузури мисли Руҳафзо ҳунармандони соҳибистеъдод маншаъ мегирад, ки бо салиқаи беназири овозхонӣ ба барномаҳои фарҳангӣ шукӯҳу ҷалол мебахшанд. Биноан, дар таъсиси гурӯҳи дуторнавозон, агар омодасозии асбобҳои мусиқӣ аз ман вобастагӣ дошта бошад, дар бозёфту рушди истеъдодҳои наврас умедамон ба Руҳафзост, ки дар ин ҷода зарфиятҳои нокушода дорад, - ифтихормандона иброз дошт устоди ҳунару дуторсози чирадаст Раҷабалӣ Маҳмадалиев.         

                                         Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

                                               шаҳри Левакант

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_10_2025_small.pdf [3.88 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон