БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Бонуи фаъолу ташаббускор

Ҷавонон / Слайдер

      Қариб нисфи хизматчиёни давлатии вилоятро ҷавонони то сиву панҷсола ташкил дода, сармутахассиси шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа Шоиста Азизбекзода, яке аз чунини чеҳраҳои ҷавон аст, ки дар роҳи интихобнамудааш боифтихор, устувор ва боварманд гом мениҳад.

Фаъолияти касбии Шоиста, пас аз хатми факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба ҳайси омӯзгор дар мактаби деҳа оғоз гардид. Шоиста ҳанӯз дар овони донишҷӯӣ, ки онро «айёми тиллоӣ» ҳам меноманд, дар баробари таҳсили аъло, дар корҳои илмиву маърифатӣ ва ҷамъиятии Донишгоҳ ширкати фаъол меварзид. Масъулиятшиносӣ дар иҷрои супоришҳо, тозакорӣ ва ташаббускору ҷӯянда будан аз хислатҳои фитрии ҷавондухтар буданд, ки зуд зоҳир гаштаву дар солҳои фаъолияти касбӣ дар мактаб ташаккул ёфтанд. Дониши хубу одоби баланди муошират боис гардиданд, ки дар ҷодаи таълиму тарбия ӯ худро чун мутахассиси дорои касбияти баланд муаррифӣ намояд.

 

Дар доираи сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такмили низоми идоракунии давлатӣ ва ташаккули хизмати давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба вазифаи муҳими давлатӣ табдил ёфт. Барои таъмини ҳуқуқи баробари шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ, ҳамасола кадрҳои боистеъдоду донишманд соҳибихтисос, ташкилотчиву ташаббускори ҷавон барои иҷрои муваффақонаи вазифаҳои давлатӣ ва уҳдадориҳои мансабӣ ҷалб мегарданду ба манзури тақвият бахшидани касбият ва салоҳиятнокиашон омӯзиш мебинанд.

Вақте ба вазифаи сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа озмун эълон шуд, Шоиста тасмим гирифт, ки дар он ширкат варзад. Байни довталабони зиёд баранда шуду дар ҷодаи нав даст ба кор зад. Аз рӯзҳои аввали корӣ худро чун мутахассиси масъулу босавод ва тозакору ташаббускор нишон дод. Сифати намунавии ҳуҷҷатгузорӣ, назорати бахши иҷтимоӣ ва фарҳанг ва таҳлилу пешниҳод намудани гузоришҳо оид ба рушд ва мушкилоти ин соҳа аз вазифаҳои шуъба буда, кормандон вазифаҳои хидматиашонро бо сифати баланд анҷом медиҳанд.

Корҳои бунёдиву созандагӣ пас аз сафари нахустини Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия вусъати тоза гирифтанд. Бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бонкҳо, шуъбаи маориф, комиссариати ҳарбӣ, хадамоти оташнишонӣ, адлия, нозироти андоз, раёсати молия, варзишгоҳ, навсозӣ гардидани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, беморхонаи замонавӣ, бинои панҷошёна барои хизматчиёни давлатӣ, МТМУ барои 640 хонанда, Парки технологӣ, боғи фарҳангу фароғатӣ, нуқтаҳои зиёди хизматрасонӣ аз навгониҳои даврони истиқлоли кишваранд,ки симои деҳот ва маркази ноҳияро куллан дигар сохтанд. Моҳи июни соли равон дар ҷараёни сафари кории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иншоот ва корхонаҳои нави зиёд ба истифода дода шуда, ба тавлиди барқ оғоз намудани НБО «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа бо иқтидори 11 Мвт гоми устувору боэътимод дар таъмини истиқлолияти энергетиии вилоят арзёбӣ гардид.

Шоиста бо амри тақдир аз маркази вилоят ба хонаи навашон ба деҳаи дурдасти ноҳияи Роштқалъа омаду таҳаввулоти бесобиқаи ободониву созандагиро шоҳид шуд. Ӯ ба хонаводаи нав ва ин макону мардумони меҳнатқарину ҳунарманд ва санъатвари он дил баст. Агарчанде хоҳарону бародаронаш ӯро ба муҳоҷирати меҳнатӣ ташвиқ намуданд, Шоиста кору зиндагиро дар Ватан ихтиёр намуд.

- Кафил ва калиди пешрафти кор дар ҳар соҳа аз муносибат бо коллективи меҳнатӣ ва мардум вобаста аст. Мардум дар симои намояндаи ҳокимият ба давлат баҳо медиҳад ва ҳамчун корманди мақомот ин масъулиятро дучанд эҳсос менамоям ва мекӯшам, ки вазифаи хизматиамро дурусту софдилона иҷро намоям. Дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, кабудизоркунӣ, тозагии маҳал ва ҷӯйборҳо мардум саҳми фаъол мегузорад. Муҳоҷирони меҳнатӣ дар таъмир намудани пулҳои мошингузар, бунёди майдончаҳои варзишӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ҳисса мегузоранд, - баён дошт Шоистабону.

Ноҳия бо дижҳои таърихӣ, обҳои маъданиву шифоӣ ва манзараҳои нотакрор макони ҷолиб барои сайёҳисту гардишгарони дохилу хориҷи кишварро барои тамошо ба ин макони санъату ҳунарварон ва шоирхез ҳар сол бештар меоянд.

Бо назардошти сифатҳои касбӣ ва шароити иҷтимоӣ чанде қабл дар қатори иддае аз хизматчиёни далатӣ ба мутахассиси ҷавон Шоиста Азизбекзода калиди манзили дуҳуҷрадор тақдим гардид.

- Падарам ба чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ шуғл дораду инсони бомаърифат аст. Меҳри китобхониро дар диламон зиндаёд модарам ҷо кард. Ӯ ҳамшираи шафқат буд, бисёр китоб мехонд, вақти холӣ моро гирдаш ҷамъ оварда, афсонаю ҳикояҳо қироат мекард. Чунин муносибат ба фарзандон ва назорати сахти зодмандон ба он мусоидат намуд, ки дар дабистон шогирдони хубу донишдӯст бошем, - изҳор намуд вай.

                                                           М. ШОҲҶАМОЛ,

                                                           ноҳияи Роштқалъа

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 6)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон