БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Аз «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ то «Новеллаҳо»-и Мопассан

Ҷавонон

- Маърифати китобхонӣ дар оила ташаккул меёбад, - мегӯяд омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Бароҷи ноҳияи Роштқалъа, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Сурма Алифбекова.

         Роҳ ба сӯйи фатҳи қуллаи дастовардҳо барои омӯзгори ботаҷриба аз остони мактаби деҳа ва хонаводаашон оғоз гардид. Падараш фанни забон ва адабиёти тоҷикро ба хонандагон меомӯзонд. Ӯ шавқи беандозаи мутолаа дошту китоби зиёди илмӣ ва бадеиро дар хона гирд меовард ва ҳар боре ба маркази ноҳия ва ё шаҳр мерафт, барои худ ва фарзандон китобҳои бачагонаи ранга оварда, тақдим менамуд. Муҳити фарҳангии хонавода дар парвариши меҳр ба китобхонӣ дар қалби фарзандон ва интихоби ояндаи касбашон таъсир гузошт. Китобхонӣ ба яке аз шуғлҳои асосии фарзандон, аз ҷумла Сурма табдил ёфт.

Таълими хуб аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ва шавқу завқи афзоянда ба такмили малакаи забондонии пайваста боис гардиданд, ки Сурма бештар хонда, ба олами рангини осори адибони классик ворид шавад ва ғазалҳои зиёдеро аз бар намояд, нафосату зебоӣ ва асрори суханро бештар дарк ва эҳсос созад.

Сипас, китобҳои «Дохунда» ва «Ёддоштҳо»-и С.Айнӣ, «Шӯриши Восеъ» ва «Субҳи ҷавонии мо»-и С.Улуғзода, «Духтари оташ»-и Ҷалоли Икромӣ ва повесту ҳикояҳои адибони муосирро мутолаа намуд. Забондонӣ барояш калиди омӯзиши осори адибони дигар халқҳои олам гардид. Ӯ асарҳои адибони рус Тургенев, Чехов, Пушкин, Лермонтов, Есенин ва Горкийро дар асл хонд.

Дар солҳои муҳассили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев будан, бо осори адибони мамолики Ғарб аз новеллаҳои нависандаи фаронсавӣ Мопассан то роману қиссаҳои нависандагони оламшумул ба мисли Балзак, Дюма, Флобер, Гюго, Марк Твену Ҳеменгуей шинос шуд.

 

Бо хатми мактаби олӣ Сурмабону дар мактаби деҳа ба фаъолият пардохт. Духтараки ҷавони доно забон ва адабиёти тоҷикро ба хонандагон меомӯхту асрори сухан ва суханвариро барояшон мекушод. Ширкати фаъоли талабагон дар озмунҳои фаннӣ ва маърифатӣ ва дастовардҳояшон устоди ҷавонро номбардор гардонд. Ба шарофати содиқона хизмат кардан дар ҷодаи таълиму тарбия ин омӯзгори серғайрат байни талабагон ва сокинони деҳот соҳиби иззату эҳтиром гардид ва дар ин ҷо бахташро низ ёфт.

Ҷавони деҳаи ҳамсоя, ки духтараки меҳнатқарин, доно ва китобхонро ҳанӯз аз солҳои таҳсили ҳамҷоя дар Донишгоҳ мешинохт, хостгорӣ намуд. Ҳаёти оилавӣ се фарзандро ба дунё овард. Муштарӣ дар Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил дораду мехоҳад дар пайраҳаи бобо ва падару модар, ки фаъолияти касбиашонро ба таълиму тарбия дар мактаб бахшиданд, гом ниҳаду онҳоро ба таври шоиста намоянда бошад. Икромбегим донишҷӯйи факултаи физикаматематикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов мебошад. Духтари хурдӣ ҳанӯз дар дабистон таҳсил дораду мехоҳад дар оянда пизишк шавад.

Сурмабону дар баробари омӯзгори соҳибтаҷриба, ҷӯяндаву навовар ва дорои касбияти баланд будан, кадбонуи хуб ҳам ҳаст.

- Корҳои хоҷагидорӣ барои омодагӣ ба дарсу мутолааи китобҳои бадеӣ халал намерасонанд,- мепурсам аз ӯ.

Ба бовари С. Алифбекова, шахси соҳибдил дар ҳар ҳолат барои хондани матбуоти даврӣ ва китоби нав вақт меёбад. Пайваста меомӯзаду барои сайқал додани малакаи омӯзгориаш талош меварзад. Вақте бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» эълон шуд, Сурма ба назди директори мактаб омад ва бо қатъият изҳор дошт: «Ин озмуни ман аст ва мехоҳам дар он ширкат варзам». Ӯ бо омодагии ҷиддӣ дар номинатсияи «Осори адибони ҷаҳон» вориди сабқат гардид. Ду сол ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфт, вале дар қатори ғолибон ҷой нагирифт.

- Муаллим, оё аз азматон ҳанӯз ноумед ва дилшикаста нашудаед? - пурсидам аз ӯ.

- Шикаст муқаддимаи пирӯзист. Дар Озмун рақобат хеле сахт буду беҳтаринҳо ғолиб омаданд. Таҷриба омӯхтам, бо омодагии бештар дар Озмуни оянда ширкат меварзам, - бо боварӣ баён дошт омӯзгори собитқадам.

Гуфташ шуд. Сурма Алифбекова дар номинатсияи «Осори адибони ҷаҳон» аз миёни 20 довталаби даври ниҳоӣ ба мақоми савум сазовор ва соҳиби мукофоти пулӣ гардид. Ин ғалабаи омӯзгори мактаби деҳаи дурдастро сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун нишони ифтихор барояшон қабул карданд.

                                               М.ШОҲҶАМОЛ,

                                              ноҳияи Роштқалъа

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 6)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон