БОЙГОНӢ

«    Декабр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Динора Ҷабборзода: «Эътимоди Президент туҳфаи баҳории ман буд»

Ҷавонон / Слайдер

Мусоҳибам бо табассуми тасхиркунанда, бо чеҳраи зебо рўбарўям нишаста бо ҳарорат дар бораи овони кўдакиву наврасиҳо, қадамҳои аввалини ҷиддиаш дар ҷомеа, суханрониҳояш дар назди Садри муаззами кишвар, падарбузурги номвараш ёдовар мешавад. Сарфи назар аз ҷавонӣ, дар суҳбат ўро ба ҳукми як кадри тахассусманд, пухтаву босавод дарёфтам.

 Қаҳрамони навбатиам муовини сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Динора Ҷабборзода мебошад.

 «Ногаҳонӣ буд!»

Ҷолибтарин мавзуи ин суҳбат барои ман ва шояд барои хонанда ҳам таъини як духтари бисёр ҷавон ба вазифаи масъули давлатист, з-ин рў саволи нахустам ҳам ба ин мавзуъ пайванд мегирад. - Замони таъин ба вазифа хело ҷавон будед. Қасри миллат. Суҳбат бо Президент! Чӣ эҳсосе шуморо фарогир буд?

 - Агар гўям, ки барои ман ин туҳфаи ногаҳонии фасли баҳорӣ буд, саҳв нахоҳад шуд. Чашмдор набудам, ки дар ин синну сол ба таваҷҷуҳу боварии сатҳи баланд ноил мегардам. Худи ҳамон рўз, санаи 18- уми марти соли 2025, маро ба Қасри миллат даъват намуданд ва ҳамон лаҳза дар қабули Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огоҳ шудам, ки ба вазифаи муовини сардори Хадамои иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардам.

Динора Ҷабборзода ба ҳайси як кўдаки сухандон, навраси аълохон ва ҷавони фаъол то кунун 11 маротиба дар чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ дар назди Пешвои муаззами миллат сухан рондааст. Аввалин дидораш аз наздик бо Сарвари давлат ҳанўз соли 2008-ум иттифоқ уфтода буд.

-Хотираи қавии Сарвари давлатро бубинед, ки замони таъин ба вазифа аз он айём ёдовар шуда, таъкид доштанд: «Ҳар як хизматчии давлатӣ бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, содиқонаю софдилона бо қалби поку ниятҳои нек вазифаҳои хизматии худро иҷро намуда, дар тарбияи кадрҳои ҷавон саҳмгузор бошад. Ту ҳанўз хело ҷавонӣ. Ба ту бовар кардем, барои идомаи фаъолият дар самти ҳуқуқ пешбарӣ намудем. Хон, омўз, донишатро такмил деҳ», - ёдовар мешавад мусоҳибам.

 

То ин овон Динора Ҷабборзода анқариб бо аксар бонувони муваффақи ҷумҳурӣ ошно буд. Дар сатҳи муайян бо бонувони некноми кишвар қарор гирифтану фаъолияти ҳамқадам доштан бо онҳо барояш ифтихор аст. Хуб медонист, ки бонувон бо дониши мукаммал роҳҳои пурпечутоберо паси сар карда, дар баробари зиндагии обод, оилаву фарзандон масъулиятҳои гарони бар дўш доштаашонро бо сари баланду номи нек анҷом медиҳанд, аммо, бо вуҷуд, таъкид медорад:

-Дар аввал каме ҳарос доштам, шояд бори масъулият пахш кард, аммо чеҳраи зебои бонуи хирадманд, ҳодии чароғафрўзу ибратбахш, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалиро бо қадамҳои устуворашон дар сиёсат пеши назар овардам, аз ҳифзу дастгириҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба духтарони ҷавону бонувон андеша намуда, бо доштани пуштибони қавӣ ором шудам…

Воқеан, Озода Эмомалӣ бо хиради занона, иффати тоҷикона, донишу касбияти баланд, садоқату ирода барои тамоми бонувони кишвар намунаи ибрати волоянд. Корномаи бонуи номварро омўхтам, заҳматҳояшонро пеши назар овардам, ҷасоратам афзуд, эътимод ҳосил кардам, ки мо, ҷавонон, бояд дар пайравӣ ба чунин шахсиятҳои барўманд, аз мушкиле наҳаросида ба самти пеш ҳаракат намоем.

«Ҷиддият ва масъулиятшиносиро омўхтам»

 Динораро дар доираҳои корӣ аз суханрониҳои ҷолибаш дар назди роҳбарияти олии кишвар ва чорабиниҳои сатҳи баланд чун ҷавони фаъол мешиносанд. - Чӣ гуна аз самти идеологию суханварӣ ба ҷараёни комилан дигар, самти ҳуқуқ ворид шудед, - мепурсам аз ў.

- Ман дар оилаи зиёӣ, хидматчиёни давлатӣ ба дунё омадаву дар доираи ҳидоятҳои Президенти маҳбуби кишвар ба воя расидаам. Ҳамин муҳит барои таҳсили хуб, дуруст муайян намудани самт ва интихоби оянда заминагузор буд. Ҳар кас Пешвои муаззами миллатро аз наздик дид, аз насиҳатҳои падаронаашон бархурдор гардид, Ватанро дигаргуна, беш аз пеш дўст медорад. Аввалин бор, вақте Сарвари давлатро рў ба рў дидам, гуфтам ҳатман хидматчии давлатӣ мешавам.

Мактаби миёнаро бо баҳои аъло ба итмом расонда, ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супурдам. Бо холи баланд шарафи унвони донишҷўйӣ дарёфтаму Донишкадаро бо ихтисоси «Идоркунии давлатӣ» хатм намудам. Баъдтар, муассиса Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон гирифт. Замони таҳсил дар риштаи магистратура ихтисоси «Ҳуқуқшинос»-ро интихоб кардам.

Корро барвақт, замони донишҷўйӣ дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун волонтёр оғоз намудам. Муддате дар раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе низ фаъолият бурдам. Соли 2021-ум ба Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, аз зинаи поёнӣ то ба вазифаи сардори раёсат расидам. Масъулият он ҷо бениҳоят ҷиддӣ ва ҳатто вазнин буд. Санҷишҳои соҳавӣ дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, татбиқи босамари сиёсати давлат дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, масъулият, дониш ва малакаи баландро тақозо дошт. Ҷиддият, масъулиятшиносӣ, равиши корро он ҷо омўхтам.

Хадамоти иҷро

Айни замон Динора Ҷабборзода дар ҷараёни омўзиши истеҳсолоти соҳаи иҷро қарор дорад. Дар баробари корҳои мушаххас: назорат ва таъмини иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва баррасии марбут ба дигар масоили муроҷиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ роҳбарияти Хадамоти иҷро талош доранд, фаъолияти соҳаро дар самти идеологӣ низ такмил диҳанд. Баргузории конфронсу мизҳои мудаввар, давраҳои омўзишӣ, семинару машваратҳои корӣ, ташкили чорабиниҳои гуногун дар арафаи таҷлили ҷашнҳои давлатӣ дар сатҳи баланд дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 бо ба инобат гирифтани муҳимияти соҳаи истеҳсолоти иҷро таъсис дода шуд. Шумораи умумии кормандони Хадамот ба 378 нафар мерасад, ки аз ин ҳисоб 50 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Роҳбарият тасмим дорад сафи кормандонро аз ҳисоби занону духтарон зиёд намояд.

-Сохтори мо ҳарчанд ба низоми хизмати давлатии шаҳрвандӣ шомил бошад ҳам, ба сохтори ҳифзи ҳуқуқ монандии бештаре дорад. Нозукиҳои корӣ, сарулибоси махсус қаробати онро бо соҳаи низомӣ бештар кардааст. Дар қонунгузории соҳаи иҷро як ҳолат ҳам ҳаст, ки дар ниҳоди мазкур танҳо ҳуқуқшиносон иҷозаи фаъолият доранд. Сарфи назар аз масруфияти корӣ, нозукиҳои самти фаъолиятро меомўзем ва кўшиш менамоем, ки пайваста сифати корро беҳтар намоем, - зикр мекунад Динора.

 Ҳамарўза шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногуни ҳалталаб муроҷиат менамоянд. Дар баробари назорати иҷрои зиёду гуногунмавзуи санадҳои судӣ, яке аз масъалаҳои мубрам таъмини иҷрои санадҳои судӣ дар самти рўёнидани алимент мебошад.

-Дар доираи истеҳсолоти иҷрои самти алимент дар 9 моҳи соли 2025-ум зиёда аз 100 миллион сомонӣ ба манфиати модару кўдак ситонда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта ба маротиб зиёд мебошад, - гуфт мусоҳибам.

«Аввалҳо сахт мерасид…»

-Чун роҳбари ҷавон масъулияти кориву хонаводагиро чӣ гуна тавъам месозед. Баъзан мушкил ҳам мешавад?

 -На, умуман то имрўз дар анҷоми кори давлативу хонаводагӣ мувоҷеҳи мушкил набудам. Дар тарбияву омодашавии ман дар корҳои хона ва ҳамҷоя намуна будан дар ҷомеа модарам саҳми беандоза доранд. Бо вуҷуди он ки дар оила ман ягона духтар ҳастам ва се бародар дорам, ягон вақт эркаи хонавода набудам. Дар баробари таҳсилу кор бояд корҳои хонаро сари вақт сомон медодам. Ин сахтгириҳои модар аввалҳо бароям сахт мерасид, аммо пас аз оиладорӣ дарк намудам, ки падару модарам маро бо ин роҳ ба зиндагии мустақилона омода кардаанд. Имрўз, ки оиладорам, дастгириҳои хусуру хушдоманамро хуб эҳсос менамоям. Кори давлатӣ масъулияти бонувонро дар назди шавҳар ва оила кам намекунад.

-Хушбахтиро дар чӣ мебинед?

-Дар доштани падару модари ғамхор, ҳамсари меҳрубон, ободиву пешрафти Ватан ва доштани Роҳбари хирадманду оқиле, ки халқро ба саодат расонда. Хушбахтии банда дар он зоҳир мегардад, ки сарфи назар аз ҷавонӣ, ба ман бовар карданд.

 -Чӣ гуна дар оиладорӣ метавон фазои орому якдигарфаҳмиро ба вуҷуд овард?

-Ҷойи пастиву баландиҳои зиндагӣ ҳамеша аввал насиҳатҳои модар ба гўшам садо медиҳанд. Он кас ҳамеша таъкид мекунанд, ки шарти хушбахтии оилавӣ дар тартибу интизом ва сабурии ҳамсарон нуҳуфтааст. Ҳоло масъалае ба миён омад, ҳатман ба хушдоманам рў меорам, маслиҳаташонро мегирам ва пасон ба азме иқдом мекунам.

Малакаи роҳбариву кордонии Динора Ҷабборзода шояд ирсист. Бобои падарии ў Абдусаттор Абдуҷаббор, арбоби давлатӣ, олими соҳаи иқтисод, солҳо дар вазифаҳои масъули давлатӣ заҳмат кашидааст.

-Вақте ба гузаштаи худ назар меандозам, бо ифтихор метавонам дар хусуси он ҳарф занам. Бобоям дар баробари корҳои муҳими давлатӣ унвони доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ва академикро соҳиб гаштаанд. Сарфи назар аз он ки ба синни мубораки 80 расидаанд, дар донишгоҳ дарс мегўянд. Ба ҳукми инсони таҷрибадор мушовиру роҳнамоям ҳастанд,- мегўяд Динора.

«Роҳкушо бошем!»

-Ба одитарин заҳмату талошҳои занон дар кадом мақоме набошанд, эҳтиром қоилам. Аз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, ки қаблан шарафи кори якҷояро дар ду ниҳоди давлатӣ доштем, нозукиҳои кор омўхтаам. Касе аз шумори кормандон, ҷавонон мушкиле дошт, ҳатман назди Дилноза Аҳмадзода мерафт. Маслиҳат медоданд, роҳнамоӣ мекарданд. Имрўз ман ҳам бо тавону имконият аз ин равиш кор мегирам. Ба мо имкон доданд, роҳ кушоданд ва мо ҳам омодаем, ки роҳнамову роҳкушои дигарон бошем. Аз ҳамаи онҳое, ки дар ташаккули шахсияту ҳайсиятам кўшиш намуданд, сидқан миннатдорам.

 -Соле, ки меравад, чӣ гуна буд?

-Бисёр гуворо буд. Соли дастоварду муваффақиятҳо, соле, ки ҳадафҳои азимеро пешорўям гузошт, нақшаҳоям ҷиддитар гардиданд. Умед дорам, ки соли ҷадид ҳам соли музаффариятҳои азим дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ ва зиндагии шахсиамон хоҳад буд!

                                                       Гулноза БОБОМУРОДОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 12)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон