Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дар фарози илм
ҶавононОғози фаъолияти факултети филологияи рус бо таъсиси Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, ба соли 1948 рост меояд. Солҳои қаблӣ донишҷӯёни факулта дар бинои Институти педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил менамуданд. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 Владимир Гаврилович Астахов аввалин декани факултет буд, ки тамоми неруи худро ба тайёр кардани кадрҳои ҷавон, омӯзгорони забон ва адабиёти рус бахшидааст. То соли 2023 факултаро омӯзгорони донишманд Петрушков В. С., Додихудоев Р. Х., Володина В. А., Молчагин А. А., Горбачевский А. А., Ушаковский В.С., Ефимов В.В., Нағзибекова М. Б., Муҳамметов Г. Б. роҳбарӣ намудаанд.
Аз соли 2023 номзади илмҳои филология, дотсент Хайём Икромзода Икром декани факулта мебошад. Мавсуф моро бо муовини худ оид ба илм ва инноватсия Фарзона Тозаева шинос намуда, ӯро аз донишмандони ҷавони факулта ва омӯзгори фаъол номид.
Фарзона Тозаева дар оилаи коргар ба дунё омадаву соли 2009 баъди хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-и шаҳри Душанбе ба шуъбаи рӯзонаи факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2014 хатм намуд. Ҳамон сол ба кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии ДМТ ҳамчун лаборанти кафедра ба кор омада, аз соли 2017 то соли 2020 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи назди донишгоҳ, дар бахши илми забоншиносӣ дар мавзӯи «Доираи хусусиятҳои семантикаи “меҳмоннавозӣ” дар забонҳои русӣ ва тоҷикӣ» фаъолияти илмии худро пеш бурд.
– Моҳи сентябри соли 2021 пас аз хатми шуъбаи аспирантура фаъолияти омӯзгории худро дар кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологии факултети филологияи рус идома дода, моҳи марти соли 2022 рисолаи номзадиамро таҳти роҳбарии доктори илмҳои филология, профессор Азизова М.Э. бомуваффақият дифоъ намудам, – изҳор дошт Фарзонабону.
Рисолаи номзадии болозикр соли 2022 аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия тасдиқ гардида, бонуи ҷавон соҳиби унвони номзади илмҳои филология шуд. Вай аз он хушнуд аст, ки дар зиёда аз 30 конфронсҳои илмию назариявӣ ширкат варзида, муаллифи зиёда аз 30 мақола ва дастурҳои методӣ мебошад. Фарзона Тозаева номи устодони хешро, ки давраи донишҷӯӣ ба ӯ таълим додаанд, бо ҳисси эҳтиром ба забон меорад.
– Докторон ва номзадҳои илмҳои педагогияю филология, профессор Азизова М.Э., профессор Нағзибекова М.Б., профессор Негматов С.Э., Ҳоҷиматова Г.М., Ашмарина Л.В., Холиқова З.К., Раҳимова Р.Д. ва Собирова Ф.А. дар таълиму тарбия ва то дараҷаи унвони илмиро дарёфт карданам саҳми бориз доранд. То ҳанӯз таҳти роҳбарии онҳо фаъолияти илмию кории худро пеш мебарам, – мегӯяд муаллими ҷавон.
Соли гузашта бо кӯшишу роҳбарии омӯзгори пешбари факултет Фарзона Тозаева, донишҷӯёни курсҳои 1 ва 3 Нозия Қосимова ва Гурдофарид Аюбова дар Форуми байналмилалии донишҷӯён таҳти унвони «Забони русӣ: таърих, фарҳанг ва муосир» иштирок намуда, сазовори ҷойҳои фахрӣ шуданд. Ҳамчунин, моҳи октябри соли 2025 шогирдони омодакардааш Ниёзова Маҳинабону ва Абдураимова Гулсевар дар олимпиадаи ҷумҳуриявии «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ», ки дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода доир гашт, иштирок ва сазовори ҷойҳои 1-ум ва 2-юм гардиданд.
Воқеан таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ бениҳоят зиёд аст…
– Сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти соҳаи маориф, ба вижа забонҳои хориҷӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Ногуфта намонад, ки забони русӣ ҳамчун воситаи муоширати байналмилалӣ ва дастрасӣ ба дастовардҳои илму техника барои насли ҷавон имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Хушбахтона, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба омӯзгорони забони русӣ, махсусан мутахассисони ҷавон, шароити мусоид ва имтиёзҳои муайян пешбинӣ гардидаанд. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани сифати таълим, ҷалби кадрҳои ҷавон ба соҳаи маориф ва таҳкими мақоми забони русӣ дар фазои таълимӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, чунин дастгирӣ сатҳи дониши хонандагонро беҳтар карда, онҳо метавонанд дар сатҳи байналмилалӣ рақобатпазир бошанд.Таваҷҷуҳи пайваста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ки рушди маънавӣ ва зеҳнии ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ аст.
Фарзона Тозаева атрофи имрӯзу фардои факултаи забони русӣ нигариста гуфт, ки аксар донишҷӯёне, ки факултаро хуб хатм намудаанд, тариқи буҷетӣ таҳсилро дар шуъбаи магистратура идома медиҳанд, ки бештари фаъолонро духтарон ташкил медиҳанд.
– Духтарон аз писарон дида, дар таҳсилу тадрис пештозанд, – изҳори боварӣ менамояд омӯзгор.
Шароитҳои таҳсил хуб буда, буду боши донишҷӯёни иҷорашин ва дар хобгоҳи донишгоҳ иқоматдошта таҳти назорати доимӣ аст. Омӯзгорон барои дилбохтагони касб, пайравони забони русӣ баъд аз дарсҳо ройгон машғулиятҳои иловагӣ мегузаронанд.Фарзона Тозаева дар пайроҳаи илм гомҳои устувор монда, бо ёрии роҳбари илмиаш профессор Мушаррафа Ҷӯраева даст ба кори докторӣ дорад. Аз роҳи пешакарда ифтихор ва аз хонаи ободу соҳиби фарзандони дӯстрӯ будан мудом шукрона мекунад.
Р. НАЗИР
Мубодила:
Шарҳҳо











