БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Маънои зиндагӣ

Аз ҳар боб

Дар ҳар давру замон заноне ҳастанд, ки бо иродаи матин, масъулиятшиносӣ ва муҳаббати самимӣ ба мардум роҳи хизматро интихоб мекунанд. Онҳо бо заҳмати содиқона ва қалби пур аз меҳр дар ободии ҷомеа нақши арзанда мегузоранд.

 

Дилором Бобоева аз зумраи чунин бонувони сарбаланд маҳсуб меёбанд. Бонуи фарҳангпарвар, роҳбари соҳибтаҷриба ва модари ғамхор, ки зиндагиномааш саршори меҳнат, сабр ва вафодорӣ ба арзишҳои инсонист.

Дилором 15-уми марти соли 1960 дар шаҳри бостонии Панҷакент, дар оилаи санъаткори маъруфи водии Зарафшон — Искандар Бобоев, ки миёни мардум бо номи Искандари Танбӯрӣ шинохта мешуд, ба дунё омадааст. Ба воя расидан дар чунин муҳити хонаводагӣ худ мактаби бузурги зиндагист. Хонаи онҳо ҳамеша макони ҳунар, сухани нек ва меҳмоннавозии гарму самимӣ ба шумор мерафт. Эҳтиром ба инсон, қадршиносии фарҳанг ва покии муносибатҳо меъёри зиндагии ин хонадон буд.

Номбурда аз овони кӯдакӣ дар фазое ба камол расид, ки ҳунар танҳо василаи шуҳрат набуда, балки пули пайванди дилҳо ба ҳисоб мерафт. Падараш бо танбӯрнавозӣ дилҳоро ба ҳам меовард ва бо рафтори намунавияш эҳтиром меомӯзонд. «Арзиши инсон на дар ном, балки дар ният ва ростқавлӣ аст», — мегуфт ӯ. Ин андарз барои Дилором чароғи роҳнамо гардид.

Пас аз даргузашти падар, тамоми бори зиндагӣ бар дӯши модар уфтод. Модараш зани одӣ, вале дорои иродаи бузург буд. Аз ин ҷост, ки ҳам такягоҳ ва ҳам паноҳгоҳи фарзандон гардид. Ӯ бо заҳмати ҳалол, ростқавлӣ ва сабри беинтиҳо фарзандонро ба воя расонд. Дар баробари кори ошпазӣ дар кӯдакистон, дар замини наздиҳавлигӣ киштукор мекард, сӯзаниву қуроқ медӯхт ва лаҳзае бекор наменишаст. Дастранҷҳои ӯ, ки имрӯз чун ёдгории гаронбаҳо нигоҳдорӣ мешаванд, рамзи меҳнати ҳалол ва муҳаббати модаронаанд.

— Ростқавлӣ ва адолат меъёри зиндагии модарам буданд, — ба ёд меорад Дилором. Маҳз ҳамин тарбия дар қалби ӯ ҳисси баланди масъулият ва бетараф набудан нисбат ба тақдири инсонҳо ва ҷомеаро парвариш дод.

Пас аз хатми донишгоҳ Дилором фаъолияти меҳнатии худро солҳои 1980–1991 ҳамчун маъмур ва роҳбалад дар Бюрои сайёҳӣ ва экскурсияи «Интурист» оғоз намуд. Соҳаи сайёҳӣ фарҳанги муошират, ҷаҳонбинии васеъ ва масъулияти баландро тақозо мекунад. Бо самимият ва касбияти худ миёни ҳамкорон ва меҳмонон эҳтиромро соҳиб гашт. Барои ӯ дилхоҳ меҳмон намояндаи як ҷаҳон ва муаррифгари Тоҷикистон буд.

Солҳои 2009–2025 ҳамчун раиси маҳаллаи Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент фаъолият намуд. Раиси маҳалла будан танҳо вазифаи маъмурӣ набуда, он масъулияти маънавиро тақозо менамояд. Шунидани дарди мардум, ёфтани роҳи ҳал, нигоҳ доштани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ миёни одамон осон нест. Аммо Дилором Бобоева, бо такя ба таҷрибаи зиндагӣ ва ҷаҳонбинии васеъ, тавонист дар таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ, ҳалли мушкилоти сокинон ва ободонии маҳалла саҳми назаррас гузорад.

Маҳз дар замоне, ки бо ташаббус ва сиёсати арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими ваҳдати миллӣ, боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ва ободонии ҳар гӯшаи кишвар заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд, фаъолияти чунин бонувони фаъол арзиши бештар касб менамояд.

Хидматҳои шоёни Дилором Бобоева бо Ифтихорномаи раиси вилояти Суғд, Сипоснома ва Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент қадр шудаанд. Бо вуҷуди ин, ӯ бар ин бовар аст, ки қадрдонии аслӣ эҳтироми мардум аст. Ҳар саломи гарму самимӣ дар кӯча ва ҳар муроҷиат барои маслиҳат нишонаи бовару муҳаббати мардум мебошад.

Дар баробари фаъолияти ҷамъиятӣ, ҳамчун модари ғамхор ва такягоҳи устувори хонадон чор фарзанд — се духтару як писар, ҳамчунин бибии шаш набера аст. Фарзандонаш Нигора, Ситора, Шаҳноза ва Умедҷон бо рафтору фаъолияти худ талош меварзанд, то номи падару модарро сарбаланд нигоҳ доранд.

— Эҳтироми калонсолон, меҳрубонӣ ба хурдсолон, муҳаббат ба Ватан ва пос доштани арзишҳои миллӣ пояҳоеанд, ки бояд дар қалби фарзандон устувор бимонанд, — мегӯяд ӯ.

Зиндагии Дилором Бобоева гувоҳи он аст, ки вақте зан бо муҳаббат, масъулият ва садоқат умр ба сар мебарад, на танҳо оилаи худ, балки ҷомеаро низ рӯшан месозад.

                                                                                                               МАФТУНА,

                                                                                                              Панҷакент

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2026_small.pdf [3.66 Mb] (зеркашиҳо: 9)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон