Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Равшании ақл
Аз ҳар бобНигоҳ доштани возеҳи равонӣ муносибати ҳамаҷонибаро талаб карда, ҳавасмандкунии мунтазами маърифатӣ (хондан, омӯхтан, муаммоҳо), фаъолияти ҷисмонӣ, хоби солим (7-8 соат), ғизои дуруст ва идоракунии асабониятро дар бар мегирад. Муҳим аст, ки майнаи худро аз таҷрибаҳои нав бархӯрдор карда, аз асабонияти музмин канорагирӣ кунед ва аз одатҳои бад даст кашед.
Беҳтар кардани фаъолияти мағзи сар дар истифодаи ками смартфон, планшет ва компютер буда, истироҳати кофӣ, хӯрдани ғизои солим ва истеъмоли иловаҳои зарурӣ дониста шудаанд. Инҳо метавонанд ба беҳтар шудани хотира, кам кардани асабоният ва нигоҳ доштани тавозуни ҳассосӣ мусоидат намоянд.
Хоби номунтазам ва норасоии ғизо инсонро ба парешонии хотира оварда мерасонанд.
Чормағз, бодом ва писта дорои равғанҳо, витаминҳо ва минералҳои солим буда, махсусан чормағз барои майна муфид аст. Зеро онҳо аз кислотаҳои равғании омега-3 бой мебошанд, ки барои мубориза бо илтиҳоб ва беҳтар кардани фаъолияти майна кӯмак мекунанд.
Мулоҳиза метавонад дар майна тағйироти мусбии аҷиб ба вуҷуд орад. Кӯшиш кунед, ки ором нишаста, диққати худро ба бадан ва ақли худ равона созед. Ором нафас гирифта, ба эҳсосоти ҷисмонӣ диққат диҳед. Оҳиста-оҳиста дар вуҷудатон фикрҳо ва эҳсосоти мусбӣ ба вуҷуд меоянд.
Ҳал кардани кроссворд, китоб хондан, ҳар гуна бозӣ кардан ва навохтани мусиқӣ ақлро рӯшан менамояд.
Шарбати анор дорои миқдори зиёди антиоксидантҳо буда, ба ҳуҷайраҳои майна мусоидат мекунад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки шарбати анор метавонад хатари бемории Алтсгеймерро коҳиш диҳад. Аз ин рӯ, кӯшиш кунед, ки барои қавӣ шудани системаи асаб аз фишурдаи анор истифода кунед.
Машқи ҷисмонӣ ба майна таъсири амиқ расонда, ба майна оксиген дода, гардиши хунро беҳтар мекунад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки машқҳои ҷисмонӣ маҳорати хотира, тафаккур, руҳия, эҷодкорӣ ва қобилияти омӯзишро беҳтар намуда, ҳамзамон асабоният, тағйироти вобаста ба синну сол ва хатари деменсия ва бемории Алтсгеймерро коҳиш медиҳад.
Таҳияи Мадина Балаҷонова
Мубодила:
Шарҳҳо











