БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Бо номаи камол

Аз ҳар боб

         Ноҳияи кӯҳистони Айнӣ инсонҳои наҷибу шарафманд зиёд дорад. Раиси  бахши занон аз боби бонувони номдор ёдовар шуда, моро ба дидорбинии яке аз онҳо мебарад, ки манзилаш чандон аз маркази шаҳрак дур нест.

 

Дари ҳавлиро ба рӯи мо соҳибхона, бонуи солдидаву чеҳракушод боз намуд. Дастархон овардан мехоҳад, аммо  тангии вақтро дида ризоят намедиҳем. Холаи Қурбонҷон ҳамагӣ маълумоти синфи 10- ум дорад, яъне дар замони худ мактаби миёнаро хонда, дигар ҷое таҳсил накардааст. Азбаски хонаи падар дар шафати бонк буд, кормандонаш, минҷумла сардор сари пасту атвори хубашро диданд, ки баъди хатми мактаб ӯро ба кор даъват намуданд. Дар муҳосиботи идора кораш доданду ҳамзамон  бо супориши роҳбар муомилоти бонкиро аз ҳамкорон омӯхтан гирифт.

       – Бинед, мо дар идора духтар надорем, фардо як бонуи кӯҳистон агар бонкири муваффақ шавад, ин обрӯи ҳамаи мо, - гӯён сардор нозанини қадрасро ба ҳамкорон муаррифӣ намуд.

         Соле баъдтар духтарак  бо хостгории роҳбарони бонк ва ҳамкоронаш, ки ахлоқи ҳамидааш дар назарҳо  хубтар намоён шуд, бо яке аз мутахассисони ҷавони идора тӯй барпо карданд.

      Музаффар Содиқов, сардори вақтии идора бинобар дониши мукаммалу таваҷҷуҳи хуб доштанаш ба кори бонк Қурбонҷонро аз даст надода, ӯро дертар ба шуъбаи амалиётҳои бонкӣ гузаронд, ки дар андак вақт нозукиҳои онро низ  аз худ намуд ва то курсии сармуҳосибӣ ҳам расид. Ҳамин зайл, зану шавҳари ҷавон дар баробари бахти худро  ёфтан, мақому мавқеи худро низ бо кордонию чолокиашон дар идора пайдо намуданд. Шавҳар ку маълумоти олӣ дошт, аммо аруси ҷавон бе маълумот зина ба зина бо таҷрибаи корӣ боло баромад.

       – Шукрона аз он ки бо номаи камоли мактаби миёна то вазифаи муовини бонк ҷаҳиш намудам, - ёдоварӣ менамояд Қурбонҷон Сидирова аз фаъолияти тулонии худ дар Агроинвестбонки ноҳияи Айнӣ, (маъруф ба Госбанки даврони шуравӣ, Р.Н.). Ҳар гоҳе ки аз бонки миллӣ кормандонро имтиҳон менамуданд, Қурбонҷон аз ҳама пеш ва бо сари баланд  ба саволҳо посух медод. Намояндаҳои бонк низ ҳар бори ба ноҳия омадан барои ӯ баста-баста маҷалаҳои соҳавии русӣ меоварданд, то  жарфтар  соҳаи бонкдориро биомӯзад.  Бонуи  ҷавон низ  сухани ҳампешаҳоро дар замин нагузошта, бо фурсати муносиб  маҷаллаҳоро рӯи даст мегирифту  аз саҳифаҳои он мустақилона дарс меомӯхт. Бону ёдовар мешавад кор бо андозае ҷиддӣ буд, ки боре 3 тин (баробар бо 30 дирами имрӯза) дар амалиётҳо мувозинат (баланс) надоду аз саридора, аз пойтахт омада ҳуҷҷатҳои зиёдро санҷишу тагу рӯ карда онро баробар намуданд.

        – Кори бонк, умуман ҳисобдорӣ, ки баробар бо масъулияти роҳбарӣ аст, тозагию имондорӣ, виҷдони покро тақозо мекунад. Таҷрибаи  34-сола нишон дод, ки  дасту дили пок дар бонкдорӣ дилхоҳ нафарро ба мақсуд мерасонад, - иброз медорад бо ифтихор аз умри тайкардааш  бонуи соҳибтаҷриба.

        Холаи Қурбонҷон имрӯз давлати пирӣ меронад. Умраш  ба 80 дака мехӯрад, аммо ҳанӯз ҳам бо дасту панҷаи худ гоҳе барои фарзандону набераҳо  деги палав мемонаду гаҳ гулу гиёҳи ҳавлиро  сабз нигоҳ медорад.

        - Ҳар субҳи ба  гулзор назар карданам чеҳраи маро  мешукуфонаду умрамро ҷавон нигоҳ медорад, - рӯ ба гулҳои ҳавлӣ оварда, меафзояд модарбонуи хушбахт.

         Худ таҳсили мактаби олӣ накарду ҳамаи фарзандонаш - нуҳ писару духтарро хононд, соҳибтахассус намуд. Имрӯзҳо  30 набераю 13 абераи дӯстдораш дар атрофи бибии хеш парвонаанд. Фарҳодҷон, набераи азизаш касби ӯро пеша намуда, дар яке аз бонкҳои пойтахт фаъолият дорад. Дигар фарзандону набераҳо низ дар соҳаҳои гуногун адои кору вазифа доранд, ки ин ҳамаро ӯ барои худ бахти баланд дар зиндагӣ  медонад.

        Бонуи дарёдилу бадавлат аз умри дидаву аз рӯзгори шаҳдбораш назди ёру ошно сари баланд дорад...

                                                                                                             Рустами  НАЗИР,

                                                                                                                ноҳияи Айнӣ

 

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2026_small.pdf [3.92 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон