БОЙГОНӢ

«    Июн 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Роҳ ба кӯи мақсуд

Аз ҳар боб / Слайдер

Дарки истеъдод

Ӯ шавқ ба илмҳои дақиқ дошт ва ҳини мактабхонӣ рағбаташ дар ҳисобу китоб беандоза буд. Сол аз сол донишаш дар ин ҷода меафзуд. Модар дар ниҳоди Гулноз истеъдоди нотакрорро эҳсос намуд ва аз интихоби пешаи ҷигарбандаш пурсон шуд.

         Иқтисоддон мешавам! – шунид дар посух.

         Гулноз аз замони мактабхонӣ, ки орзуи иқтисоддон шуданро дар қалб мепарварид, ин хотираро аз муколама бо модар ёдовар шуд.

Тасмими амиқ доштан ва роҳнамоии модар ӯро соли 2006 ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон овард. Донишҷӯи факултаи молия ва иқтисод шуда, онро соли 2011 бо дониши хубу аъло ба итмом расонд.

– Фаъолият дар соҳаи андоз бароям як амри тасодуфӣ буд. Рӯзе ҳамроҳи ҳамсабақам аз назди раёсати андози шаҳри Душанбе гузар доштем. Хатмкунандаи донишгоҳ, ки будем, мавзуи суҳбатамон дар кадом корхона ё муассиса пайдо намудани ҷойи кори мувофиқ буд. Баногоҳ ғайричашмдошт назарам ба бинои зебои раёсати андоз афтод. Ба ҳамсабақам гуфтам: «Биё, таваккал карда ба назди роҳбари ҳамин корхона медароем ва мегӯем, ки корҷӯй ҳастем».

Ҳар ду назди сардори раёсати андози шаҳр даромадем. Роҳбари вақт тавсия дод, ки танҳо тариқи озмун метавонем дар ин соҳа фаъолият дошта бошем ва мебоист ҳуҷҷатҳоямонро барои озмун омода намуда, ба шуъбаи кадрҳои Кумитаи андоз супорем. Дар озмуни довталабон барои ишғоли ҷойи кор дар мақомоти андоз ширкат варзида, дастболо шудам. Аз соли 2012 инҷониб фаъолиятам бо соҳаи андоз пайвандӣ дорад, – мегӯяд Гулноз Шамсиддинзода.

Дастгирии роҳбарият аз бонувон

Дар ин ҷода корро ҳамчун мутахассис дар шуъбаи хидматрасонӣ ба андозсупорандагони нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсӣ оғоз намуд. Баъдан, дар самтҳои гуногуни соҳа фаъолияташро роҳандозӣ карда, дар муддати кӯтоҳ бо дониши саҳеҳу кордонии хосааш худро чун корманди фаъол дар соҳа тавонист муаррифӣ намояд.Соли 2020 ӯро муовини сардори нозироти андози ноҳияи Фирдавсӣ таъин карданд.

Бону Гулноз баъди тай намудани зинаҳои поёнӣ дар мақомоти андоз бо таҷрибаи ғанӣ ҳамчун муовини сардор – сардори шуъбаи аудити раёсати аудити дохилии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.Ӯ барои хизматҳои шоён ва софдилонааш борҳо ба мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гашта, соли 2025 бо мукофоти давлатӣ қадр шудааст.

Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло ба интихоби дуруст ва ҷобаҷогузории кадрҳо таваҷҷуҳи хоса дошта, бахусус дар таъмини болоравии мансабии бонувон талош меварзад.Маҳз шароити мусоид ва имкониятҳои иқтисодии фароҳамовардаи роҳбарият дар ҷалби занону духтарони лаёқатманду донишвар дар соҳаи андоз нақши созанда мебозад. Алҳол, дар Кумита 200 бону, аз ҷумла 35 нафар дар корҳои роҳбарикунанда фаъолият дорад.

Як самти кори раёсат

Фаъолияти раёсат тибқи низомнома ва нақшаи кории Кумита роҳандозӣ шуда, дар якҷоягӣ дар нозироти андози шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ санҷишҳо мегузаронанд.Дар рафти санҷишҳо бо фаъолияти кормандони андоз ва иҷрои нақшаҳои андозӣ ошно шуда, дар ҳолати пайдо гардидани камбудиҳо сари вақт тариқи корҳои фаҳмондадиҳӣ мушкилии дар ҷараён мавҷудбударо бартараф месозанд.

– Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои компютерӣ муҷаҳҳаз буда, дар шабакаи иттилоотии андоз фаъолияти соҳибкорон ва ҳам корманди андоз мавриди таҳлилу санҷиш қарор мегирад.Дар рафти санҷиш фаъолияти панҷсолаи ҳар корманди андоз мавриди таҳлил қарор гирифта, камбудии андозсупорандагон низ муайян мешавад. Дар сурати пайдо шудани камбудиҳо дар фаъолияти соҳибкорон ба нозироне, ки бевосита бо андозсупоранда сарукор доранд, маълумотҳо пешниҳод мегарданд.Нозирон бо ислоҳ намудани камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҷараёни фаъолияти андозсупоранда ба роҳбарияти Кумита маълумот пешниҳод менамоянд, – мегӯяд Гулнозбону.

Рақамикунонӣ чун пулест...

Аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи андоз барои заминаи боэътимод гузоштан ба рақамикунонии иқтисоди миллӣ тадбирҳои судманд андешида шудаанд.Дар ин замина ҷиҳати содагардонии расмиёти маъмурӣ, беҳтар гардондани сифати хидматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ ва, ҳамчунин, хубтару назаррастар намудани ҳолати хидматрасониҳо ба андозсупорандагону шаҳрвандон тариқи рақамикунонии соҳа роҳандозӣ гардидааст.

Инчунин, барои андозсупорандагону шаҳрвандон тавассути модулҳои барномаи компютерӣ беш аз 50 хидматрасонии электронӣ амал менамояд, ки барои содаю созгор намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ мусоид мебошад.

Ба иқрори мутахассиси соҳа солҳои аввали воридшавӣ ба барномаҳои электронӣ андозсупорандагон ба мушкилӣ мувоҷеҳ мегаштанд, вале бо дастгирӣ ва фаҳмондадиҳиҳои нозирони андоз ва мутахассисони терминалҳо ин масъала ҳалли худро ёфт.

Бону Гулноз аз он меболад, ки дар ин самт роҳи худро ёфтаву чун бонуи иқтисоддон саҳм дар ободии буҷети давлат дорад. Мекӯшад, то ҷавондухтароне, ки ҳанӯз дар пайроҳаи илмомӯзианд, чун худ дар интихоби пеша устувор бошанд.

                                                        Қутбия НЕЪМАТУЛЛО

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_05_2026_small.pdf [3.08 Mb] (зеркашиҳо: 39)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон