БОЙГОНӢ

«    Июл 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Парастуҳои “Парасту”

Аз ҳар боб

Саодат Ҳомидова аз зумраи бонувони муваффақест. Ӯ мудирии Муассисаи томактабии «Парасту» №1-и шаҳри Роғунро ба уҳда дошта, эҳтирому обрӯро аз меҳнати софдилона ёфтаву ба мартаба расидааст.

Фаъолияти меҳнатии бону Саодат пас аз хатми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти ибтидоии №4-и ноҳияи Файзобод оғоз шуда, сипас, бо барпо намудани оила ба Роғун кӯчид ва дар боғча мураббии кӯдакон шуд, баъдтар дар Муассисаи томактабии «Парасту» роҳбар таъин гардид.

– Кӯдакон ба сони фариштаҳои поку беолоиш нерубахши қалбҳои инсонҳоянд. Онҳо ояндаи ҳар миллат, сарвати бебаҳои давлат буда, ғамхорӣ нисбат ба онон вазифаи ҳар шаҳрванд аст. Бинобар ин, ҳамеша ба мураббиву ёрдамчиён таъкид менамоям, ки ҳангоми аз дар ворид шудани кӯдакон онҳоро бо лутфу меҳрубонӣ пешвоз гиранд, чунки онҳо ба мисли гулҳо нозук ва ба ғамхориву муҳаббат ниёз доранд, – гуфт Саодатбону.

Кӯдакистон шароити хуб дошта, 225 кӯдакро фаро гирифтааст ва онҳо дар даҳ гурӯҳ таълиму тарбия мегиранд. Ба гуфтаи Саодат Ҳомидова, мураббиёнеро ҷамъ овардааст, ки дар таълиму тарбияи кӯдакон малакаву маҳорати хос доранд.Дар ин ҷо забони русӣ ва дарси мусиқӣ таълим дода мешаванд. Тарбиягирандагон се маротиба бо хӯроки гарми серғизо таъминанд. Маҳсулоти кишоварзӣ ва анвои шириро аз хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Роғун дастрас менамоянд.

Саодат Ҳомидова дӯстдори касби худ буда, хушрӯз аз он аст, ки ба фарзандони мардум таълиму тарбия омӯхта, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят менамояд ва амалҳои нек ва рафтори дурустро дар ниҳоди кӯдакон ҷой месозанд.

– Воқеан, ба кӯдакон на танҳо шароити мусоид, балки диққат низ бояд дод. Дар бештари маврид падару модарон мекӯшанд, шабу рӯз меҳнат намуда, шароити созгор барояшон муҳайё созанд. Аммо ба фарзандон, диққати зарурӣ ва муҳаббате, ки бояд ба онҳо нишон диҳанд, то ба охир дода наметавонанд. Ба фарзандон ҳамеша муҳим буданашонро талқин намудан лозим аст, зеро дӯстдор будан барои онҳо аввалиндараҷа аст, – ибрози андеша намуд Саодат Ҳомидова.

Нигоҳубини кӯдак хеле нозук буда, кори заҳматталаб аст, зеро онҳо ҳассосанд, ҳар як ба худ хислати хос дорад. Бинобар ин, бояд вобаста ба хулқу атвори кӯдак ба онҳо муносибат намудан рост меояд.

– Робитаи зодмандон бо мураббиён низ хуб ба роҳ монда шуда, падару модарон дилхоҳ вақт метавонанд аз ҷараёни тарбияи кӯдакон бохабар бошанд. Маҳз туфайли ҳамкорӣ ва тавсияи мутахассисон сатҳ ва сифати таълим метавонад хубтару беҳтар ба роҳ монда шавад, – гуфт мудир.

Аз ин рӯ, тарбиятгирандагони боғчаи «Парасту»-и шаҳри Роғун нисбат ба ҳамсолони худ пешсафу зираканд. Ҳангоми ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ рафтан ба натиҷаҳои назаррас ноил мешаванд. Дастпарварони боғчаи мазкур дар олимпиадаҳои байнимактабӣ низ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд.

– Аз дастовардҳои шогирдон, албатта, мо, омӯзгорон шод ва рӯҳбаланд мегардем, зеро дар симои кӯдакон насли ояндаро мебинем, – мегӯяд Саодат Ҳомидова.

Саодат Ҳомидова соҳиби се фарзанд, се набераи дӯстрӯй мебошад. Ифтихор аз он менамояд, ки дар кишвари ободу осуда умр ба сар бурда, соҳиби оилаи солиму солеҳ аст.

Мадина БАЛАҶОНОВА

          шаҳри Роғун

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2026_small.pdf [3.48 Mb] (зеркашиҳо: 30)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон