Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Зиндагиро бояд сохт
Аз ҳар бобШаст баҳор аз ин пеш ӯ бо Маҳмадӣ аз деҳаи Кенҷаобод издивоҷ намуда буд. Кенҷаобод, деҳае, ки падари ҳамин Маҳмадӣ, Кенҷа Саидов, нахустин шуда хонаву дар сохт, боғу роғ бунёд кард. Ӯ ихтиёрӣ ба ҷанги Гирмон рафту барнагашт. Дар хонавода аз ӯ танҳо хатти сиёҳ монду ҳавлии росткардаю Маҳмадии хурдсол. Баъдтар зодбуми Кенҷа Саид доман густурд, аз кӯҳу ёлаҳо яку ду, сею чор ба навбат оилаҳо ин ҷо кӯч баставу дашти ноободро мардум пайдарпай гулистон карданд. Маҳмадӣ ҳам дар оғӯши модари азизаш – Ҳанифа ба камол расид, ба қавле марди хона шуд. Хидматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ анҷом дода, меҳри ватандорию ҷасорати аз падар меросмонда ӯро ба сафи милитсияи тоҷик пайваст ва то ба нафақа баромадан дар ин саф мардонавор ҳифзи обу хоки кишвари хеш, риояи интизому тартиботро бар дӯш дошт…
Қаҳрамони мо, янгаи Қурбонгул ҳам келини ҳамин гуна як марди қаҳрамони ҷанг, ҳамсари як милисаи фидоӣ ба касбу кори хеш аст, ки дар дили саҳар, аз рӯзгори рафта бо муҳаббат барои мо қисса мекард: – Ҳамсари милиса будан барои зан ҳам аз худ гузаштҳо карданро дорад. Яъне, зан ҳам худро фидои касбу кори шавҳар мекунад, ба ғайрату матонат, ба мардонагию ҷасорати милиса худро тобовар, ба қавли дигар худро ҳамоҳанг месозад.
– Зиндагии ҳамҷояи мо наздики ним аср тӯл кашид, бе чангу бе ғубор. Пастию баландиҳо, бешу камиҳо низ дар рӯзгор кам набуданд, аммо бо шукргузорию қаноатпешагӣ ҳеҷ гоҳ бо ҳам сахт наомадем, ба рӯи якдигар сард нигоҳ накардем. Шояд мардум гӯянд, ки не, бе ин намешавад. Аммо ман мегӯям, ки мешавад, барои ин танҳо сабру таҳаммул, одобу муошират, иффати занона доштан муҳим аст, ки он ҳусни занро дар назди шавҳар даҳчанд мекунад.
Имрӯз шавҳар варо дар бар нест, аммо ёду хаёлаш пайваста бо ӯст. Ҳаққу ҳамсояҳо иқроранд, ки онҳо зиндагии басо ширин ва рангинро паси сар карданд. Ҳамроҳ бо тағои Маҳмадӣ дар ҷавонӣ гӯшаи интихобкардаи падар – бобои Кенҷаро ончунон ободу боғистон кардаанд, ки дар тамошояш ту гӯӣ гӯш ба афсонаӣ. Рӯи ҳавлӣ гулзору поёни ҳавлӣ боғи себу ноку зардолу, олую гелосу шафтолу қомат рост кардаанд, ки аз лаззати меваи онҳо, на танҳо ҳамдеҳаю файзободиҳо, балки сокинони шаҳрҳои Ваҳдату Душанбе ҳам ком ширин мекунанд. Тағои Маҳмадӣ солиёни зиёд раиси маҳалла буд, мардуми деҳа бисёр корҳои ободониро ба ӯ нисбат медиҳанд.
Рӯзгори осудаю пур аз муҳаббат янгаи моро соҳиби 11 фарзанд намуд, ки аксар духтаранд ва ҳамагӣ чун волидони хеш дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдату Норак зиндагии хушу гуворо доранд. Бо ҷурми ҳодисоти солҳои 90-уми асри ХХ бархе аз духтарон бе маълумот монданд, аммо баъдиҳо кӯшиш намуданд, ки касбу ҳунаре аз худ кунанд. То ҳанӯз фарзандҳо аз маслиҳату машварати мо дар берун нестанд, ҳар гоҳе сарҷамъ оянд, саломи аввали модар ҳамин аст: «Ба иззати зану шавҳарҳотон нарасед, эҳтироми якдигарро ба ҷо оред, коре кунед, ки аз зиндагӣ ва зиндагӣ аз шумо розӣ бошад, яъне зиндагӣ аз баҳри сохтан аст, на балки бохтан», – таъкид мекунад модар. Барои фарзандҳо, домоду келину набераҳо, ки гирди дастархон парвонаосо ҷамъанд, аз ин панди пур аз қанд дигар ҳикмате буда наметавонад. Ва хуштару беҳтар боз он аст, ки фарзандон низ такя ба дуову дуруд ва гуфтаҳои модар дар кору зиндагӣ зина ба зина муваффақ мешаванд.
Акбарҷон Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимиро бо ихтисоси меъмор хатм карда, то вазифаи сармеъмори ноҳия расид ва зиёд лоиҳаҳои тарҳрезишуда ва биноҳои маъмурии ноҳияи Файзобод нақши дастони ӯро доранд. Имрӯз роҳбарии яке аз ҷамоатҳои сернуфуси ноҳия – Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев ба дӯши ӯст. Дар зарфи ду соли фаъолият чун падари хеш зиёд корҳои ободонию созандагиро ба субут расонд. Бо қувваи мардум аз масофаҳои дур ба деҳаҳо хатти оби нӯшоӣ кашид, роҳе, ки деҳоти ҷамоатро ба марказ мепайваст, мумфарш ва миёни деҳаҳо сангфарш шуданду дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ синфхонаҳои наву дар маҳаллаҳо марказҳои савдою хизматрасонӣ бунёд шуданд.
Акбарҷон дар симои модари 82-солааш падарро мебинаду дар ҳар қадами гузошта панду насиҳати онҳоро пеши рӯ меорад. Бо мардум бо мулоҳиза ва дар кору вазифаи хеш бомасъулият гом мениҳад.
Фарзанди хурдии хонадон пешаи падарро ихтиёр кард. Тағои Маҳмадӣ вақте фаҳмид, ки Ҳамза милиса шудан мехоҳад, аз рухсораҳои писар такрор ба такрор мебӯсиду содаякак таъкид менамуд, ки: «Милисаи боодоб, милисаи ҳақиқӣ шав». Падар чанд соле ҷигарбандии хешро дар либоси низомӣ ҳам дид, хонадораш ҳам карду набераи худро ҳам дид, аммо умр вафо накарду хонаро ба ихтиёри янгаи Қурбонгул ва подоши заҳматҳошро ҳам ба манфиати ӯ гузошт. Хушбахтона, Ҳамза баҳои падари шодравонашро сазовор гашт, милисаи ба касбу кори хеш содиқ шуд. Имрӯз подполковники милиса Ҳамза Кенҷазода шуъбачаи пешгирию барҳамзании ҷиноятҳои хусусияти террористӣ доштаро дар гурӯҳи ноҳияҳои Ваҳдат, ки марбут ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ аст, сарварӣ мекунад. Бо ташаббусу кордониаш гиреҳи зиёд муаммоҳо кушода шудаанд.
Акбару Ҳамза ҳар бори аз дари ҳавлӣ даромадан аввал ба суроғи модар мераванд. «Модари қаҳрамони мо», – гуфта, лаҳзаҳо худро дар оғӯши гарми ӯ мебинанд. Гармие, ки муҳаббати падар ҳам дар он нуҳуфта аст.Ин саҳар ҳам ҳар ду бо нияти дуои модарро гирифтан ба кулбаи ӯ ворид шудаю баракати рӯзи навро хостанд. Янгаи Қурбонгул чун ҳамешагӣ дастони худро ба ҳам оварду рӯ ба офтобшин кард, дуои нек дод ва боз чун ҳамешагӣ таъкид намуд:
«Мардумозор набошед, бачаҳои эркаи ман, ба ёди зану фарзандони хеш бошед, коре кунед, ки рӯҳи падар аз шумо шод бошад».
Рустами НАЗИР
Душанбе – Файзобод – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо












