БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ХУШБИН

Аз ҳар боб

Дирӯз таксие фармудам, ки сари чанбараки он нафаре менишаст, ки бо амалу гуфтораш маро сахт ба ҳайрат оварду ботинамро гӯё такон дод. Ончунон, ки рӯзи дувум аст дар бораи ӯ ба ҳама қисса мекунам.

Ба мошин менишинам. Ронанда табассуми малеҳе дорад, ман низ, аммо ба телефону банди корҳои хеш ба ӯ эътиборе намедиҳам.

- Ба шумо шамол сахт намевазад?

- На, сипос. Ҳамааш хуб аст.

- Хунук нахӯрдед?

- На, воқеан хубам.

- Қанд мехоҳед? Ҳамин ҳоло аз мағоза харидам. Хеле болаззатанд, бо желе! Сахт меписандам. Одатан ба муштариён пешниҳод намекунам, ки беодобист. Аммо аз чӣ бошад, ки ба Шумо хостам пешкаш созам. Агар рад кунед, намеранҷам, мефаҳмам. Мехоҳед?

- Мехоҳам.

Қуттии қандро сӯям дароз кард. Бо табассум гуфтам, ки акнун фаҳмидам чаро дар рӯйхати раддабандӣ зиёд баҳои мусбат дорад. 

Сухан бобати фарзандон чарх зад. Духтари ӯ соли дувум аст, ки дар Донишгоҳи шаҳри Полша таҳсил дорад. Аммо вақте суханони зерро гуфт, аз ҳайрат хаёлам, ки ҷоғам ба замин афтид.

«Медонед, чӣ, Зоя? Аз оне, ки духтар, ҳамсар ва шуғли дилхоҳ дорам, кайфият мебарам. Духтарам гоҳо аз Полша занг зада, барои хариди чизе маблағ мепурсад. Ба корти ӯ пул мегузаронаму ончунон меболаму менозам, ки ҳич ногуфтанӣ! Тасаввур мекунам, ки ба он маблағ рӯймолчае, ё чизи дигаре мехараду бо дӯстонаш питзо мефармояд ва аз камбуди маблағ танқисӣ намебинад. Ва худро гарму роҳат эҳсос мекунам, ки ба фарзандам хубие карда тавонистам! Боз медонед, чӣ? Вақте завҷаамро назди ороишгари нохунҳо мебарам, маблағи онро пардохт мекунам. Аз ин ҳам роҳат мебарам! Ӯ баъдан тули ду ҳафта нохунҳои зебояшро нишон дода, табассум хоҳад кард. Чунон хубиам меояд, ки тасаввурнокарданист! Аз ҳар амали неке, ки барои хонаводаам анҷом медиҳам, ҷонам ба авҷи роҳат мерасад».

Ман бо таҳайюр ба ӯ нигариста, аз зангҳои воридшуда бехабар мондам.

«Боз медонед, чӣ? Одамони хушбахт дар кӯчаҳо кам менамоянд. Ба раҳгузарон менигараму «худӣ»-ҳоро, мисли худ хандон кам мебинам. Чеҳраҳои тираву гирифта. Умуман, чанд рӯзи охир шумо аз аввалин мусофиронед, ки сӯям табассум кардед. 

Ба наздикӣ шиносонамро вохӯрдам. Ду фарзанд доранд, ки аввалӣ дар синфи 1 ва дувумӣ дар синфи 3 таҳсил мекунанд. Шикояти зиёде карданд ба ман, ки чӣ қадр гарон аст ба онҳо либосу лавозимоти мактабӣ харидан, китобҳои дарсӣ, иловагӣ… 15 дақиқа гуфтанду гуфтанд ва дар рӯйи онҳо аз ранг осоре намонд. Ман ба онҳо роҳи ҳалли мушкилӣ гуфтам. Медонед, чиро? Гуфтам ба ятимхонаи наздиктарин раванду фарзандонашонро ба он ҷо супоранд, агар онҳоро эҷодгари мушкилиҳо донанд. Ва шумо аз андешаи либосу китобу мактаб раҳо хоҳед шуд. Посух доданд, ки «на, ин чӣ тавр мешавад? Онҳо  фарзандони моанду дӯсташон медорем, набояд чунин кард». Гуфтам, ки агар фарзандони шумоанд, шукр гузоред Худовандро аз ҳастии онҳо, ки солиму зебоянд. Бархе орзуи фарзандро доранд, тамоми сарвати дунёро нисори онҳо кардан мехоҳанд. Ва шумо ин ҳадияро аллакай дороед. Ҳадияи гаронбаҳои тақдир. Онҳоро дӯст доред ва ҳама чиро баҳрашон муҳайё созед. Инсонҳои хушбахтед, аммо ин хушбахтиро наметавонед эҳсос кунед. Ва аксарият чунин ҳолатро доранд, магар не?»

Ӯ боз бобати чизе нақлҳо кард. Хомӯш ба суханони вай гӯш медодам, аммо дар сар гуфтаҳояш: «Завҷаамро назди ороишгари нохунҳо мебараму маблағи онро пардохт мекунам ва аз ин роҳат мебарам!», «Ба фарзандам некие мекунаму кайфият мебардорам» ҳамоно чарх мезад. 

Дарк кардам, ки ин ронанда на соҳибкор асту на сармоягузор ва на сиёсатмадор. Ба рӯйхати «ТОП 100 марди беҳтарин» на шомил асту на рӯи саҳфаҳои маҷаллаҳои муҷалло дар чоп. Бо ӯ мусоҳиба намеороянд, ҳатто маоше болотар аз ман надорад. Аммо ӯ зиндатар аз ҳамаи мост! Бо муҳаббати бузург, нуру рӯшноии бекарон, ки дар дигарон кам мушоҳида кардаам!

Аз мошин бо қутии қанду гулу ҳазор лутфу эҳсон берун шудам. Берун омадаму дарк кардам, ки қалбам рӯшан гаштааст. Муносибати кайҳонӣ ба зиндагӣ! Чунин сабақро ҳатто аз машварату омӯзишҳо дарнаёфта будам! Устодон паҳлуи моанд!

Аз саҳифаи Зоя Торохова.

Аз русӣ тарҷумаи Ситора АШӮРОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон