БОЙГОНӢ

«    Июл 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

“Ҳашт дурӯғ”-и модар

Аз ҳар боб

Ҷавонмарде қисса кард:«Модарам ҳамеша сухани рост намегуфт ва то ба камол расиданам ба ман ҳашт дурӯғ гуфтааст. Ягонафарзанд будам, зиндагии сангин доштем, шикамсерӣ ғизо намехӯрдем. Рӯзе ҳамсояе оши палав овард. Модар гоҳи ба табақи ман оши палав рехтан мегуфт:– Писарам, ошро бихӯр, ман гурусна нестам.


Ин дурӯғи нахустини ӯ буд


Пас аз саранҷоми кори хона модарам ба рӯди канори деҳ моҳигирӣ мерафт. Боре ду моҳӣ дошта, онро бирён намуда, пешам гузошт. Ба хӯрдан сар кардам, моҳии дигарро пешам гузошт.Гуфт:– Бихӯр, писарам, ош шавад, намедонӣ, ки моҳиро дӯст намедорам.

Ин дурӯғи дуюмаш буд


Дар яке аз шабҳои сарди зимистон, ки борони сахт меборид, модарам бедарак буд. Ба суроғаш баромадам. Дидам, ки борҷома дар кифт дари мардум мекӯфт.Гуфтам:– Ҷон, оча, биё, хона равем, дер шуд. Ҳаво ҳам сард аст, колоятро пагоҳ мефурӯшӣ.Модар бо табассум гуфт:– Ман хаста наям...

Ин дурӯғи савуми ӯ буд


Рӯзе дар мактаб имтиҳон доштам. Очаи дилфигорам зери офтоби сӯзон интизорӣ мекашид. Имтиҳон супурдам. Чун наздаш омадам, маро каш гирифта, нӯшобае дод, то бинӯшам.

Хеле ташна будам, бештари обро нӯшидам. Ногоҳ дидам, ки аз рухсораи модар арақ мешорад. Нӯшобаро дароз кардам, рад намуда гуфт:– Ҷони ширин, ман ташна нестам...

Ин дурӯғи чаҳоруми ӯ буд


Пас аз даргузашти падар, бори гарони хона бар дӯши моми дилфигорам ғалтид. Ҳамсояҳо аз рӯйи раҳм ба модарҷонам тавсия доданд, ки издивоҷ кунад, то рӯзгорамон беҳӣ бинад. Аммо моми биҳиштиям гуфт:– Ман ба чунин амал ниёз надорам.

Ин дурӯғи панҷуми ӯ буд


Донишгоҳро хатм намуда, соҳиби кору вазифа шудам. Андешидам, кунун вақти муносиб расид, ки модарам истироҳат кунаду ман зиндагиро пеш барам. Модар ҳамоно ҳар субҳ бозор рафта, палосе паҳн карда, сабзавот мефурӯхт. Хоҳиш кардам, ки корашро тарк гӯяд ва аз маошам моҳона маблағе муайян намудам. Мом гуфт:– Маблағатро пасандоз кун, ман барои худ моли кофӣ дорам.

Ин дурӯғи шашуми ӯ буд


Магистратураро тамом кардам. Моҳонаам зиёдтар шуд. Чанде пас ширкати хориҷие маро ба кор гирифт. Зиндагиам аз будаш беҳтар гашт.Модарамро наздам хондам, аммо ӯ напазируфта гуфт:– Ман ба зиндагии фарох одат накардаам.

Ин дурӯғи ҳафтуми ӯ буд


Модарам давлати пирӣ ёфт. Дар охир ба бемории сангини чашм гирифтор шуд. Ёваре бояд дар паҳлуяшон мебуд ва ман наздашон баргаштам. Ҳини дида ба дидор расидан, кӯшид табассум кунад, аммо бо сабаби нотавонӣ симои мубораки хешро бо лабханди модарона зинат бахшида натавонист. Селоби ашк аз дидагонам ҷорӣ шуд. Моми бузургам маро тасаллӣ дода мегуфт: – Писарам, гиря накун, ман ягон дардеву мушкилиеро ҳис намекунам.

Ин дурӯғи ҳаштуми ӯ буд


Баъди ба забон овардани ин суханон, модарҷонам чашмони зебояшро абадан пӯшид...

Таҳияи Умар АЛӢ



Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2026_small.pdf [3.48 Mb] (зеркашиҳо: 41)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон