БОЙГОНӢ

«    Июл 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Зеҳни сунъӣ дар соҳаи роҳ ва нақлиёт

Аз ҳар боб

Дар асри XXI, ки бо пешрафти бесобиқаи илму техника ва технология тавсиф мешавад, ҷаҳони муосир ба марҳалаи нави рушди худ ворид гардидааст.  



Кишварҳои пешрафта ва рӯ ба рушд бо мақсади мутобиқ шудан ба талаботи замон, ҷорӣ намудани низоми рақамиро дар ҳамаи соҳаҳо густариш дода, барои содагардонии равандҳои корӣ, сарфаи вақт ва баланд бардоштани самаранокӣ аз имкониятҳои васеи зеҳни сунъӣ фаъолона истифода мебаранд. Зеҳни сунъӣ (AI) яке аз равандҳои муҳими замони муосир ба ҳисоб рафта, ҷорӣ намудани он ба раванди истеҳсол, тақсимоти мол ва пешниҳоди хидматрасониҳо таъсири мусбат мерасонад. Имрӯз ин технологияҳо тадриҷан ба тамоми бахшҳои иҷтимоию иқтисодӣ ворид шуда, ба як омили калидии пешрафт табдил ёфтаанд.Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода низ қадамҳои устуворро дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ мегузорад…

Дар ин радиф, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040- ро бо қарори худ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 – юми сентябри соли 2022, №483 ба тасвиб расонд. Шоёни зикр аст, ки Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда, чунин стратегияро мавриди амал қарор дод. 

Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040 ба ташаккули заминаи устувори рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва мутобиқсозии кишвар ба талаботи ҷаҳони муосир равона гардидааст. Дар доираи он маҷмуи ҳадафҳо муайян шудаанд, ки татбиқи технологияҳои зеҳни сунъиро дар бахшҳои гуногуни иқтисод ва идоракунӣ пешбинӣ менамоянд. Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими Стратегияи мазкур то 5 фоиз расондани саҳми даромад дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) аз ҳисоби ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ дар давраи амалишавӣ мебошад… 

Мусаллам аст, ки 25-уми июли соли 2025 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (МУ СММ) Қатъномаи таърихӣ бо номи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»–ро қабул намуд, ки ин ташаббус аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79 –уми МУ СММ 24 – уми сентябри соли 2024 пешниҳод шудааст. 

Қатъномаи мазкур қадами муҳим барои ташаккули истифодаи бехатару ахлоқии зеҳни сунъӣ буда, механизмҳои самараноки татбиқи онро дар рушди устувори Осиёи Марказӣ муайян мекунад. Аз ҷумла, таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст, ки ҳамоҳангсозии барномаҳо, тадқиқот, омӯзиши мутахассисон, дастгирии стартапҳо ва рушди инфрасохтори маълумотро таъмин менамояд. 

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», аз 16-уми декабри соли 2025, чунин масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт: «Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ба мақсади истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди рушд доир ба таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди «маълумоти сабз» (дата-сентрҳо) чораҷуйӣ намояд.» 

Дар пешбурди рақобатпазирии иқтисод ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ IT-паркҳо ҳамчун ҷузъи ташкили экосистемаҳо метавонанд нақши калидиро дошта бошанд. 

Ҷиҳати рушди фазои эҷодӣ ва мусоидат ба татбиқи идеяҳои нав дар ҷомеаи муосир, соли 2024- ум бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон IT-парки шаҳри Душанбе (IT-Park Dushanbe) таъсис ёфт, ки маросими ифтитоҳи расмии он 7 апрели соли 2025 дар доираи намоишгоҳи «ICT WEEK-2025» бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва намояндагони ширкатҳои ватаниву байналмилалии технологӣ баргузор гардид. Рушди IT-Park Dushanbe аз ибтидо дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои давлатӣ ба роҳ монда шуда, дар ин раванд Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ мебозад… 

Имрӯз, дар натиҷаи як соли фаъолияти IT-Park Dushanbe бо мақсади омодасозии мутахассисони насли нав дар самти зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосир, дар назди он Мактаби зеҳни сунъӣ (AI School) таъсис дода шуд. Илова бар ин, дар доираи барномаи «Woman in  Tech» чорабиниҳо барои ҷалби бештари занон ба соҳаи IT доир мегардад, ки ба рушди баробарии гендерӣ ва фароҳамсозии муҳити муосири технологӣ мусоидат мекунанд. Дар майдони IT-Park Dushanbe ҳамоишҳо ва форумҳои сатҳи баланд дар доираи СҲШ, ИДМ ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ баргузор гардида истодаанд, ки ин гуна ҳамоишҳо ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунад.

Беш аз 70 ширкати IT  дар IT-Park Dushanbe фаъолият менамояд, ки ба таҳия ва пешниҳоди маҳсулоти хидматрасониҳои рақамӣ машғул буда, бо муштариён ҳамкорӣ намуда, ба бозорҳои байналмилалӣ роҳ меёбад. Барои таъмини шароити мусоид дар рушди босуръати ин ширкатҳо имтиёзҳои андозиву гумрукӣ роҳандозӣ шудаанд.

Тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, резидентони IT-Park Dushanbe аз ҳама намуди андоз, ба истиснои андоз аз даромади шахсони воқеӣ 6%) ва андози иҷтимоӣ 1%) озоданд. Дар маҷмуъ, резидентҳои IT-Park Dushanbe имрӯз ба яке аз неруҳои пешбарандаи иқтисоди рақамӣ табдил ёфта, на  танҳо дар дохили кишвар фаъолият менамоянд, балки соҳаи IT-и Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ низ муаррифӣ мекунанд.Дар ин радиф бояд қайд намуд, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2-юми марти соли 2026 расман ба рӯйхати ягонаи резидентҳои IT-Park ба қайд гирифта шуда, соҳиби мақом ва шаҳодатномаи резиденти IT-Park Dushanbe гардид.

КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор 29-уми октябри соли 2024 дар ҳошияи ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Вазорати нақлиёт, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. 

Унсури меҳварии низомҳои муосири зеҳнии нақлиётӣ ин Платформаи ягонаи идоракунии низомҳои нақлиётӣ мебошад. Он ҳамаи зернизомҳои зеҳниро муттаҳид мекунад ва имкон медиҳад, ки тамоми маҷмааи нақлиётӣ аз равзанаи ягона идора карда шавад. Ин платформа имкон медиҳад, ки ҷараёнҳои нақлиётӣ назорат карда шаванд, кори хадамот ва инфрасохтор ҳамоҳанг гардад, ба тағйиротҳо зуд вокуниш нишон дода, вазифаҳои стратегии рушди низоми нақлиёт самаранок амалӣ карда шаванд. 

Имрӯз яке аз дастовардҳои муҳиме, ки дар соҳаи нақлиёти кишвар роҳандозӣ шудааст, ин татбиқи Платформаи ягонаи идоракунии низомҳои нақлиётии КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Ҳадафи асосии Платформаи мазкур ин ба таври электрониву шаффоф пешниҳод намудани хидматрасониҳои нақлиётӣ, аз ҷумла пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, ба монанди иҷозатнома, сертификат, рухсатнома, роҳхат, борхат ва ғайра ба иштирокчиёни бозори нақлиётӣ аст. Платформа дорои QR ва ID коди ягонаи субъект ва объекти инфрасохтори нақлиёт буда, дар домени e–transport.tj ҷойгир мебошад. 

КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» тариқи системаи WeBOC (системаи электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои молҳои воридот ва содирот) бо Вазорати савдои Покистон барои ҷудо намудани Мастер ID бо рамз ва ҳуҷраи шахсӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст. Алҳол тамоми тоҷирон (соҳибкорон), ки аз бандарҳои обии Ҷумҳурии Исломии Покистон, тариқи транзит интиқоли бор доранд, метавонанд бо истифода аз системаи WeBOC рамзи электрониро дастрас намуда, интиқоли борро амалӣ созанд. Ҷорӣ гардидани низоми рақамии e-Permit ҳамчун як қадами муҳим дар роҳи рушди ҳамкориҳои нақлиётӣ ва рақамикунонии соҳаи логистика миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон арзёбӣ мегардад. 

Ба охир расидани марҳалаи дуюми татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва бо назардошти зарурати таъмини иҷрои марҳалаи сеюми он (солҳои 2026– 2030), имрӯз Вазорати нақлиёт Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 –ро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26- уми феврали соли 2026, №74 тасдиқ гардид, мавриди корбарӣ дар таҳияи нақшаҳои корӣ роҳандозӣ намудааст. Барномаи мазкур ба таҳкими механизмҳои идоракунии маҷозии давлатӣ, шаффофият, ҳисоботдиҳӣ, рақамикунонии хидматрасониҳои нақлиётӣ тавассути роҳандозии технологияи инноватсионӣ ва бартарафсозии иқтисодиёти пинҳонӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, мақсаду ҳадафҳои мушаххаси минбаъдаи худро дар асоси иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, №911 аз 8 - уми январи соли 2025 «Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025–2030» муайян кардааст. Дар доираи татбиқи Барномаи мазкур афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва мусофирбарӣ то 124–128 фоиз, инчунин сохтмон ва таҷдиди то 700 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар назар аст. Ҳамзамон, татбиқи лоиҳаҳои муҳим, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ–Панҷи Поён, таҳияи лоиҳаи Ваҳдат–Қарамиқ, таҷдиди роҳҳои Исфара–Гулистон ва Хоруғ–Ишкошим, таъсис ва ба истифода додани панҷ маркази логистикии замонавӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб ва мавзеи Панҷи Поён, инчунин ҷорӣ намудани долони рақамии «CAREC Digital Corridor» пешбинӣ гардидааст. Ин тадбирҳо ба беҳтар шудани сифати хидматрасониҳо, мутобиқшавии инфрасохтор ба стандартҳои байналмилалӣ ва рушди транзитии кишвар мусоидат менамоянд. 

Илова бар ин, тамоми ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ, аз ҷумла иҷозатномаҳо, сертификат, роҳхат, борхат, e-TIR, e-CMR ва ғайра ба шакли электронӣ гузаронда мешаванд, ки имрӯз аллакай бархе аз онҳо тариқи Платформаи ягонаи идоракунии низомҳои нақлиётӣ роҳандозӣ шуда, ҷараёни дархост ва истифодабарии онҳо бо мақомотҳову идораҳои дахлдори соҳа мувофиқа карда шуда истодаанд. 

ХУДОЙДОД ФАРЗОНА ИСЛОМИДДИН, 


корманди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон



Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_07_2026_small.pdf [2.82 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон