Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
63 соли ваҳдат дар оиладорӣ
Аз ҳар бобҲар боре дар хусуси вайрон шудани оилаи ҷавоне ва саргардонии зиндаятимону занҳои дар чорсӯи зиндагӣ бесаробонро мешунавем, беихтиёр аз худ мепурсем: чаро? Чаро сол аз сол омори парокандагии хонаводаҳо афзудан дорад?
Дар бобати хонавайроншавии оилаҳо коршиносону калонсолони дар оиладорӣ муваффақ андешаҳо иброз медоранд, маслиҳату машваратҳои муфид медиҳанд, вале ин мушкили ҷомеа чун гиреҳи сарбаста ҳалли худро ҳанӯз ҳам то ба охир наёфтааст. Камбудии иқтисодӣ, муҳоҷират, нашъамандӣ, дахолати хусуру хушдоман ва дигар аҳли хонаводаро аз зумраи мушкилиҳо медонанд, ки боиси фурӯпошии оилаҳо гаштааст.
Ин навбат, ҳини сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ, дидору суҳбат бо оилаи Замоновҳо иттифоқ афтод. Ҳамсарон Темур ва Анор Замоновҳо 63 сол аст, ки дар шоҳроҳи зиндагӣ қадам ба қадам бо ҳам мезананд. Ҳар мушкилеро, ки дар ин роҳи умр дучор омаданд, якҷоя барои ҳалли он камар бастаанд.
Дар суҳбат бо ин хонаводаи хушбахт, ки онро метавон намунаи олии оиладории шарқиёна номид, дарк намудем, ки дар пойдорӣ ва устувории оила, ба ҷуз эҳтиром, бахшидани ҳамдигар ва таҳаммулпазирӣ, ҳеҷ сирре ниҳон нест.
Аз шуълаи муҳаббат
– Зодмандон моро дар хурдсолиамон, ки ҳанӯз аз оиладорӣ ва ишқу муҳаббат бӯ намебурдем, гаҳворабахш намуда буданд. Аз рӯи ин таомул мо бо ҳам «номзад» шудаву «саркашӣ» аз он шикастани аҳду вафои хешутабории калонсолони авлод маҳсуб меёфт. Аз ин хотир, бо ба балоғат расидани фарзанд ин нуктаро волидон таъкид мекарданд, ки мабодо аз ҷониби ҷавонон ягон иштибоҳе рух надиҳад ё дар фикри рад намудани ин издивоҷ набошанд.
Воқеан, солҳои пеш байни мардум, бахусус кӯҳистониён, чунин анъанаҳо роиҷ буд. Ба хотири нигоҳдошти риштаи дӯстиву рафоқат гоҳе ин анъана риоя мешуд, – фаҳмонд Темур Замонов.
То хотима ёфтани маросими ақди никоҳ ва тӯй ин ду ҷавони гаҳворабахшшуда боре ҳам дидор надиданд. Нахустин вохӯрии онҳо рӯзи ҷашни арӯсӣ сурат гирифт. Ин вохӯрӣ шуълаи муҳаббатро дар қалбашон равшан ва устувории садоқатро дар хуну ҷони онҳо ҷӯшон кард. То имрӯз аз гармӣ ва шуълаи оташи муҳаббат хонадонашон гарму рӯшан аст.
Ҳамсарон аз зиндагии якҷоя соҳиби 8 фарзанд (6 духтару 2 писар) буда, соҳиби 45 набера ва 25 абера мебошанд. Фарзандон низ соҳиби оилаи ободу осуда ва зиндагии ибратбахшанд. Онҳо ҳар таҷрибаеро, ки аз хонадории волидон омӯхтанд, ҳамчун мероси авлод дар зиндагии худ ба кор мебаранд.
Зодмандон намунаи фарзандонанд
– Фарзандон одобро аз волидон меомӯзанд. Қаблан ҳар шахс мебоист худ тарбиядида бошад, зеро одатан фарзандон ба рафтору гуфтори падару модар пайравӣ намуда, онро аз онҳо омӯхта ва дар ҳаёт такрор менамоянд. Мегӯянд, оила мактаби муқаддасест, ки омӯзгораш зодмандон мебошанд. Пас, ин «омӯзгорон» дар тарбияи башарият масъуланд ва ҳуқуқи иштибоҳ карданро надоранд. Хатое, ки онро гоҳе нодида мегирем, шояд боиси аз даст додани як инсоне шавад, ки ӯ метавонист дар олами башарият навгониҳо кашф намуда ё тағйироти бемислро дар ҳаёти одамон ба вуҷуд оварад, – иброз дошт Темур Замонов.
Аз ин ду ҷуфти рӯзгордида суол ҳам мекунанд, ки дар тарбияи фарзанд чӣ нуктаи муҳимест, ки бо иштибоҳи он арзишҳои хонаводагӣ аз байн мераванд? Мегӯяд, ки ҳеҷ. Танҳо эҳтиром ва бахшидани ҳамдигар аз мушкили хонадорӣ ва парокандагии оила муҳофизат менамояд. Агар не, иштибоҳи андак боиси барҳамхӯрии оила мегардад.
Бонуи хонадон Анора Замонова мегӯяд, ки муддати 63 соли хонадорӣ оилаи онҳо низ бо мушкили хонаводагӣ рӯ ба рӯ шуд. Нофаҳмиҳо байни ду ҳамсар буданд, вале бо роҳи маслиҳатомез ҳалли худро ёфтанд. Пастию баландиҳои зиндагиро якҷоя паси сар намуда, имрӯз ба унвони як оилаи намунавӣ байни мардуми Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ номвару соҳибэҳтиром гардидаанд.
– Дар шоҳроҳи пурпечутоби оиладорӣ ҳамсаронро сабру таҳаммул мебояд, бахусус агар бо дурандешӣ зани хонадон пешгом бошад. Иззату эҳтироми калонсолон яке аз нуктаҳои муҳим дар тарбияи фарзанд аст, ки ин панди чун қандро волидон бароямон омӯхта буданд. Аз риояи он дар зиндагӣ ком ширин шуду подоши он насибамон гашт.
Беш аз 30 сол зери як бом бо хусуру хушдоман умр ба сар бурдам ва арӯси хонадонам 28 сол аст, ки ин анъанаро идома дода истодааст. Ӯ низ моро дар дами пирӣ такягоҳ гаштаасту, ба қавле, хизмати калонсолонро ба ҷо меорад. Боре зиндагии имрӯзаи хонадоронро ба замони гузаштаи оиладории худ муқоиса накардаем. Давраҳо мегузаранд, вале ҷойи тарбияи солим ва муоширати самимиву беолоишро чизе иваз карда наметавонад, – мегӯяд бонуи хуштолеъ.
Мақоми баланди оила
Анора Замонова меафзояд, ки шавҳараш умри худро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намуда, ба донишомӯзони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Қутбӣ Кироми ноҳияи Айнӣ аз фанни забон ва адабиёти рус дарс гуфтааст. Ӯ фарзандонро бо нони ҳалоли омӯзгорӣ ба воя расонда, дар тарбияи онҳо арзишҳои хонаводагӣ ва ватандӯстиву меҳнатдӯстиро дар мадди аввал гузоштааст.
Ба гуфтаи модар, духтарони хонадон дониши хубу намунавӣ доштанд, вале бо сабаби мушкили иқтисодӣ ва дур будан аз пойтахт натавонистанд таҳсилро дар мактабҳои олии кишвар идома дода, соҳибихтисос шаванд. Писарони хонадон яке касби падарро омӯхт ва дигаре дар риштаи ҳуқуқ соҳибкасб гардид.
– Соҳиб шудан ба мақоми баланди оилаи намунавӣ аз пос доштани арзишҳои хонаводагӣ ва тарбияи дурусти фарзандон оғоз меёбад, – иқрор меояд модари хушиқбол.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО
Душанбе – Айнӣ – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо











