Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Сарбаланде аз кӯҳсор
Аз ҳар бобЗанону духтарони ноҳияи дурдасти Кӯҳистони Мастчоҳ бо меҳнатдӯстӣ, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон ва маҳорати баланди кадбонугӣ дар омода намудани таомҳои хоси кӯҳистон шуҳрат доранд. Онҳо дар шароити мушкили иқлими кӯҳӣ ва дурӣ аз марказ аз ғизоҳои табиӣ, хӯрокҳои маҳаллӣ бештар истифода мебаранд.
Бонуи дастбакор дар кӯҳистон на танҳо соҳибхонаи босалиқа, балки сутуни хонавода ва тарбиятгари фарзандону нигоҳдорандаи арзишҳои миллӣ мебошад. Мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аслан аз ҳисоби кишоварзиву чорводорӣ ва ҳунармандӣ рӯзгор пеш мебаранд.
Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар қисми шимолии Тоҷикистон ҷойгир буда, он бо ноҳияҳои Айнӣ, Деваштич, Шаҳристон ва вилояти Бодкани Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад аст.
Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ барои бонувон, аз ҷумла бонувони кӯҳистон баробарҳуқуқӣ, озодии интихоб, имконияти таҳсилу соҳибкорӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро фароҳам оварданд.
Ҳуринисо Қурбонова, мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи МИМҲД ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, соли панҷум аст, ки дар ин вазифа кор мебарад. Пеш аз ин дар Хонаи фарҳанги ноҳия ба симати роҳбари бадеӣ заҳмат мекашид. Пайвандону наздикон ӯро чун ҳунарманди чира ва кадбонуи моҳир мешиносанд.
– Зардӯзӣ, гулдӯзӣ кардани болишту пардаҳои тиреза, шероз омода карданро аз модар омӯхтам. Модарам угроро хушрӯ мебуриданд. Дар хурсандии хешу табор доим ин навъи хӯрокро тайёр мекарданд. Ба синни мубораки 76 расида бошанд ҳам ин навъи хӯрокро бо лаззати гуворо пешниҳод месозанд.
Амакам дар Кӯҳистони Мастчоҳ мезист ва ҳар сол ба модарам ҳамеша алафҳои кӯҳиро ҷамъ карда мефиристод. Он замонҳо меҳру муҳаббати ҳақиқиву самимӣ буд, байни пайвандон. Модарам гиёҳҳои кӯҳиро барои паст кардани фишори хун ва бемориҳои дилу рагҳо муфид медонист. Зимистону тобистон ба хӯрокашон аз кабудию алафҳо ҳамроҳ мекарданд. Ҳамеша мегуфтанд, ки духтарро бояд панҷ панҷааш ҳунар бошаду аз уҳдаи дӯхтану пухтану рӯфтан ба хубӣ барояд. Худам аз зираи мастчоҳӣ истифода мебарам. Вақте ки духтарону келинҳои хонадон хӯрок мепазанд, марди хона мегӯяд: «Мазаи хӯроки модаратон дигар аст»…
Ҳуринисо соли 1973 дар оилаи коргар, дар шаҳри Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби №16 ба Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро ба итмом расонд.
Падараш Аёмбек Қурбонов ва модараш Одинабика Ниёзова бо меҳнати дастонашон шаш духтару чор писарро ба воя расонданд. Модараш ба ҳунару ба кадбонугии хеш ном бароварда буд.
Ҳуринисо духтари шаҳр буду бо амри тақдир келини хонадони амакаш гардиду муқими Кӯҳистони Мастчоҳ шуд. Аз ин издивоҷ соҳиби чор писару ду духтар гардид.
– Дар гузашта сахтгирии хушдоманҳо як амри маъмулӣ дар хонадон буд. Бузургон мекӯшиданд то келин ба қоидаҳои оилаи нав мутобиқ шавад. Он замонҳо, аз сабаби набудани техникаву кам будани барқ, ҳама кор дастӣ анҷом меёфт. Бо вуҷуди шаҳрӣ буданам, мекӯшидам саҳар барвақт аз хоб хеста, ба корҳои рӯзгор расидагӣ намоям. Хушдоманам маҷбур мекард, ки хамир шӯрам ва то тайёр шудани он табақи калонро бо як даст мехелидам. То ҳол ба чунин омода кардани хамир одат кардааму карсонҳои калонро тавассути як даст мушт мезанам. Алҳол ду келин дорам. Мекӯшам бо онҳо муносибати хуб дошта бошам. Агар модаррӯз хатоии келинро ба хубӣ фаҳмонад, боварӣ дорам муносибатҳо дуруст ташаккул ёфта, эҳтироми тарафайн ба вуҷуд меояд, – мегӯяд мусоҳибам.
Соли 2016 зимни сафари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ба Ҳуринисо Қурбонова муяссар гардид, ки як суруди мастчоҳиро сарояд. Суруд танин андохту таваҷҷуҳи Сарвари давлатро ба худ кашид. Пешвои миллат ба роҳбарони вақти ноҳияи Мастчоҳ дастур доданд, ки ӯро дастгирӣ намоянд.
– Суҳбат бо Пешвои миллат роҳкушои ояндаи зиндагиам шуд. Аз хотирам суҳбатамон то ҳол намеравад. Ҳангоме ки ба деҳаи Падроғи Кӯҳистони Мастчоҳ баргаштам, пеш аз ҳама, пиру барнои қишлоқ наздам шитофтанду дарҳол пурсиданд, ки «Ҳурӣ, Ҷаноби Олиро аз пеш дидӣ, чӣҳо гуфтанд?» Гуфтам, ки чунон самимиву хоксорона ҳамроҳам сухан гуфтанд, фикрам, бо ягон ҳамдеҳаам суҳбат мекунам. Бовар кунед, он касро ба мисли падарам дӯст доштам, – иброз намуд бо эҳсосот Ҳуринисо.
Ҳамчунин, ин зани санъаткор дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» шеъри итолиёвии Тото Кутунёо «L,itaIiano» – ро суруда ҷойи ифтихориро сазовор гашт. Дар чорабиниҳо суруди русӣ низ месарояд.
Ҳуринисо бо тақозои вазифа даҳҳо оилаи ҷавонро, ки дар ҳолати парокандагӣ қарор доштанд, тарбиятгару насиҳатгар шуда, хишти хонаводагии онҳоро аз фурӯравӣ наҷот додааст.
– Писари калониам Фарҳодбек дар пойтахт таҳсил карда, ба мисли падараш барқчӣ шуд. Писари дуюмам Фирдавс техникуми касбии шаҳри Бӯстони ноҳияи Мастчоҳро хонда, ихтисоси барқчиро интихоб намуд. Фирӯз омӯзгори фанни физика, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба итмом расонд. Писари хурдиам Муҳаммадмеҳроҷ Омӯзишгоҳи касбӣ – техникии шаҳри Бӯстонро хатм карда, дорои ихтисоси ронандаи мошин ва механник аст. Ният дорад, бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ номнавис гардад. Гарчанде духтаронро нахонда оиладор намудам, кӯшидам, ки ҳунармандиву кадбонугиро барояшон омӯзам. Ҳозир духтаронамро насиҳат мекунам, ки ғоибона бошад ҳам ба ягон ҳунаристон дохил шаванд, – мегӯяд модар.
Ӯ иштирокчии фаъоли чорабиниҳои фарҳангӣ буда, маҳсули дасташ гӯшаи ҳунарҳои мардумиро зебу соҳиби чандин ифтихорномаву сипосномаҳо гаштааст.
– Дар сурати баргузории ягон ҷамъомад дар ноҳия нони ба ҳавло ё қурутоби буғӣ ё косагӣ омода менамоям. Аз орду об ва намак хамири сахт тайёр мекунаму онро каме дам медиҳам. Сипас, онро равған мемолему чоркунҷа мебурем. Баъд дар деги манту мечинему дар буғ мепазем. Пас аз он гӯштро майда реза намуда, дар тоба бирён мекунем. Баъд дар болои туппаи пухташуда гӯшти бирёншударо меандозему онро мепечему бо пиёзи сабз мебандем. Агар хоҳед дар табақ туппаҳои пухтаатонро мечинеду аз болояш гӯштбирёнро мерезеду аз болояш пиёздоги дар равғани зард омодакардаро мерезед. Қурути дар оби ширгарм обкардашударо ба болояш мерезед, – гуфт пазандаи хӯрокҳои маҳаллӣ.
Бонуи иззатманд тамоми дастовардҳояшро аз файзу баракати истиқлолу сулҳи сартосарии кишвар медонад. Шукргузор аст, ки дар баробари дигар минтақаҳои кишвар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ бо азму талошҳои бунёдкорона ва таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат ба як макони назаррабо бадал гашта, солҳои охир ин ҷо даҳҳо иншооти нави маъмуриву фарҳангӣ қомат афрохтаанд…
Мадина БАЛАҶОНОВА,
Душанбе – Кӯҳистони Мастчоҳ – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо










