Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Тобистони бачаҳо дар «Меҳнат»
Аз ҳар бобРӯзҳо мегузаранд, хотираҳо мемонанд
Шоҳроҳи Душанбе–Ваҳдат. Муҳаммадамин ва Муҳсин бо кифҳои ба пушт сафаракиро мемонданд. Онҳо чун дигар мусофирон интизори мошинҳои кирокаш буданд. Дар ин сафар мо ин ду наврасро ҳамроҳем. Роҳ сӯи дараи Ромит, ба Муассисаи давлатии «Истироҳатгоҳи «Меҳнат»» равонаем…
Муҳаммадамин ва Муҳсин 14 сол доранд. Яке хонандаи Гимназияи хусусии «Кафолат»-и шаҳри Душанбе, дигаре талабаи МТМУ №2-и ноҳияи Варзоб мебошанд. Ин ду наврас бори аввал аст, ки таътили тобистонаи худро дар истироҳатгоҳи бачагона мегузаронанд. Дар нигоҳҳояшон эҳсоси ботинашон ҳувайдост. Онҳо аз истироҳати 12-рӯза дар ин макони фароғатӣ хотироти ширину рангини бачагиро бо худ якумрӣ мебаранд…
– Ҳадафи мо ҳам ин аст, ки кӯдакону наврасон таътили тобистонаро дар табиати орому беғубори ин гӯшаи ободу зебои диёр бо истифода аз шароити мавҷуда хушу хотирмон гузаронанд, – ҳини вохӯрӣ гуфт роҳбари муассиса Самариддин Иброҳимов.
Воқеан, истироҳатгоҳи бачагонаи «Меҳнат» дар манзараи хушбоду ҳаво ва зебои дараи Ромит мақом гирифтааст. Бо ворид шудан аз дарвозааш дарахтони себу шафтолу, анҷиру олуча ва дигар ниҳолҳои сояафкану ороишӣ аз ду тарафи роҳи даромадгоҳ қомат афрохтаанд. Мавсуф қайд менамояд, ки дар ҳудуди истироҳатгоҳ дар панҷ соли охир беш аз чор ҳазор ниҳоли боровару сояафкан шинонданд.
Муассисаи давлатии «Истироҳатгоҳи «Меҳнат»» мавсимӣ набуда, тамоми сол омодаи қабул ва пазироии истироҳаткунандагон мебошад. Масоҳати умумиаш 9 гектару 70 дарсадро ташкил дода, дар он 12 бино барои фароғати бачаҳо, ки ҳар яке аз 3 то 8-ҳуҷрагӣ иборат аст, тамоми шароити будубош муҳайёст. Ҳар сол давраи таътили тобистона дар оғӯши ин истироҳатгоҳ беш аз 700 кӯдаку наврас дар 3–4 баст истироҳат намуда, ҳамчунин, калонсолон низ дар давоми сол имкони фароғат дар ин макони хушбоду ҳаворо доранд.
– Ҳар сол тариқи роҳхати Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва кумитаҳои ҳамузви Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ дар истироҳатгоҳи «Меҳнат» кӯдакони 7–14-сола барои истироҳат ҷалб мешаванд. То оғози қабули тафреҳгарон корҳои омодагӣ ва ободкорӣ доир мешаванд, зеро серборишии ҳавои кӯҳистон зарурати тармиму таъмири пайвастаи биноҳои истироҳатиро пеш меорад, – мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Барои ҷалби кӯдакону наврасон ба бозиҳои варзишӣ 4 ҳавзи оббозӣ, майдони футбол, волейбол, баскетбол ва мизи теннис муҳайёст. Мураббиёни самти варзиш дар саргарм сохтани истироҳаткунандагон ба мусобиқа ва бозиҳои варзишӣ муваззаф гардидаанд. Шоҳмотбозӣ, бозиҳои тенниси рӯи миз, футбол, волейболу баскетбол аз зумраи бозиҳои варзишӣанд, ки кӯдакон ба он шавқу рағбати беандоза дошта, интизори баргузории мусобиқаҳо аз ин намуди варзиш мебошанд.
Ҳамчунин, муассисаи истироҳатӣ дорои китобхонаи васею барҳавост, ки дар он зиёда аз 600 китоби бадеӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маҳфуз буда, дар лаҳзаҳои фароғат кӯдакон аз онҳо мутолиа менамоянд. Маҳфилҳои шеърбараку чистонгӯяки наврасон дар ҳамин макони маърифат гузаронда мешаванд.

Расмкашӣ шуғли дигари истироҳаткунандагони ин макон аст, ки наврасони соҳибистеъдод аз табиати дилфиребу нотакрори ин мавзеъ илҳоми тоза гирифта, манзараҳои зеборо бо ҳавас тасвир менамоянд.
Алҳол, дар ин мавзеи истироҳатӣ 45 нафар ба кор ҷалб шудааст ва аксари кормандон сокинони гирду атрофи муассиса мебошанд.
Реҷаи рӯз – реҷаи зиндагӣ
Баҳром Раҳмонов роҳбари мавсимии истироҳатгоҳро ба уҳда дорад. Ӯ омӯзгори Литсейи №2-и кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе аст ва дар давраи рухсатии меҳнатӣ тариқи шартнома дар истироҳатгоҳи бачагона фаъолият менамояд.
– Наврасону ҷавонони имрӯза истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ тариқи телефон дур аз ҳаёти воқеӣ намудааст. Калонсолон ба интихоби тарзи ҳаёти солим, шуғл варзидани кӯдакон ба машқҳои ҷисмонӣ аҳамияти хосса зоҳир намекунанд. Ин аст, ки бемории фарбеҳӣ ва суст шудани биниши чашм байни кӯдакону наврасон сол аз сол зиёд мушоҳида мегардад.
Низому тартиб, ки он дар реҷаи рӯз муайян мешавад, то ҷое аз байн рафтааст. Риояи реҷаи рӯз низом, тарзи дурусти зиндагӣ ва чӣ гуна тарҳрезӣ кардани онро ба кӯдакон меомӯзонад. Аз ин хотир, мекӯшем, муддати кӯтоҳ ҳам бошад, кӯдакон ба риояи реҷаи рӯз одат намоянд ва оянда риояи реҷа кори доимиашон дар давоми зиндагӣ шавад, – иброз медорад ҳамсуҳбатам.
Давоми рӯз кӯдакон ба шуғлҳои гуногун пайваст шуда, аз бозиҳои шавқовар тафреҳгарони наврас рӯҳан ва ҷисман солиму бардам мегарданд. Субҳи онҳо дар соати муайян аз машқи пагоҳирӯзӣ оғоз ёфта, дар давоми рӯз чор маротиба аз хӯроки гарму серғизо, хӯришҳо аз сабзавоти тару тоза ва нӯшобаю меваҳо тановул менамоянд. Машғулияту маҳфилҳои эҷодӣ ва варзишӣ рӯзҳои истироҳаташонро рангинтару хотирмон месозад.
Бозгашт ба замони наврасӣ
Мавзуна Иброҳимова, донишҷӯи факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли сеюм аст, ки пас аз хотима ёфтани дарсҳои донишгоҳӣ ҳамчун мураббӣ ба истироҳатгоҳи «Меҳнат» ба кор меояд.
– Дар ҳар гӯшаи ин макон хотираҳои замони наврасиам нуҳуфтаанд. Ин ҷой барои ман ошност ва аз ин хотир, ҳар тобистон вақти худро зоеъ накарда, ба ин ҷо меоям. Агарчи бо кӯдакон сарукор доштан хеле мушкил аст, ҳар рӯзам шавқовар мегузарад. Зиёда аз 30 кӯдак, ки дар гурӯҳанд, аз минтақаҳои гуногуни кишвар мебошанд ва ҳар яке дорои хислатҳои бо худ хосанд. Танҳо бо муошират ва муносибати хуб метавон байни онҳо риштаи дӯстиро устувор кард.
Суруд мехонанд, байтбараку чистонгӯӣ карда, ғолибонро муайян менамоем. Дар ин ҷо маҳфилҳо бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ хеле завқовар гузашта, ҳар кӯдак хоҳиши ширкат дар онро дорад, – афзуд Мавзунабону.
Гурӯҳи духтаракони сафороста ба маҳфили навбатӣ равонаанд.
- Номи гурӯҳи мо: «Гулдухтарон!»
– Шиори мо: «Мо, гулдухтарони тоҷик, ному нишони тоҷик…»
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,
дараи Ромит
Мубодила:
Шарҳҳо










