БОЙГОНӢ

«    Август 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ДИЛАФРӮЗ Ҳунар ба мерос гирифту хушрӯзӣ ёфт

Аз ҳар боб

Дилафрӯзро сари танӯри нонпазӣ дарёфтем. Нонҳои офтобгунаи пухтаашро, ки аз лахчаи алов ранг гирифта буданд, якто-якто канда, пас аз хунук шуданашон ботартиб дар сабадҳо гузошт ва интизори мизоҷон шуд… 

-Камаш монд. Имрӯз, ки бо фармоиши маъракадорон нон пухтам, кор барвақттар хотима ёфт ва бонувони нонпаз ҳам аз пайи корҳои рӯзгорашон рафтанд. Нонҳои боқимонда низ фурсате пас намемонад, - бо табассум ишора ба сабади нон кард Дилафрӯз.

Ӯ аз рӯзгори паси сар намуда, чӣ гуна нонпази номӣ шуданаш ва аз рӯзҳои сангини нахустини ба кор пардохтану аз он лаҳзаҳои мушкиле, ки наметавонад ҳеҷ фаромӯшашон созад, қисса кард.

Дилафрӯз чун духтарони давру замони худ орзу дошт, ки таҳсилашро дар пойтахти кишвар идома дода, соҳибкасб шавад. Табиб будан мехост, то дармонбахши ҳазорон бемор гардад.

-Аммо зодмандон оиладор шуданамро авлотар донистанд. Хонаводаи шавҳар чун нонпазҳои шинохта дар ноҳияи Шаҳристон обрӯю мартаба доштанд. Ҳунар ба онҳо аз авлод ба авлод гузаштааст. Хурду калони хона вақти худро дар нонвойхона гузаронда, рӯзӣ аз нонпазӣ меёфтанд. Замони арусӣ аз нозукиҳои ҳунари нонвойӣ баҳравар гаштам. Қисмат моро аз ҳам ҷудо намуд, вале ҳунареро, ки аз он хонавода омӯхтам, бо ман монд.

Фурсате фаро расид, мебоист барои ёфтани ба истилоҳ «нони даҳон»-и ду фарзандам аз пайи шуғле шавам. Хоҳаршӯям дуртар аз хонаи падариам дукони нонпазӣ дошт ва ба хотири додарзодаҳояш розӣ шуд, то дар нонпазӣ ёвараш бошам, - сухан аз рӯзгори гузашта оғоз намуд Дилафрӯз.

Дар нонвойхона дар танӯр оташ мегиронд, хамири расидаро зувола мегирифт, гоҳе хамир ҳам мешӯрид. Бад-ин васила таҷриба андӯхт. Аз як халта камтар дар хона орд дошт, хамир кард, дар танӯри нонвойхонаи хоҳаршӯяш нон пухт. 100 дона. Дар паси дарвозаи падар фурӯхт. Минбаъд нонҳои пухтаашро ба чойхонаю ошхонаҳои маркази ноҳия бурда, баҳри дарёфти мизоҷ мекӯшид. Як муддат ба хотири дарёфти маблағи муайян чинифурӯшӣ ҳам кард. Маҳсулоти рӯзгордориро аз бозори яклухтфурӯшон арзонтар гирифта, дар деҳаҳои дурдаст мефурӯхт. Ба ин васила каме маблағ пасандоз намуд, то ҳадафи ниҳоияшро, ки рушди тиҷорат ва соҳиби коргоҳи нонпазӣ шудан буд, амалӣ созад.

Ёдовар шуд, ки аз овони наврасӣ ба иқтисодиёт шавқу рағбати зиёд дошт ва роҳҳои чӣ гуна дарёфт ва истифодабарии маблағро нағз дарк мекард. Масрафкориро намеписандид ва сарфакор буд. Мушкилиҳо паси сар шуданд ва шукр мегӯяд, ки ба шарофати нонвойӣ кӯдаконаш басерӣ нон мехӯранд.

Дилафрӯз аз мушкилиҳо наҳаросида, устуворона ба пайроҳаи пурпечутоби зиндагӣ гом ниҳод. Ниҳоят ба ҳадаф расид. Дар ноҳияи Шаҳристон аввалин шуда байни соҳибкорзанон аз ҳисоби маблағҳои пасандозаш нонвойхона фаъол намуд. Бо ҳунар номвар гашта, оҳиста-оҳиста завқмандони ҳунарро гирд овард.

-Бонувоне, ки нияти шуғл варзидан ба тиҷорату соҳибкорӣ доранд, дар мавриди таҳияи дукони нонпазӣ аз ман маслиҳат мепурсанд. Сараввал мебоист ҳунари нонпазиро омӯхт, зеро корфармо бояд кордон бошад ва тавонад ба дигарон низ ҳунар омӯзонад. Бале, занон ҳунари пухтани нонро доранд, вале тарзи омода намудани нони нонвой аз нону кулчаҳои маъмулӣ тафовут дорад. Аз ин хотир, ба аксари ҳавасмандони касб тавсия медиҳам, то муддате шогирди бонувони нонвой бошанд, - гуфт бонуи ҳунар.

Хуб аст, ки бонувон андешаи саҳме дар буҷети хонавода ва ҳам кишвар гузоштанро доранд. Онҳоро дастгирӣ мебояд. Ҳунари нонпазӣ на танҳо файзи дастархони ҳар ҳунарманди нонпаз аст, инчунин чанд нафареро метавон соҳиби кор ва ризқу рӯзӣ гардонд. Занҳои ниёзманд зиёд буданд, ки баъди шогирдӣ дар нонвой роҳи соҳибкориро пеша кардаанд. Алҳол чанде аз онҳо дукондор анд ва луқмаи ҳалол аз пушти заҳмати хеш мехӯранд.

Имрӯзҳо дар нонвойи Дилафрӯз Мустафоқулова ҳар рӯз дар ду баст 15 бону на кам аз 10 халта ордро нон пухта, пешкаши харидорон менамояд. Қаноатманд аз кору рӯзии худ аст. Мегӯяд, ки рӯзгор барояш душвориҳои зиёдеро пеш овард, вале ӯ бар рағми онҳо қотеъона истодагарӣ намуд. Агарчи табиб шуданро дар дил парвариду хоҳишаш амалӣ нагашт, духтараш Юлдуз бо интихоби пешаи пизишкӣ модарро ба орзу расонд.


Писараш Насим «зери қанот»-и модар истода, дар рушди тиҷорат ва соҳибкорӣ ёрӣ мерасонанд. Насим дар гӯшаи ҳавлие, ки замони кӯдакӣ иҷоранишинашон буданду имрӯз хонаи шахсиашон аст, коргоҳи хурди истеҳсоли дару тирезаҳои пластикиро роҳандозӣ намудааст.

-Дар интихоби пеша ба ҳаваси дили фарзандон гӯш додам. Яке табиб гашту дигаре соҳибкор. Шукр мегӯям, ки бо маром ба осудагии хонаводагӣ расидам. Мартабаи наберадорӣ ҳам насиб гашт. Хушнуд аз онам, ки файзу баракат ва хушрӯзиҳо пайи ҳам дарамро мекӯбанд…

Ният дорам, ки шеваи корамро ба дигар бонувони ҳавасманд омӯзонам. Онҳоро аз гӯшаҳои деҳу рустоҳои дурдасти ноҳия гирд орам. Роҳандозӣ намудани фаъолияти коргоҳи хурди пухтупази шириниҳо ва дӯкончаҳои ғизоҳои тезтайёр дар маркази ноҳияро дар як гӯшаи хаёл тарҳрезӣ намудаам. Бар он боварам, ки аз ҳунари сайқалёфтаи меросӣ рӯзгорам обуранги тоза хоҳад гирифт, - афзуд дар интиҳо Дилафрӯзбону.

Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,

Душанбе – Шаҳристон – Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2026_small_.pdf [3.32 Mb] (зеркашиҳо: 18)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон