БОЙГОНӢ

«    Август 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дурри мақсудро соҳиб шуд

Аз ҳар боб

Муҳимтарин тадбир дар кори таълиму тарбияи насли наврас дар вуҷуди маъсуми кӯдакон бедор намудани меҳру муҳаббат ба китобу китобхонӣ, дар замири қалби онҳо боз ҳам амиқтару васеътар мақом додани муҳаббати самимӣ ба китоб, ба дурдонаҳои назми тоҷик аст.

Хосият Ҷабборова аз ҳамин қабил бонувон аст, ки бо саъю талоши пайвастаи худ дар замири фарзандони худ чунин муҳаббатро мунаввар сохт. Вақти ба ноҳияи Деваштич, ба хотири омода намудани мавод ба озмуни маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» сафар доштам, огоҳ шудам, ки омӯзгори асил, донандаи хуби ашъори тоҷик, модари ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», омӯзгори фанни биология фарзандаш Райҳонаро ба Озмун омода кардааст.


Райҳонаи ғолиби Озмун номбардори меодгоҳи хеш дар яке аз нигоштаҳояш мегӯяд: «Модарон муаллимони фариштаҳои осмонӣ буда, суханашон сеҳрнок аст, ки вуҷуди касро ҳаловату таскин мебахшад». Ҳини суҳбат дарёфтам, ки муаллим барои тарбияи гулдухтараш аз тамоми имкониятҳо истифода бурда тавонист, ки фарзандаш як қуллаи бузургро бо сарбаландӣ фатҳ намояд.


Хосият Ҷабборова модари ғамхору устоди беназир аст. Ӯ 19-уми апрели соли 1990 дар деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1997 қадами нахустини худро ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 гузошта, соли 2008 онро бо баҳои хубу аъло хатм кард ва ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба факултаи биология дохил шуд. Азбаски меҳру муҳаббаташ ба ин соҳа хеле зиёд буд, пайваста мутолаа мекард, бештар мехонд, то ин ки аз сирру асрори ин фан огоҳ бошад.


Соли 2013 дар дабистоне, ки муҳассили ҳамин даргоҳ буд, дар иҳотаи меҳру муҳаббати устодони худ фаъолияти омӯзгориро оғоз бахшид. Муаллими ҷавон пайваста дар такопӯ буд. Дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзид ва хеле масъулиятшинос низ буд. Кордонию истодагарии ин бонуи соҳибкасб аз назари масъулин пинҳон намонд. Ӯро соли 2022 муовини директор оид ба тарбия таъин карданд.


Соли 2023 Хосият дар озмуни вилоятии «Кадбонуи беҳтарин» ширкат варзида, маҳорати пазандагии худро манзур намуд. Маҳсулоти омоданамудаи ин бонуи сариштакор ва ҳамроҳонаш аз ҷониби ҳакамон баҳои баланд гирифта, ӯро сазовори ҷойи сеюм донистанд ва бо ифтихорнома ва туҳфаи хотиравии раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода сарфароз намуданд.


Соли 2024 дар дави миллии ноҳиявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гашт. Тӯли фаъолият мекӯшад, ки шогирдони беҳтаринро тарбия намуда, онҳоро ба олами табиат ворид созад. Дар вуҷуди шогирдон меҳру муҳаббат ба олами наботот, замин ва табиатро бедор созад.


Имрӯз чандин нафар шогирдони беҳтаринаш дар олимпиадаву озмунҳо ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро сазовор шудаанд. Онҳо дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» низ зинаҳои намоёнро фатҳ намудаанд.


Аз соли 2024 оғоз карда фарзандаш Райҳона барои ширкат дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷаҳду талош намуд. Тасмим гирифт, ки барои зафарёб шудан талош варзад. Дар ҳақиқат иродаи мустаҳкам, қалби саршори ишқу муҳаббат ба олами шеър буд, ки соли 2025 ӯ дар ин ҷода муваффақ гашта, парчамбардор, номбардори оила, диёри овозадораш, дабистони илмпарвараш гардид…


Амалу заҳматҳои пурсамари Хосият Ҷабборова аз тарафи роҳбарони ноҳия борҳо қадр шудаанд. Ӯ хеле ифтихорманд аст, ки соли 2026 барои омода намудани фарзандаш ба Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо нишони «Маърифатпарвар» аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.


Имрӯз бону Хосият фарзанди дигари худро ба ин озмуни бонуфуз омода намуда, исбот карданист, ки дониш дарёи беохир буда, каси соҳибилм шиновари асилро мемонад ва метавонад бо заҳмат дурри мақсудро дарёб намояд.


                                                                           Гулҷаҳон МАХКАМОВА,

                                                                              ноҳияи Деваштич

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2026_small_.pdf [3.32 Mb] (зеркашиҳо: 18)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон