БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Васоити техникии муосирро чӣ тавр дуруст истифода барем?

Аз ҳар боб

Тадқиқот ва мақолаҳо оид ба зарари барзиёди истифодаи гаҷетҳо (дастгоҳҳои техникии мусоир барои роҳат кардани зиндагӣ)  аз ҷониби кӯдакон зиёданд. Аммо дар бораи таъсири онҳо ба калонсолон, хосса волидон маълумоти хеле кам мавҷуд аст. Падару модар агар аз ин василаҳои электронӣ барзиёд истифода баранд, ба фарзандон намунаи баде хоҳанд буд. Пурсише, ки соли 2016 гузаронда шуд, нишон дод, ки волидони талабагон рӯзе то нуҳ соати хешро назди экранҳои телефони мобилӣ, тамошои телевизор ва бозиҳои видеоӣ мегузаронанд. Эҳтимол меравад, ки ин нишондод ҳоло боло рафтааст.

Волидон аз инҳо нигаронанд:

         Майли зиёд доштан ба гаҷетҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба рафтори кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад;

         Бо ин сабаб кӯдакон наметавонанд диққатро пурра ба таҳсил равона созанд ва сатҳи дониши заифе доранд;

         Кӯдакон бар ивази муоширати мустақим бо ҳамдигар ва падару модар, анҷом додани ин корро тавассути паёмакҳо авлотар медонанд;

         Кам ҳаракат менамоянд;

         Вобастагии онҳо аз дастгоҳҳои электронӣ бештар мегардад.

Шавқи волидон ба гаҷетҳо хатарзост

Ҳавасмандиҳо ба телефони мобилӣ на танҳо ба кӯдак, балки ба падару модарон низ мушкилиҳоро пеш меорад. Падару модароне, ки соатҳои зиёд бо телефон гуфтугӯ мекунанд, бо зиёдшавии вазни бадан, харобгардии реҷаи хоб,  сустшавии биноиш ва дарди бошиддати сару гардан дучор омада, дар муносибат бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд.  

Ба ин тариқ, муносибати падару модар бо фарзандон халал меёбад. Волидон  ба ҷойи оне, ки ба суханони фарзанди худ гӯш диҳанд, бо телефонҳои худ  банду андармон, аз тарбияи фарзандон дур мегарданд. Ба ин тариқ, ягонагии оила ва робитаи мустаҳками фарзанд бо волидон фурӯ мерезад. Агар шумо хоҳед, ки бо фарзандони худ наздик  бошед, телефонҳоро  бояд як сӯ гузоред.  

Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, волидоне, ки вақти барзиёдро ба истифодаи гаҷетҳо сарф мекунанд, намекӯшанд, ки фарзандони худро дар ин кор маҳдуд намоянд. Дар ин ҳолат кӯдакро бовар кунондан душвор аст, ки бозиҳои видеоӣ ва истифодаи телефонро мебояд қатъ кард. Агар чунин одат  аз 10 – 13-солагӣ оғоз ёфта бошад, дар синни калонсолӣ ҳам аз он дур кардани шахс душвор хоҳад буд.

Бояд гуфт, ки айёми то наврасӣ ва наврасӣ як давраи муҳимест, ки ба солимии равонӣ ва ҷисмонии кас якумрӣ замина мегузорад. Ҳар чизе, ки  дар ин давра ба амал меояд, умри тулонӣ хоҳад дошт.

Чӣ бояд кард?

Манъи истифодаи дастгоҳҳои рақамӣ, ё дар хона пайваста хомӯш кардани мавҷи интернетии Wi-Fi суде надорад. Муҳим аст, ки ба фарзандон барои муносибати дуруст доштан бо гаҷетҳо кумак намоед. Барои ба ҳадаф расидан бояд аз худ оғоз кунед, ки барои фарзандон чӣ намунае мегардед.

Барои истифодаи дастгоҳҳои электронӣ дар манзили худ қоидаҳои қатъиро ҷорӣ намоед. 

Қоидаҳо ба ҳамаи аъзоёни оила бояд якзайл бошанд. Масалан, дар мошин ягон смартфон набояд истифода шавад, ҳатто агар мусофир ҳам бошед, набояд аз он истифода баред.

Дар як вақт сомон додани чанд вазифаро пурра аз байн баред, масалан, вақти тамошои телевизор аз навиштани паёмак, ё вақти суҳбат бо нафаре аз варақ задани саҳфаҳои иҷтимоӣ даст кашед.

 Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, чунин ҳолат барои тамаркузии хотира ва маҳсулнокии фаъолият таъсири баде мерасонад.

Сари дастурхон истифодаи телефоҳоро манъ кунед.

Наҳорӣ, ғизои нисфирӯзӣ ва шом бояд сарҷамъ бо хонавода ва муошират байни онҳо сурат гирад. Чунин вақти пурқимат на барои хомӯшона хоидани ғизо ва сар набардоштан аз рӯи телефон аст. Ҳатто агар фарзанд танҳо хӯрок хӯрдан хоҳад, набояд ба ӯ иҷозат дод, ки ҳангоми тановули ғизо ба экрани телефон нигарад.

Нақшаи машғулиятҳои фаъоли оилавиро тартиб диҳед.

Анъанаи фаъолияти якҷояро дар оила ба одати доимӣ табдил диҳед, ки бидуни истифодаи гаҷетҳо сурат гирад. Масалан, шабона доир намудани бозиҳои рӯимизӣ,  китобхонӣ, дар рӯзҳои истироҳат ба сайру саёҳат баромадан ва ғайра.

Аз одатҳои худ андеша кунед.

Агар шумо бидуни телефон наметавонед бо фарзандон вақт гузаронед  ва мисли чизеро гумкардаед, намунаи неке барои фарзандон нахоҳед буд. Ба рафтори худ диққат диҳед, ки давоми рӯз чӣ қадар вақтро ба истифодаи гаҷетҳо масраф месозед - бикӯшед, ки ислоҳ шавед.

Манъи муваққатии истифодаи смартфонҳо

 Агар Шумо чизеро тағйир дода натавонед, метавонед як вақти муайянеро дар оила ҷорӣ намоеду ҳама намуди гаҷетҳоро хомӯш созед.  Ба касе аз хонавода иҷозат надиҳед, ки онҳоро давоми тамоми рӯз истифода баранд. Шояд ҳафтаҳо метавонед чунин усулро ба кор баред. Дар ҳар сурат, он танҳо ба манфиати хонавода хоҳад буд.

Ва дар хотир доред, ки муваффақият танҳо аз шумо вобаста аст, яъне қоидаҳои муқарраркардаро то чӣ андоза риоя менамоед. Агар шумо дарк созед, ки худ қурбонии воситаҳои рақамӣ гаштеду ҳар дақиқаву ҳар сония телефонро аз назар мегузаронеду аз шабакаҳои иҷтимоӣ наметавонед берун оед, бояд ба равоншинос муроҷиат кунед. Муҳим ба фарзанд нишон медиҳед, ки мушкили худро дарк кардаед ва барои ҳалли он чораҳо меандешед.

 М. Балаҷонова

         

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2024_small.pdf [4.23 Mb] (зеркашиҳо: 40)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон