БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дар тобистон кадом ранги либос авлотар аст?

Аз ҳар боб

Дар тобистон либосҳои шинаму бароҳатро бо рангҳои мувофиқ интихоб кардан зарур аст.  Муҳим нест, ки либоси шумо гаронарзиш ва аз брендҳои машҳури дунё бошад, муҳим он, ки либос пахтагӣ бошаду баданро аз гармӣ эмин нигоҳ дорад. 

Олимони ҷопонӣ барои истифодаи рангҳои мувофиқ дар фасли гармо тадқиқоте гузаронданд. Онҳо ба манекенҳо пироҳанҳои ранги гуногундоштаро пӯшонда, зери офтоб гузоштанд. Пас, ба хулосе омаданд, ки либоси сафедранг дар тобистон мувофиқтарин аст, зеро он баданро метавонад салқин нигоҳ медорад. Ранги сиёҳ баръакси ранги сафед буда, гармиро ба худ мегирад. 

Муайян карданд, ки ҳарорати сатҳи куртаи сафед тақрибан 30 дараҷа гарм буда, ҳарорати куртаи сиёҳ беш аз 50 дараҷа гармиро ба худ мегирифтааст!  Рангҳои обӣ,  хокистарӣ, зард, гулобӣ ва сурх низ барои нигоҳ доштани ҳарорати муътадил дар фасли гармо тавсия дода мешавад.

 

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки матоъҳое, ки аз нахҳои  табиӣ (катон, пахта, бамбук) омода шудаанд, беҳтарин интихоб дар  фасли гармо мебошанд. Дар ин гуна либосҳо шумо  гармиро кам  эҳсос карда, ба саломатии худ зиён намеоред.  

Ҳамчунин  ҳангоми интихоби либос дар бозор ё мағозаҳо ба таркиби матоъи он диққат диҳед, ки аз чӣ омода шудааст. Шумо метавонед ин маълумотҳоро аз  тамғакоғази либос фаҳмед, ки аз кадом нах тайёр гардидааст.

 

  Инчунин, дар  тобистон либоси васеъ ва сабук ба нафъи кор буда, либоси танг тавсия дода намешавад. Ин гуна либос ҳаворо хуб намегузаронад ва боиси арақ намудани бадан мегардад.

Дар ин фасл мудшиносон ба  бонувон домани дарози атласии сабукро (юбка) бо куртаи катонӣ, ё пахтагии оддии сафед бо остинҳои кутоҳ ё дароз тавсия медиҳанд.

Бояд гуфт, ки либосҳои синтетикӣ ҳолати пӯсти баданро бад намуда, боиси пайдо гардидани ҳар гуна бемориҳои пӯст мегарданд.

 

                                                                                        Ф. ВОСЕЕВА     

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон