БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Аз тиҷорат ба истеҳсолот

Аз ҳар боб

Беш аз бист сол боз ба тиҷорати молу маҳсулот, бахусус тиҷорати пойафзол машғул аст. Агар гӯем, ки ба кор андохтани коргоҳ тасмими бистсолаи Муҳаммадюсуф Ятимов аст, хато намекунем, зеро дар ин давра дар баробари роҳандозӣ намудани тиҷорат ва таъмини бозори кишвар бо пойафзол, ҳамчунин, бо чандин корхонаҳои пойафзолбарории кишвари Чин ҳамкорӣ дошт. Ҳадаф аз ҳамкорӣ на танҳо бо нархҳои дастрас ворид намудани пойафзол ба бозори ватанӣ, балки омӯхтани таҷрибаи кори пойафзолдӯзҳои чинӣ ҳам буд. Муҳаммадюсуф барои равнақи кор забони чинӣ омӯхт, ки имрӯз дар ҷараёни фаъолият ба тарҷумон ниёз надорад. Забонро, ки омӯхт, сирри кор ҳам барояш ошкор шуду коргоҳи пойафзолро ба кор андохт.

Муҳаммадюсуф бо мақсади бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолии деҳоти гирду атрофи коргоҳ чунин тасмимро роҳандозӣ намуд. Корхона дар ҳудуди 30 садяк замин дар ноҳияи Рӯдакӣ бино ёфта, бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-уми октябри соли 2023 мавриди истифода қарор гирифт, - мегӯяд Ҷӯраалӣ Тоҳиров, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарҷамъ».

Муассиси коргоҳ бо беш аз 10 корхонаи машҳури пойафзолбарории кишвари Чин ҳамкории ногусастаниро роҳандозӣ намудааст, ки дар асоси шартномаи тарафайн ашёи хом, қолаби пойафзолҳои бачагонаю духтарона, мӯза ва дигар таҷҳизоти заруриро дастрас менамояд.

 Аксар ҷавонон набудани ҷойи кор ва паст будани сатҳи иқтисоди кишварро баҳона карда, муҳоҷиратро авлотар медонанд. Таъсис ва ба фаъолият пардохтани корхонаҳо аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон дар ҳар гӯшаи Ватан сол аз сол афзуда истодааст, вале бештарашон мушкили ҷалби коргарро доранд.

Ҳоло 48 адад мошини пойафзолдӯзӣ барои истифода муҳайёст, вале коргари соҳибҳунар нест. Онҳое, ки меоянд, танҳо мошинҳои дарздӯзиро истифода бурда метавонанду халос. Дӯхти пойафзол аз либос тафовути зиёд дорад. Яъне, барои омода намудани мутахассис вақт ва маблағ даркор аст. Аз ин хотир, муассис талош дорад, аз миёни беҳтарин дӯзандаҳо пойафзолдӯзҳоро барои равнақи кор тайёр намояд. Нафарони навкор ва ҳам шогирдон бо маош ва ду вақт бо хӯроки гарм таъмин мебошанд. Алҳол, ҳар моҳ 1000 сомонӣ маош муайян шудааст ва бо афзудани ҳаҷми истеҳсолот болоравии ҳаққи заҳмати коргарон дар назар аст, - иброз медорад ҳамсуҳбатам.

Алҳол дар коргоҳ беш аз 50 нафар ба кор ҷалб шудааст, ки аксар бонувон мебошанд. Ба гуфтаи директори ҶДММ «Сарҷамъ», корхона имкон дорад то 200 нафарро бо кор таъмин созад. Роҳбари корхона аз надоштани коргарони доимӣ изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд, ки бо муҳайё сохтани тамоми шароити корӣ бонувон бо сабабҳои монеъшавии мардони хонавода тарки пеша менамоянд. Ҳатто хона ба хона гаштану бо сардорони оилаҳо суҳбат намудану онҳоро ба корхона даъват кардан ҳам натиҷа набахшид.

Ҳамчунин, муассиси корхона омодааст, нафароне, ки берун аз ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ ва хоҳиши ба кор шуруъ намуданро дар ҶДММ «Сарҷамъ» доранд, бо нақлиёти доимӣ таъмин намояд.

Ба иқрори Ҷӯраалӣ Тоҳиров, маҳсулоти корхона бо бренди «Сарҷамъ» аллакай дар бозору мағозаҳои пойафзолфурӯшии шаҳру навоҳии атрофи пойтахт ба харидорон пешниҳод гардидааст. Агарчи дар асоси қоидаҳои иқтисодӣ мақсад аз тиҷорат ё соҳибкорӣ ба даст овардани фоида бошад ҳам, ҳадафи муассис ҳарчи зудтар зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва роҳ ёфтан ба бозорҳои кишвар мебошад.

 Дар як моҳ ҳаҷми истеҳсоли пойафзол то ба 30 ҳазор адад мерасад, мутаассифона, то имрӯз пойафзолҳои истеҳсолнамуда, ки дар бозору мағозаҳо ба фурӯш гузошта шудаанд, кам харид мешаванд. Нархгузорӣ ба маҳсулот ҳам нисбат ба дигар пойафзолҳои аз хориҷ воридшуда арзонтар аст. Бархе аз фурӯшандагон маҳсулотро бо нархи арзон аз корхонаи «Сарҷамъ» дастрас менамоянду бо нархи гарон пешкаши харидор мекунанд, ки хуб нест.

Мардум ба маҳсулоти ватанӣ чандон таваҷҷуҳ надоранд ва ба ин соҳа бо шубҳа менигаранд. Сабаби нобоварии харидор ба маҳсулоти маҳаллӣ ин ҳанӯз истифода нашудани маҳсулот аз ҷониби истифодабарандагон ва огаҳӣ надоштан аз сифати он мебошад. Масалан, ҷӯроби истеҳсоли фабрикаи ҷӯроббарории ноҳияи Ёвон аллакай бо адади зиёд дар бозору мағозаҳои кишвар харидорӣ мегардад, чунки аҳолӣ аз он истифода бурда, бо сифаташ ошност, - иброз медорад Ҷӯраалӣ Тоҳиров.

Муассис мегӯяд, ки сабаби таъсис додани корхона ҳамватанонро барои аз худ намудани касбе талқин кардан аст, то онҳо тавонанд касбе дошта бошанд.

 Ин хизмат ё масъулияти шаҳрвандиам барои ободии диёр ва соҳибкасб шудани ҳаммиллатон мебошад. Тавассути ҳар як коргоҳи дар Ватан фаъолиятдошта, агар даҳҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шаванд, номи «муҳоҷир» аз байн бардошта мешавад, - мегӯяд ӯ.

Дастоварди ҳар соҳибкор маҳсулоти ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ истеҳсолнамудаи корхона мебошад. Умед аст, ки дар баробари саҳм гузоштан дар ободии кишвар, ҳамчунин, маҳсулоти корхонаи «Сарҷамъ» миёни брендҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ мегардад.

Қутбия ЗИКРИЛЛОЕВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон